Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми зиндони се сокини Хатлон барои таблиғи ҲНИТ


Додгоҳи вилояти Хатлон се сокини ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадониро барои, ба гуфтаи мақомот, "таблиғи ақидаҳои ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон" аз 7 то 10 сол равонаи зиндон кардааст.

Додгоҳи Хатлон се сокини ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадониро барои, ба гуфтаи мақомот, “таблиғи ақидаҳои ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон” аз 7 то 10 сол равонаи зиндон кардааст. Ин ҳукм ҳафтае пеш содир шуда, аммо ҷузъиёташ рӯзи 13 июл ба Озодӣ дастрас шуд.

Азизи Назирбек – қозии парванда – дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, Зокир Қурбонов ба 10 сол, Исмон Сангинмадов ва Фаррух Нозимов ба 7-солии зиндон маҳкум шудаанд. “Додгоҳ расман ҳамаи онҳоро бар асоси моддаи марбут ба “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ” муҷрим шинохт,” – афзуд ӯ.

Мусоҳиби мо гуфт, се сокини ноҳияи Фархор ва Ҳамадонии Хатлон моҳи апрели соли ҷорӣ ба далели таблиғи ақидаҳои ҲНИТ ва паҳни навори ҷаласааш дар хориҷи кишвар боздошт шуда буданд. Давоми ду моҳи охир бори дувум аст, ки додгоҳи Хатлон барои таблиғи ғояҳои ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ ҳукм содир мекунад.

Охирҳои моҳи гузашта ҳамин додгоҳ сокини ноҳияи Ёвон Даврон Акбаровро барои таблиғи ғояҳои ҲНИТ ба панҷ соли зиндон маҳкум карда буд. То ҳол наздикони ин афрод ва ё вакилони дифоашон дар бораи ин қазияҳо суҳбат накарданд ва бинобар ин мавқеи ҷониби дигар барои мо рӯшан нест.

Ин афрод дар ҳоле барои таблиғи ғояҳои ҲНИТ боздошту зиндонӣ мешаванд, ки ба қаблан Муҳиддин Кабирӣ гуфта буд, ҳеҷ кас ё гурӯҳ дар дохили кишвар ҳаққи аз номи ин ин ҳизб фаъолият карданро надорад.

Баъд аз ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015, ки аз ду тараф 40 кушта бар ҷой гузошт, Додситонии кулл Ҳизби наҳзати исломиро ҳидоятгар ва тарҳрези ин ошӯб номида ва аз додгоҳ хост, ки фаъолияташро мамнӯъ кунад. Додгоҳи олӣ низ ҳизбро созмони террористӣ номида фаъолияташро мамнӯъ кард ва 14 узви раёсати ҳизб низ дар ҳамон моҳ дастгир ва як моҳи пеш ҳукмашон эълон шуд. Бар асоси ин ҳукм Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳаит, муовинони раиси ҳизб ба зиндони якумрӣ ва 12 узви дигари раёсати ҳизб аз 2 то ба 28 соли зиндон маҳкум шуданд.

Аксари онҳо бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи ҷиноӣ, барангехтани адовати милливу нажодиву мазҳабӣ, қатлу терорризм, талош барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ, нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ ва ошӯби мусаллаҳона гунаҳкор дониста шудаанд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон аст, ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, ошӯб танҳо баҳонае барои бастани ягона ҳизби исломӣ дар Осиёи Марказӣ буду бас.

XS
SM
MD
LG