Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кунҷи зиндон - ба ҷои "хилофат". Ҳукми ду ҷавони хатлонӣ


Мирзоалӣ Мустаев.

Мирзоалӣ Мустаев.

Ду сокини вилояти Хатлон дар ин ҳафта бо ҷурми қасди сафар ба Сурия ва пайвастан ба сафи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба 12 ва 14 соли зиндон маҳкум шуданд.

Дар як ҳафтаи ахир ду сокини вилояти Хатлон аз ноҳияҳои Вахшу Бохтар бо ҷурми қасди пайвастан ба гурӯҳи тундрави "Давлати иcломӣ" ба 12 ва 14 соли зиндон маҳкум шуданд. Мирзоалӣ Мустаев, сокини 28-солаи деҳаи Ҳосилободи ноҳияи Вахшро ба 12 соли зиндон ва Фарҳод Шамсови 35-сола, сокини ҷамоати деҳоти меҳнатободи деҳаи Элтии ноҳияи Бохтарро ба 14 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардаанд.

Мирзоалӣ Мустаев, сокини 28-солаи деҳаи Ҳосилободи ноҳияи Вахш, ки дар шаҳри Маскав кор мекардааст, 28 декабри соли 2015 бо даъвати амакаш Ҳусейн Мустаев, ки онҳоро Раҳмиддин Шоев, як ҷавони тоҷик ба Туркия ҷалб кардааст, барои расидан ба Сурия ба Истамбули Туркия парвоз кардаанд.

Мирзоалӣ Мустаев дар ҷараёни бозпурсӣ ба додситонҳо гуфтааст, ки амакаш Ҳусейн Мустаев пеш аз сафар ба Сурия ваъдаи пули зиёдро гирифта буд, аммо дар Туркия ин пулро соҳиб нашуд ва баъди ду рӯз ба Маскав бозпас гашт. Вале худи Мирзоалӣ дар марзи Сурия боздошт ва ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Ҳусейн Мустаев, амаки Мирзоалӣ ҳоло дар як шаҳри Русия кор мекунад.

Ба гуфтаи мақомоти додситонии ноҳияи Вахш, Мирзоалӣ ва амакашро дар Туркия як ҷавони тоҷик бо лақаби "Нурик" 3 рӯз меҳмондорӣ карда, сипас роҳии Сурия кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Мирзоалӣ Мустаевро тибқи моддаи 32, қисми 3 ва моддаи 401, нишонаи як Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне сӯиқасди ҷиноят ва қасди ширкат амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо гунаҳкор шинохт ва барои 12 сол равонаи зиндони низомаш сангин намуд.

Мирзоалӣ Мустаев, ки як фарзанд дорад, аз кардааш пушаймонӣ кардааст.

Тибқи иттилои расмӣ, 15 сокини ноҳияи Вахш ҳоли ҳозир шомили "Давлати исломӣ" буда, дар Сурия қарор доранд. Дар миёни онҳо занону кӯдакони ноболиғ низ ҳастанд.

Аз додситонии ноҳияи Бохтар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Фарҳод Шамсови 35-сола, сокини ҷамоати деҳоти меҳнатободи деҳаи Элти, ки соли 2014 ба муҳоҷират ба вилояти Свердлови Русия рафта буд, моҳи июни соли 2015 бо даъвати писари тағояш Саидмаҳмуд Шамосв, ки дар Сурия будааст, тариқи шабакаҳои иҷтимоии "ВотсАпп"ва "Зелло" наворҳои даъватиро тамошо карда, қасди сафар ба Сурияро кардааст.

Фарҳод Шамсов 12 августи соли 2015 ба Туркия рафт, аммо онҷо боздошт шуда, ба намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Туркия супурда шудааст.

Фарҳод Шамсов, ки 3 фарзанди ноболиғ дорад, низ тибқи моддаҳои 32, қисми 3, 401, нишонаи яки Кодекси ҷиноии кишвар, яъне сӯиқасди ҷиноят дар иштироки ғайриқонунии шаҳрвандон ва қасди ширкат амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо гунаҳкор шинохта шуд ва бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Бохтар барои 14 сол равонаи зиндони низомаш сангин шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳудуди 30 сокини ноҳияи Бохтар низ дар Сурия буда, то имрӯз 8 нафари онҳо кушта шудаанд. Дар маҷмӯъ, ҳудуди 60 ҷавон аз вилояти Хатлон ба "Давлати исломӣ" пайваста, ҳудуди 30 нафари онҳо кушта шудаанд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳое аз қаламравҳои Сурия ва Ироқро ишғол ва дар сарзаминҳои таҳти тасарруфаш эълони ба ном “хилофат” кардааст. Ҷангҷӯёни ин созмон бо бархӯрди бераҳмонаи худ нисбат ба асирон ва дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асирон ном баровардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз афзоиши шумори шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба ҳисоби мақомоти Душанбе, беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба гурӯҳҳои тундрав ва асосан ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд. То имрӯз дар бораи ҳалокати ҳудуди 150 шаҳрванди тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ гузориш шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG