Пайвандҳои дастрасӣ

Мардуми оддӣ ва аҳли дин дар минтақаи Кӯлоб аксаран аз 23 сол ҳукми зиндони Собир Гиёев, маъруф ба "Мулло Собир", ки ба издивоҷ бо хонандаи синфи 7 айбдор мешуд, истиқбол мекунанд.

Ҳукми тӯлонии зиндони Собир Гиёев, маъруф ба "Мулло Собир", дар минтақаи Кӯлоб ба истиқболи мусбати мардуми оддӣ ва рӯҳониён рӯбарӯ шудааст.

Мулло Ҳайдар Шарифзода, рӯҳонии шинохта дар минтақаи Кӯлоб бо маҳкум кардани ин амали “Мулло Собир” гуфт, нафаре, ки нафси худро кушта наметавонад, набояд аз ӯ бо исми “мулло” ном бурд: “Ҳар як олими ислом пеш аз ҳама ба нафси худ бояд мубориза барад. Бубинед, ки Ҳазрати Юсуф ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо Зулайхо чӣ тавр нафсашро кушт. Агар касе илми Исломро мехонаду бо нафсаш мубориза намебарад, ҳеҷ коре назди Худованд накардааст. Лағжиши олим -лағжиши олам аст. Имрӯз мебинем, ки дар симои чанд олими беамал ислому олимони ислом бадном мешаванд. Мардуми мусалмон ҳар касе, ки аз ислом каме бохабар аст, эҳтиром мекунанд ва намунаи ибрат қарор медиҳанд. Вақте, ки чунин амалҳои бад содир мешавад, номи ислом дар назди бегонаҳо бад мешавад. ”



Додгоҳи вилояти Хатлон ахиран Собир Гиёев, маъруф ба "Мулло Собир"-ро ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Масъулони додгоҳи ноҳияи Восеъ, рӯзи чоршанбеи 25-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "додгоҳи вилояти Хатлон Собир Гиёевро дар даст доштан дар ҷинояти таҷовуз ба номуси духтари 14-сола муҷрим донист." Ҳамзамон додгоҳ модари духтарро барои шарикӣ дар ин ҷиноят ба 4 сол ва муллоеро, ки Собир Гиёев ва духтари ноболиғи 14-соларо никоҳ кардааст, шартан ба 2 соли зиндон маҳкум кард.

Додситонии минтақаи Кӯлоб алайҳи Собир Гиёев, ки бо номи Мулло Собир маъруф аст, дар моҳи майи соли ҷорӣ бо гумони издивоҷ бо як хонандаи синфи 7-ум парванда боз карда буд. Собир Гиёевро рӯзи 25-уми май кормандони шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташакаили раёсати умури дохила дар минтақаи Кӯлоб бо гумони издивоҷ бо як духтари ноболиғ, ки вақти боздошт ҳомила будааст, боздошт карданд.

Наздикони Гиёев дар ноҳияи Восеъ бо баёни ин ҳарф, ки “ба Собир коре надоранд,” аз сӯҳбат дар ин мавзӯи ба гуфтаи онҳо “ҷанҷолӣ” худдорӣ карданд.

Аксари сокинони Кӯлоб низ дар ин мавзӯъ бо як лаҳни шадид сӯҳбат мекунанд. Санавбар Каримова, як сокини Кӯлоб мегӯяд, бо шунидани ин хабар, ки “як мулло модар ва ду духтарро ба никоҳи худ даровардааст, аз ҳайрат шах шудам. Ин як хабари шуме буд, ки кошкӣ намешунидемаш. Мо ба ҷуз гирифтани гиребон ва тавба бо шунидани ин хабар коре накардаем. ”

Тафтишот мегӯяд, ки Собир Гиёев чанд сол қабл бо як зан издивоҷ мекунад ва пас аз чанд муддати зиндагии занушавҳарӣ аввал духтари калонӣ ва сипас духтари хурдии ҳамсарашро, ки хонандаи синфи 7-ум будааст, ба никоҳи худ медарорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки қонунҳои Тоҷикистон издивоҷ бо духтарони зери синни 18-ро манъ кардааст.

Қазияи "Мулло Собир" ба ҳадде сару садо кард, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар мулоқот бо рӯҳониёни кишвар қабл аз оғози моҳи Рамазони имсол бо нигаронии шадид аз мизони ҷинояткорӣ миёни рӯҳониён аз ҷумла аз аъмоли Собир Гиёеви 34-сола ёддовар шуд. Ба таъкиди раиси ҷумҳур, "Мулло Собир" бо як зан издивоҷ мекунад ва пас аз чанд муддат духтари хурдсоли ин занро, ки аз ӯ 20 сол хурд, яъне ноболиғи 14-сола буд, ба никоҳи худ даровардааст.

Ин қазия боис шуд, ки Раҳматулло Юсуфов, раиси ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ низ аз мақомаш барканор ва нисбати вай парвандаи маъмурӣ боз гардид.
Масъулони ҳукумати ноҳияи Восеъ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки "ҷаноби Юсуфов барои ҷой доштани қонуншиканӣ дар фаъолияти ҷамоати Тугарак ба чунин ҷазое сазовор дониста шудааст".

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG