Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нависандаи қиссаи пурсарусадои "Бодбаракбоз" дар сӯҳбати "Озодӣ"

Вақте дар синни 15-солагиаш Холид Ҳусейнӣ ба ИМА паноҳанда мешавад, ӯ танҳо чанд калимаи англисиро медонисту халос. Имрӯз ӯ табиб аст ва СММ ӯро сафири сулҳ номидааст. Ӯро дар як шаб қиссаи “Бодбаракбоз”-аш (“The Kite Runners”) машҳури ҷаҳон кард ва дар муддати кӯтоҳ, китоби дигари вай бо номи “Ҳазор хуршеди тобон” (“A Thousand Splendid Suns”) нашр шуд, ки ҳамоно дар миёни пурфурӯштарин китобҳо қарор дорад.

Холид Ҳусейнӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки соли 1976, ки хонаводааш Афғонистонро тарк мекунад, Кобул ҳанӯз як шаҳри пешрафтаву гуногунмиллат ва фарҳангӣ будааст. Дар интиҳои чаҳор соли кори падараш дар сафорати Афғонистон дар Париж ба ҳайси як дипломати баландпоя, нирӯҳои Шӯравӣ вориди хоки Афғонистон мешаванд ва онҳо ватани худро тарк мекунанд. Баъди фирор ба Амрико, хонаводаи Холид Ҳусейнӣ дар Калифорния муқимӣ мешавад ва дар ниҳоят, бо касби духтурӣ китоби “Бодбаракбоз”-ро менависад, ки аз рӯяш филми пурсарусадои бадеӣ бардошта шудааст. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Ҳусейнӣ дар бораи навишта шудани асари мазкур чунин нақл кард:

Ҳусейнӣ: Хуб, худи қисса тахайюлӣ аст. Ёдам аст, ки як рӯзи баҳории соли 1999 хабарҳоро гӯш мекардам ва шунидам, ки Толибон анъанаи бодбаракбозиро
манъ карданд. Ин тасмим ба дили ман ҳам корд зад, чунки ман аз хурдӣ хотираҳои хеле хубе аз бодбаракбозиҳо доштам ва бо амакбачаам зиёд бодбаракбозӣ мекардем. Баъди ин хабар ман нишастаму дар ҳаҷми 25 саҳифа як қиссаи ду писарбачаи кобулиро навиштам. Ва марти соли 2001 ман ин саҳифаҳоро аз ҷое пайдо кардаму ин китобро ба навиштан шурӯъ кардам. Ҳамингуна, як қиссаи хурде ба китобе табдил шуд, ки қиссаи “Бодбаракбоз” ном гирифт.

Озодӣ: Китоби дуюми хеле муваффақи дигари шумо “Ҳазор хуршеди тобон” дар бораи сарнавишити хеле сахти занҳои афғон қисса мекунад. Барои навиштани ин қисса чӣ сабаб шуд?

Ҳусейнӣ: Базудӣ, баъди анҷоми “Бодбаракбоз” ман аз паи иншои ин қисса шудам, чун ҳамеша медонистам, ки дар бораи занҳо мехоҳам чизе нависам. Ман соли 2003 ба Афғонистон сафар карда будам ва шоҳиди қиссаҳои дардноки зиёди занҳои афғон шудам. Мушкили хеле зиёд ба сари онҳо омадааст, онҳо аз хушунати хонаводагӣ, нобаробарӣ азият шуда, замони Толибон аз ҳуқуқи ширкат дар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ маҳрум шуданд. Ман инро як даҳшат медонам ва қиссаҳои мушаххаси занҳои азиятшуда маро ба навиштани ин қисса такон дод. Ман қарор кардам, ки ду сарнавишти мухталифро як ҷо оварда онро бо номи “Ҳазор хуршеди тобон” чоп кунам.

Озодӣ: Шумо ҳоло сафири сулҳи СММ ҳастед ва бо мушкилоти фирориҳои афғон аз наздик шинос ҳастед. Ҳоло вазъи онҳоро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Ҳусейнӣ: Фирориҳо ҳанӯз бешуморанд. Мо ҳамоно маззаи талхи ҷангҳои гуногунро мечашем. Ин давлат аз қашшоқтарин кишварҳои ғайриафриқоии ҷаҳон аст, ки аз рӯи нишондодҳои маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш дар мақоми 218-ум қарор дорад, 30 дар сади мардум зери хати фақр ба сар мебаранд. Манотиқи мухталифи Афғонистон комилан ноамн ҳастанд. Аз соли 2002 тақрибан 5,7 миллион афғон бо кӯмаки СММ аз Эрону Покистон дубора ба ватан баргаштанд, вале онҳо ба сахтӣ ба ҷомеа ва шароити кунунӣ мутобиқ мешаванд, ниёзманду нодоранд. Муддати зиёд лозим аст, ки Афғонистон ба рушди иқтисодӣ даст ёбад. Бисёриҳо ин чизро дарк мекунанд, ки масъалаи Афғонистон ҳалли низомӣ надорад. Умедворам, ки баъди анҷоми амалиёти НАТО ва нирӯҳои байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмаки худро ба Афғонистон кам намекунад.

Озодӣ: Аз Афғонистон шумо чӣ умед доред? Ояндаи якуним-ду соли наздики ин кившарро ба чӣ шакл мебинед?

Ҳусейнӣ: Дар ин муддат хушунатҳо идома хоҳанд кард. Танишҳои сиёсӣ ҳам зиёд мешавад ва кори созмонҳои башарӣ, ки имрӯз ҳам ба сахтӣ барномаҳои имдодрасонии худро пиёда мекунанд, душвор хоҳад шуд. Вале умеди ман ин аст, ки билохира ҳар фарди афғон дарк мекунад, ки ҷанг бояд хотима ёбад ва бояд ҷараёни сулҳ пойдор шавад. Ҷонибҳои мухолиф ниҳоят сари мизи гуфтугӯ нишаста, намояндагони ҳама тарафҳо аз нуқоти мухталифи кишвар сарҷамъ меоянд ва барои сулҳи кишвар, мардуми Афғонистон, боло бурдани ҳуқуқи занону кӯдакон кор хоҳанд кард.

Мусоҳибаи Кортни Брукс, радиои Озодӣ, Ню-Йорк

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG