Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадиҷа Исмоилова: "Муборизаро идома хоҳам дод"


Хадиҷа Исмоилова, рӯзноманигори бахши озарӣ Радиои Озодӣ, ки рӯзи 25-уми май аз зиндоне дар Боку раҳо шуд, мегӯяд, ки ба муборизаи худ идома хоҳад дод. Ӯ барои таҳқиқоташ роҷеъ ба даромадҳои ғайриқонунии хонаводаи президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва наздикони вай, зиндонӣ шуда буд.

Хадиҷа Исмоилова дар моҳи декабри соли 2014 боздошт шуда буд ва соли 2015 додгоҳе дар Боку ӯро ба 7,5 соли зиндон маҳкум кард. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар он замон гуфтанд, ки мақомот бо ин роҳ аз Исмоилова барои ошкор кардани мавридҳои фасодзадагии аъзои оилаи президент Илҳом Алиев қассос мегиранд ва ин боздошт ангезаи сиёсӣ дорад.

Додгоҳи олии Озарбойҷон рӯзи 25-уми май баъди бозбинӣ шудани ҳукми Исмоилова, қарор кард, ки ҳукми ӯро ба сеюним соли зиндони шартӣ табдил шавад. Ҳамин тавр, додгоҳи олӣ Исмоиловаро аз рӯи моддаҳои «азхудкунӣ» ва «сӯиистифода аз вазифа» сафед кард, вале моддаҳои “соҳибкории ғайриқонунӣ” ва “фирор аз пардохти молиёт”-ро нигоҳ дошт.

Баъд аз раҳоӣ аз зиндон дар мусоҳибае бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ӯ гуфт, ки ба муборизааш идома хоҳад дод:

Исмоилова: Кори рӯзноманигорӣ ҳамеша хатарнок аст. Зиндонӣ шудан яке аз ҳамин гуна хатарҳо мебошад, ба хусус агар рӯзноманигор бо таҳқиқ машғул шавад. Ҳар касе, ки дар роҳи рӯзноманигорӣ қадам мениҳад ва мегӯяд, ки ман рӯзноманигор мешавам, аз қадамҳои аввал бояд худро ба ин гуна хатарҳо омода созад. Чунин хатар бо ман рух дод ва ҳар рӯзноманигори дигар ҳам метавонад ба чунин таҳдиду хатарҳо рӯ ба рӯ шавад, ба хусус дар кишварҳое мисли Озарбойҷону Тоҷикистон. Дар ин кишварҳо фишору маҳдудият ба падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст.

Радиои Озодӣ: Баъд аз раҳоӣ дар рӯзҳои аввал нахустин барномаҳое, ки дар назар гирифтаед, чӣ аст, бо чӣ кор машғул хоҳед шуд?

Исмоилова: Ман бо кор машғул хоҳам шуд. Ҳар гоҳ, ки ин марҳилаи табрикоту мусоҳибаҳо ба поён расид, шояд табрикоту мусоҳибаҳо ду-се рӯзи дигар давом кунад, баъд аз он ман бо корҳои таҳқиқӣ машғул хоҳам шуд. Корҳои таҳқиқотие, ки ман оғоз карда будам, онҳоро бояд ба поён расонам. Албатта, тарҳҳои нави дигар ҳам дорам, ки дар фикрам онҳоро пазондаам.

Радиои Озодӣ: Хадиҷа, шумо баъд аз раҳоӣ эълон кардед, ки то охир, яъне то пирӯзӣ мубориза хоҳед кард. Аз чӣ роҳе ба пирузӣ расидан мумкин аст?

Исмоилова: Дар мавриди ман, бояд аз роҳи Додгоҳи Аврупо мубориза кард. Ҳоло вакилони мудофеи ман ба Додгоҳи Аврупо шикоят омода мекунанд. Мо талош хоҳем кард, ки манро комилан сафед кунанд. Гузашта аз ин, мо ба Додгоҳи олии кишвари худ шикоят мебарем. Дар марҳилаҳои аввал, ба назарам, як қисмати вақти ман ба талошҳо барои сафед кардани худ ва аз миён бардоштани ин иттиҳомот сарф хоҳад шуд.

Радиои Озодӣ: Мумкин аст маҳдудият ё фишор ба шумо дар Озарбойҷон идома ёбад. Агар чунин шавад, шумо дар кишваратон мемонед ё тасмими дигар мегиред?

Исмоилова: Ман кишвари худро барои он тарк намекунам, ки навиштаҳои ман ё гуфтаҳои ман ба касе писанд нест. Ман дар кишвари худам бо вуҷуди маҳдудияту фишор кору зиндагиамро идома медиҳам ва кори ман дар ин ҷо хеле зиёд аст. Кори рӯзноманигор дар ҳеҷ ҷо, дар ҳеҷ кишваре осон нест. Вақте, ки ин касбро интихоб мекунӣ, бояд худро ба ин мушкилиҳо ва ба ҳар гуна хатар омода созӣ.

Радиои Озодӣ: Барномаҳои ояндаатон чӣ аст?

Исмоилова: Кор, кор ва боз ҳам кор.

XS
SM
MD
LG