Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қаҳрамони як навори видеоии Озодӣ, ки мегуфт аз тамоми моли дунё танҳо орзуи як планшетро дорад, ба орзуяш расид.

Хадиҷа, қаҳрамони як навори видеоии Озодӣ, ки мегуфт аз тамоми моли дунё танҳо орзуи як планшетро дорад, ғайриинтизор ба орзуяш расид ва акнун метавонад зебоиҳои деҳкадаи худро ба навор бардорад ва бо дигарон низ дар миён гузорад.

Дар пайи нашри навори Озодӣ бо номи “Хадиҷа китобро ба белу каланд иваз кардааст”, даҳҳо хонандаи торнамои Озодӣ барои амалӣ шудани орзуи ин духтари рустоӣ пешниҳоди кумак карданд. Аммо қабл аз дигарон ширкати “Фароз” ин наврасро пайдо кард ва ба ӯ планшет тақдим намуд. Дар сомонаи ин ширкат лаҳзаҳои расидани Хадиҷа ба орзуи деринтизораш нашр шудааст.

Планшет танҳо тӯҳфаи ин ширкат ба Хадиҷа набуда, ба гуфтаи Дилором Раҳимова - намояндаи ширкати "Фароз" ба ӯ инчунин як миқдор кумакпулӣ ва китобҳои дарсӣ барои синфҳои аз 1 то 7-ро ҳам фароҳам кард, то ӯ битавонад дониш биомӯзад.

Хадиҷа, ки мебоист дар синфи 7 таҳсил кунад, то ба ҳол ба мактаб нарафтааст ва хондану навишта ҳам наметавонад. Аксари вақти ӯ бо каландзанӣ дар замин сипарӣ мешавад. То замони тақдими китобу планшет ба Хадиҷа ӯ китобу дафтар надошт ва ба ҷойи ҷузвдону ашёи дарсӣ, ҳар субҳ бо белу каланд аз хона берун мешуд.

Масъулони ширкати воридкунандаи маводи сӯзишворӣ - “Фароз” мегӯянд, ин ёрии охирини онҳо ба Хадиҷа нест ва тасмим доранд, дар арафаи ҷашни Наврӯз низ ба ёрӣ кунанд.

Ин ширкат соли 2013 ҳам дар пайи як мусоҳибаи Озодӣ бо Аврангзеби Асрориён, хонандаи синфи 11-и литсейи иқтисодии Душанбе, ки мехост дар форуми мубоҳисони ҷавони ҷаҳон дар Ирландия ширкат кунад,тамоми хароҷоти сафари Аврангзеб ва ду ҳамсабақи ӯро ба ӯҳда гирифта буд. Ҳамчунин соли 2015 ба Суннатулло Қосимов - наврасе, ки нахустин роботро дар Тоҷикистон сохтааст ва он метавонад бо 3 забон сӯҳбат кунад, 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дод.

Гузориши видеоии Озодӣ дар инҷост:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG