Пайвандҳои дастрасӣ

Хадиҷа Исмоилова: Вақте усулҳо ба ҳаёти кас табдил меёбанд


Имрӯз, 6 июн, шаш моҳ мешавад, ки журналисти Радиои Озодӣ Хадиҷа Исмоилова дар маҳбас аст. Вале ҳама чиз хеле пештар, 5 декабри соли 2014, замоне сар шуд, ки ӯро боздошт ва дар камераи якнафарӣ ҷой карданд.

Аммо пештар аз он ба вай занги ҳушдордиҳанда заданд, аммо ӯ аз қоидаҳои худ даст накашид. Сипас, ба наздиконаш таҳдидҳои бад карданд. Боз ҳам ӯ тан надод.

Хадиҷа интихоб дошт. Вай метавонист навиштан дар бораи фасоду ришватро бас кунад ва муддате сари хам дошта бошад. Ҳеч кас ӯро гунаҳкор намекард. Аммо чунин накард. Вай метавонист, аз мавзӯъҳои “ҳассос” парҳез кунад ва бо гурез аз таҳқиқи муомилаҳои найрангомези “доираҳои муайян”-и Озарбойҷон зиндагии худро беҳтар намояд. Вале чунин накард. Вай нахост, қоидаҳои журналистиро доғдор кунад.

Мақомоти озарбойҷонӣ низ бо интихобе рӯбарӯ буданд.

Оё фишор ба Хадиҷаро идома диҳанд ва таҳти танқидҳо аз хориҷ афтанд. Ё ӯро нодида гиранд ва аз чопи мақолаҳояш дар кишвар пешгирӣ намоянд, ҳарчанд Интернет ин корро дигар номумкин гардондааст? Ё шояд журналистикаи таҳқиқотии ӯро зери суол қарор диҳанд? Мушкил дар ин буд, ки ҷое барои суол боқӣ намемонд: фактҳо аён буданд.

Вақте ки дар моҳи марти соли 2012 як видеои бепарда, ки тасвирҳои маҳрамона ва ба тарви ғайриқонунӣ дастрасшудаи Хадиҷа дар Интернет пайдо шуд, рӯшан шуд, ки мақомот тасмим гирифтаанд, бо ҳар нархе ки бошад, даҳони ӯро банданд. Барои ҳимоят аз амалкардҳои ҳукумати Озарбойҷон ва нармтар кардани мавзеъгирии ҳукуматҳои хориҷӣ муздурон ё лоббистҳо киро карда шуданд. Саҳна сохта шуд.

Хадиҷа бори дигар собит кард, ки қоидаҳояш сахтанд. Вай нишасти хабарӣ баргузор кард, наворро намоиш дод ва ба ҳама гуфт, ки ҳеч кас забони ӯро баста наметавонад ва навиштанро дар бораи фасод дар кишвар идома хоҳад дод. Ҳама, вале бештар мансабдорони Озарбойҷон мехостанд, ӯ хомӯш шавад. Ҳатто доираҳои нисбатан мӯътадили сиёсӣ ва журналистӣ ӯро “мушкилофар” мешумурданд.

Хадиҷа рост мегуфт, ки ба роҳаш идома дод. Вай мақолаҳои бештареро дар бораи фасоди идорӣ дар Озарбойҷон чоп кард. “Ман медонам, ки ҳабс мешавам, -- гуфт ӯ дар моҳи октябри соли 2014. “Агар чунин шуданӣ бошад, ман омодаам.”

5-уми декабри соли 2014 полис ба манзили Хадиҷа омад ва ӯро ба идораи додситонӣ бурд. Айбнома аблаҳона буд: марде гуфтааст, ки Хадиҷа ӯро ба худкушӣ расондааст.

Вақте ин мард чунин чизеро рад кард, мақомоти Боку иттиҳомоти наверо оварданд: сриқат, соҳикории ғайриқонунӣ, надодани андоз ва сӯистифода аз мақом. Мақомот гуфтанд, дафтари Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар Боку ба ҷиноятҳои молиявӣ роҳ додааст. Ин дар ҳолест, ки дафтари мазкур дар Боку расман сабтином шудааст ва аудити он аз тарафи мақомоти озарбойҷонӣ дар соли 2012 ягон камбудӣ пайдо накард.

Ин муҳим набуд. Дафтари радио дар Боку ба таври ғайриқонунӣ рӯзи 26 декабри соли 2014 баста шуд. Муфаттишон ва полиси мусаллаҳ кормандонро дар як ҳуҷра андохтанд ва сандуқи дафтарро кофткуво карда, ҳуҷҷатҳо ва мӯҳри расмии дафтарро мусодира намуданд. Бино бар ҳукми додгоҳ ин кофтуков бахше аз тафтиши Бахши озарбойҷонии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ тибқи қонуни сармоягузории хориҷии созмонҳои ғайридавлатӣ будааст.

Кормандон баъд аз чанд соат озод карда шуданд ва қариб 20 корманд барои бозпурсӣ ба дафтари додситонӣ даъват гирифтанд. Бархе аз онҳо дигар дар Боку нестанд. Онҳое, ки мехоҳанд барои Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ гузориш диҳанд, дастмузди худро гирифта наметавонанд, зеро ҳисобҳои бонкии онҳо баста шудаанд.

Хадиҷа Исмоилова интихоби худро кард. Вай тасмим гирифт, озодии худро қурбони усулҳои қавии журналистии худ кунад. “Хоҳишмандам, аз номи ман мусолиҳа накунед. Ман инро қабул надорам.” Ин паёми ду моҳ пеши ӯ ба радио буд.

Ҳукумати Озарбойҷон ҳам интихоби худро карда буд: Бастани даҳони Хадиҷа бо ҳар нархе ки бошад ва қатъи кори дафтари Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар Боку.

Радио низ интихоби худро кард. Мо дар канори Хадиҷа ва дигар ҳамкорони озарбойҷонӣ меистем. Рӯзе мерасад, дер ё зуд ва Хадиҷа пирӯз мешавад. Вай ӯ нархи ин пирӯзиро беҳтар аз ҳам каси дигар дарк хоҳад кард. Ҷоизаҳое, ки вай дар маҳбас нишаста аз Маркази амрикоии PEN, Press Club-и Шветсия ва National Press Club-и Иёлоти Муттаҳида гирифт, ба ҳифзи тавоноии ӯ кӯмак мекунанд.

Мо, дар Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дарди Хадиҷаро хуб медонем, зеро бисёре аз ҳамкорони мо таъми онро чашидаанд ва бархе ҳам ҷони худро бохтаанд. Чунин дард бахше аз ҳаёти ҳаррӯзаи Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ аст. Бисёре аз режимҳо ва гурӯҳҳои тундрав талош кардаанд, ки даҳони Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодиро банданд, аммо ҳеч кадом натавонистаанд ва нахоҳанд тавонист.

Ненад Пеич, сардабири Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ

XS
SM
MD
LG