Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Хадиҷа аз зиндон ба берун роҳ ёфт


Номаи Хадиҷа
Номаи Хадиҷа

Хадиҷа Исмоилова-рӯзноманигори мустақил, ки бо Радиои Озодӣ низ ҳамкорӣ мекунад, иттиҳомоти нави зидди худро рад кард ва гуфт, вайро барои он боздошт кардаанд, ки дар бораи мақомоти сатҳи боло мақолаҳои таҳқиқотӣ навиштааст.

Исмоилова аз 5 декабр дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад. Сабаби ба боздоштгоҳи муваққатӣ овардан ин будааст, ки гӯё вай дар зиндон талоши худкушӣ кардааст.

Ҳоло бар зидди вай иттиҳомоти нав эълон кардаанд. Моли худ кардани моликияти давлатӣ, соҳибкории ғайриқонунӣ, пардохт накардани андоз ва суистифода аз ниру аз ҷумлаи онҳо ба шумор меравад.

Исмоилова дар бораи задубандҳои молии Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва аъзои хонаводаи вай мақолаҳои муфассал навиштааст.

Дар номае, ки аз зиндон ба берун роҳ ёфтааст ва 18 феврал дар рӯзномаи Washington Post чоп шудааст, Исмоилова мегӯяд, ки “ришвахорӣ сабаби зиндонӣ шудани ман аст, вале ришвахор режим аст, на ман”.

Агар ҷурми Исмоиловаро собит созанд, ба вай 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG