Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

САҲА озодии фаврии Хадиҷа Исмоиловаро талаб кард (ВИДЕО)


Дар Озарбойҷон мақомот ба ҳабси хабарнигори фошгӯи радиои Озодӣ Хадича Исмоилова амр карданд.

Додгоҳе дар шаҳри Боку ахиран қарор кард, ки хабарнигори маъруф ба мӯҳалти ду моҳ ба ҳабс гирифта шавад. Дар қарори додгоҳ гуфта мешавад, ки гӯё ин хабарнигор мардеро фишор овардааст, ки дар фикри худкушӣ шавад. Ин иттиҳом то 7 соли зиндонро дар назар мегирад. Дар иттиҳоми дигар хонум Исмоилова дар хиёнат ва ҷосусӣ муттаҳам мешавад. Гуноҳи ӯ ин будааст, ки дар як шабакаи иҷтимоӣ сабтҳои пинҳонии хадамоти кашфи Озарбойҷонро зидди як сиёсатмадори мухолифи давлат пахш кардааст, ки барои сиёҳ кардани сиёсатмадор мехостанд ба таври ғайриқонунӣ равобити маҳрамонаи ӯро сабт кунанд. Раҳбарияти радиои Озодӣ ва ҳам Созмони амнияту ҳамкории Аврупо қарори ҳабси хабарнигори Озодиро маҳкум карда озодшавии билофосилаи ӯро талаб карданд. Шореҳи бахши озарии радиои Озодӣ Аёз Аҳмадов мегӯяд, ҳабси Хадиҷа Исмоилова як амали аз пеш тарҳрезишуда буд. “Мақсадашон аз таҳқиоти журналистӣ боздоштани ӯ мебошад. Мо мутмаин ҳастем, ки ин амали мақомот ба кори журналистии ӯ иртиботи мустақим дорад”, гуфт Аҳмадов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ.

Хадиҷа Исмоилова дар бораи тиҷоратҳои пинҳониву сердаромади хонаводаи Алиевҳо – президент, ҳамсараш Меҳрубон ва духтаронаш Лайлову Орзу гузоришҳои таҳқиқотии ҷанҷолбарангези зиёд нашр кардааст. Гузоришҳои ӯ олудагии амиқи оилаи президент ва мақомоти дигари баландпояи Озарбойҷонро ба фасоду ришват фош кардаанд. Аёз Аҳмадов мегӯяд, корҳои таҳқиқотии Хадича Исмоилова дар радиои Озодӣ соли 2009 шурӯъ шуд ва солии 2010 вай ба шабакаи байналмилалии журналистони таҳқиқгар пайваст. “Баъди пайвастшавиаш ба ин шабака, вай аз методҳои муассиртари ошкоркунии тиҷоратҳои пинҳонии раҳбарияти Озарбойҷон истифода мекард. Ба шарофати Хадиҷа Исмоилова ҳар сол факту далелҳои нави фасод дар тиҷоратҳои бузург ошкор шудааст ва ҳоло маълум шудааст, ки тақрибан тамоми даромад аз бизнес дар кишвар дар дасти оилаи президент Илҳом Алиев тамаркуз кардааст”, мегӯяд Аҳмадов.

Аммо ҳабси думоҳаи Хадиҷа Исмоилова, ба қавли Аёз Аҳмадов, ин хабарнигорро аз фошкориҳо боз нахоҳад дошт. Ба гуфтаи ӯ, баъди он ки ду соли пеш ин занро хадамоти махсуси Озарбойҷон дар хонаи хобаш сабт карда наворро дар Интернет гузошта буданд, ӯ қавл дода буд, ки баъди ин аслан “аз роҳаш дар амри фошкориҳои қонунвайронкуниҳои хонаводаи президент даст намекашад. Онҳо метавонанд Хадиҷаро пушти панҷара нишонанд, вале шабакаи фошкунандае, ки ӯ таъсис додааст, корашро давом медиҳад”.

XS
SM
MD
LG