Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдорони раводид бо Украина дар Русия бештар шудаанд


Теъдоди шаҳрвандони Русия, ки аз ҷорӣ шудани раводид ё виза бо Украина тарафдорӣ мекунанд, аз соли 2014 то ҳол ду баробар бештар шудаанд. Ин рақам дар пайи назарсанҷии Левада-Сентр ҳосил шудааст.

Бино ба маълумоти ҷомеашиносон, дар моҳи сентябри соли 2016 38 дар сади пурсидашудаҳо хостори ин шудаанд, ки равобит бо Украина бояд мисли равобит бо давлатҳои дигар - бо марзҳои баста, раводид ва гумрук ба роҳ монда шавад. 48 дар сад аз марзҳои боз ва 8 дар сад аз иттиҳоди Русия бо Украина пуштибонӣ карданд. Моҳи марти соли 2014 дар назарсанҷӣ 10 дар сад хостори виза бо Украина ва 50 дар сад тарафдори ҳизби низоми бидуни раводид буданд.

Дар Украина, бинобар муълумоти пажуҳишгоҳи байналмилалии ҷомеашиносии Киев, моҳи сетябри соли 2016 қариб 50 дар сади пурсидашудаҳо ба тарафдории ҷорӣ шудани виза бо Русия назар доданд. Соли 2014 ин рақам 16 дар сади пурсидашудаҳоро фаро мегирифт.

Моҳи октябр порлумони Украина масъалаи зарурати ҷорӣ шудани виза бо Русияро дубора матраҳ кард. Ин масъалагузорӣ баъди иттиҳоми ҷосусӣ алайҳи Роман Сушенко, хабарнигори "Укринформ" сурат гирифт. Пештар аз ин, дар моҳи август нахуствазири Русия Дмитрий Медведев гуфт, қатъи равобити дипломатӣ бо Украинаро аз эҳтимол дур намедонад.

XS
SM
MD
LG