Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии HRW аз Ҳабибулло Сулаймонов


Ҳабибулло Сулаймонов
Ҳабибулло Сулаймонов

Имоми собиқи Ӯзбакистон дар ҷиноятҳои сангин муттаҳам мешавад. Додгоҳи таҷдиди назари Қирғизистон масъалаи истирдоди ӯро баррасӣ дорад.

Human Rights Watch ё созмони Дидбони ҳуқуқи башар аз додгоҳи таҷдиди назари Қирғизистон тақозо кард, ки собиқ имоми Ӯзбакистон Ҳабибулло Сулаймоновро ба ватанаш истирдод накунад. Рӯҳонии маъруфи ӯзбак октябри соли 2012 дар Қирғизистон бо як дархости сохторҳои ҳифзи қонуни Ӯзбакистон боздошт шуд. Моҳи декабр додситонии кулли Қирғизистон қарор кард, ки Сулаймонов бояд ба Ӯзбакистон истирдод шавад.


Тошканд ӯро дар ҷиноятҳои марбут ба тундгароиву фаъолиятҳи зиддиконститутсионӣ муттаҳам мекунад. Сулаймонов аз болои қарори истирдодаш ба додгоҳи таҷдиди назари Қирғизистон шикоят карда гуфтааст, ки мехоҳад паноҳандагии сиёсӣ бигирад. Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, ки дар сурати истирдод шудани Сулаймонов ба Ӯзбакистон вай метавонад шиканҷа шавад. Додгоҳи таҷдиди назари Қирғизистон, ки қарор буд, рӯзи 5 феврал қазияи Сулаймоновро баррасӣ кунад, ба рӯзи 12 феврал таъйин шудааст.

Моҳи декабри соли 2012 нахуст додситонии кулли Қирғизистон ва баъди он додгоҳи ноҳияи Первомайски шаҳри Бишкек бо қарори истирдоди шаҳрванди Ӯзбакистон, имоми маъруф Ҳабибулло Сулаймонов мувофиқат карданд. Баъди ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят кардани Сулаймонов, вакили дифои ӯ Тоқтогул Абдиев гуфт, “Ӯзбакистон бар пояи иттиҳомоти сохта” мехоҳад зерҳимояи ӯро бозпас гардонад. Т.Абдиев дар шарҳи ин мавзӯъ рӯзи 5 феврал дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ дар Бишкек чунин гуфт:

  • Намояндагии Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон ба додситонии кулл ва ҳамчунин додгоҳи Қирғизистон муроҷиат карда гуфтааст, ки дар сурати ба Ӯзбакистон интиқол ёфтани Сулаймонов ӯ бо шиканҷа ва ҳатто хатари марг рӯбарӯ мешавад. Дар ин нома таъкид мешавад, ки ин шахс ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба Тошканд бозпас дода шавад, вале мақомоти Қирғизистон ин дархостро нодида мегиранд. Онҳо ӯро дар ҷиноятҳои марбут ба экстремизм муттаҳам мекунанд, вале ҳеҷ як далели мушаххаси даст доштани Сулаймоновро дар ингуна ҷиноятҳо пешниҳод накардаанд, - гуфт вакили дифоъ Тоқтогул Абдиев.

Ба ҳимояи шаҳрванди Ӯзбакистон ҳамчунин Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башари Қирғизистон Турсунбек Акун ҳам садо баланд кардааст. Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, баъди соли 2005 Қирғизистон 10 шаҳрванди Ӯзбакистонро, ки мехостанд дар хоки Қирғизистон мақоми паноҳандагӣ бигиранд, истирдод кард. “Ин ҳодисаҳо ба обурӯи кишвари мо зарба мезанад . Ва ҳоло ҳам, дар сурати истирдоди Сулаймонов ба Тошканд ин ҳодиса метавонад доғи сиёҳе дар обурӯи мо шавад, чунки вазъи зиндонҳои Ӯзбакистон ба ҳамаи мо маълум аст”. Т. Акун инчунин гуфт, ки то охир тамоми талошашро ба харҷ медиҳад, то ки рӯҳонии бонуфузи фирорӣ ба Ӯзбакистон таслим нашавад.

Дар ҳоле, ки таърихи нави баргузории додгоҳи таҷдиди назари Ҳабибулло Сулаймонов ба ҳафтаи оянда таъйин шудааст, додситонии кулли Қирғизистон бовар дорад, ки иттиҳомоти ин шаҳрванди Ӯзбакистон “хеле ҷиддӣ ҳастанд”. Намояндаи ин ниҳод Қанотбек Султонов гуфт, ки Тошканд ӯро барои “ба ҳам задани тартиби ҷамъиятӣ ва амнияти кишвар” ва ҳамчунин “таҳдид ба конститутсияи Ӯзбакистон” муттаҳам карда, исмашро дар феҳрасти муттаҳамони ҷустуҷӯи байналмилалӣ додааст.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG