Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Керрӣ: "Барои муқобила бо ДОИШ ба эътилофи ҷаҳонӣ ниёз дорем"


Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико.

Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико.

Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико гуфтааст, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи гурӯҳи Давлати исломӣ кофӣ нест ва барои муқобила бо онҳо ба "эътилофе аз миллатҳо" ниёз ҳаст.

Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико дар ёддоште, ки шаби ҷумъа дар рӯзномаи Ню-Йорк Таймз нашр кард, навишт, ки ниёз ба эътилофе аз миллатҳо алайҳи гурӯҳи Давлати исломӣ мебошад ва бо чунин эътилофе ин гурӯҳ иҷоза нахоҳад ёфт то ба кишварҳои дигар интиқол ёбад.

Вазири умури хориҷии Амрио дар мақолаи худ ба манотиқи шимолии Ироқ ба унвони намуна дар ҷанг бо гурӯҳи Давлати исломӣ ишора кардааст: "Ҷое, ки ҳамлаҳои ҳавоии Амрико таконеро дар набарҳо сабаб шуд ва ҷойро барои нерӯҳои ироқӣ ва курд боз кардааст, то даст ба ҳамла бизананд. Бо ҳимояти мо, раҳбарони ироқӣ гирд омаданд то давлате ҷадид ва фарогирро ташкил диҳанд ва ин чизе аст , ки барои дар ҳошия қарор додани ДОИШ ва эҷоди ҳимоят ҳамаи мардуми Ироқ муҳим аст."

Ба гуфтаи оқои Керрӣ, ҳамлаҳои ҳавоӣ ба танҳоӣ кофӣ нест ва ба амалкарди фарогир ва густурдатар аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёз дорад. Керри менависад,"мо бояд аз давлати Ироқ ва мухолифони миёнарави суриягӣ, ки алайҳи ДОИШ дар набард ҳастанд, ҳимоят кунем."

Вазири умури хориҷии Амрико дар ин мақола навиштааст, ки решаи гурӯҳи Давлати исломиро бояд дар Ал-Қоида дар Ироқ ҷуст, ки гузашта ва таҷрибаи беш аз як даҳа хушунатро дорад. Ин гуфтаҳои вазири умури хориҷии Амрико як ҳафта пеш аз нишасти аъзои Паймони Атлантикаи Шимолӣ, НАТО дар Валеси Бритониё садо медиҳанд.

Оқои Керри гуфтааст, ки ӯ ҳамроҳи вазири дифои Амрико Чак Ҳегел дар иҷлоси НАТО бо ҳампаймонҳои аврупоии Амрико дидор мекунад. Ӯ дар айни ҳол аз сафари худ ва оқои Ҳегел ба Ховари Миёна пас аз нишасти НАТО барои ташкили эътилофе аз кишварҳои дар хатар сухан гуфтааст.

Пештар Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ аз сафари қарибулвуқӯи Ҷон Керри ба Ховари Миёна сухан гуфта буд.

Раиси ҷумҳури Амрико чанд рӯз қабл бо ишора ба ин, ки Вошингтон ҳанӯз барномаи низомӣ барои муқобила бо гурӯҳи Давлати исломӣ дар Сурия надорад, гуфта буд, вазири умури хориҷии ин кишвар ба зуди сафаре ба Ховари Миёна мекунад, то ба ташкили эътилофе барои муқобила ин гурӯҳ, ки бахшҳое аз Ироқ ва Сурияро дар контрол доранд, кӯмак кунад.

Амрико дар чанд ҳафтаи ахир алайҳи гурӯҳи Давлати исломӣ дар Ироқ ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дода ва ҳамзамон Эрон ҳам аз кӯмакҳое барои гурӯҳҳои курд ва нерӯҳои ироқӣ хабар додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG