Пайвандҳои дастрасӣ

Созиш бо Эрон "наздик ва дур" аст


Вазирони хориҷаи ИМА ва Бритониё - Ҷон Керрӣ ва Филип Ҳаммонд

Вазирони хориҷаи ИМА ва Бритониё - Ҷон Керрӣ ва Филип Ҳаммонд

Вазири хориҷаи Амрико қарор кард барои ширкат дар идомаи музокироти атрофи барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон имрӯз ҳам дар Лузаннаи Швейсария бимонад.

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ қарор кард барои ширкат дар идомаи музокироти шашгона ва Эрон дар атрофи барномаи баҳсбарангези ҳастаии ин кишвар имрӯз, 2 апрел ҳам дар Лузаннаи Швейсария бимонад. Сухангӯи вазорат Марӣ Ҳарф рӯзи 1 апрел дар Лузанна гуфт, ки Керрӣ “ҳадди аққал” то 2 апрел дар ин ҷо мемонад ва дар идомаи музокирот ширкат хоҳад кард. Вай гуфт, музокирот “тадриҷан натиҷа медиҳад”, вале ҳамоно ҷонибҳо ба “як дарки сиёсӣ” даст наёфтаанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф аз ҷониби худ мақомоти Бритониё, Фаронса, Олмон, Чин, Русия ва ИМА-ро даъват кард, ки “ин фурсатро аз даст надода” имкониятеро, ки шояд дигар фароҳам намеояд, истифода кунанд. Ба иттилои хабарнигори радио Фардо дар Лузанна, Зариф ин ҳарфҳоро баъди як мулоқоти ғайримуқаррарии 10-дақиқаинааш бо Керрӣ шоми 1 апрел ироа кард. Рӯзи 31 март маълум шуд, ки дипломатҳои кишварҳои вориди ин музокирот зарбулаҷали таъиншудаи худро убур карда, ба қароре расиданд, ки бояд музокиротро идома диҳанд.

Баҳси аслӣ сари ин аст, ки бар ивази рафъи таҳримҳои иқтисодии Эрон барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ ҳам бояд маҳдуд шавад. Ин марҳилаи музокирот, ки бовар меравад, ба давраи ниҳоии худ расидааст, бояд тарҳи як созиши охирро дар таърихи 30 июн бикашад. Дар сурати дастёбӣ ба ин созиш, баҳсҳои 12-сола атрофи мавҷудияти барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон ҳам ниҳоӣ мешавад. Ғарбу Исроил мухолифи ин барнома ҳастанд, чун бовар доранд, ки ҳадафи Теҳрон дастёбӣ ба силоҳи атомист, вале Ҷумҳурии Исломӣ аз он ба унвони як барномаи сулҳомез ҳамеша ҳимоят кардааст.

Созиш наздик омад ё на?

Раиси гурӯҳи музокиротии Эрон дар ин барнома Аббос Арақчӣ гуфт, дар гуфтугӯҳо ҳамоно “мушкил” боқӣ мемонад. Дар як сӯҳбаташ бо телевизиони Эрон ӯ гуфт, ҳатто дар сурати қабули як изҳороти муштараке дар охири рӯз, боз ҳам он орӣ аз ҷузъиёт хоҳад буд. Ба гуфтаи Арақчӣ, садди асосӣ дар ин баррасиҳову музокираҳо ба масъалаи азбайнбарии таҳримҳо, таҳқиқоту ғанисозии ураниум бармехӯрад. Рӯзи 1 апрел вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, “ҳаминро бо боварии тамом мешавад гуфт, ки вазирон ба як тавофуқи умумие дар тамоми бахшҳои ин масъала барои ниҳоӣ шудани мавзӯъ даст ёфтаанд”. Вай изҳори умедворӣ кард, ки то шоми 1 апрел ин ҳама дар як изҳороти хаттие ифода хоҳад шуд, вале дипломатҳои амрикоӣ инро рад карданд. Вазири умури хориҷаи Бритониё Филип Ҳаммонд баъдан гуфт, ки “дарки густардаи масъала вуҷуд дорад, вале ҳамоно баъзе масоили калидие боқӣ мемонад, ки бояд сарашон кор кунем”. Вай дар сӯҳбат бо Би-Би-Сӣ гуфт, ки баъзе аз ин ҷузъиёт хеле хурду резаву фаннианд, аз ин рӯ кор ҳанӯз хеле зиёд аст, вале мо баррасиҳоро идома медиҳем”, гуфт ӯ.

Ба ҳайати музокиракунанда дар муқобили Эрон дипломатҳои ИМА, Бритониё, Фаронса, Чин ва Русияву Олмон шомил ҳастанд.

XS
SM
MD
LG