Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири умури хориҷии Амрико, Ҷон Керрӣ, гуфт, дар бӯҳрони Украина "лаҳзаи ҳалкунанда" фаро расидааст ва бояд ҳамаи тарафҳои низоъ садоқати худро ба оташбаси Минск нишон диҳанд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, як рӯз баъд аз мулоқоташ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 13-уми май ба вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО ҳамроҳ шуд, ки дар шаҳри Анталияи Туркия ҷаласа доранд.

Дар ин нишаст, идомаи бӯҳрон дар Украина ва нооромӣ дар саросари Ховари Миёна аз ҷумла Сурия ва Ироқ баррасӣ мешавад. Зимни суханронӣ дар ҷаласа, Ҷон Керрӣ гуфт, фурсати он аст, ки ҷудоиталабон дар шарқи Украина мувофиқ ба мароми созиши оташбаси имзошуда дар моҳи феврал амал кунанд.

Ҷон Керрӣ рӯзи 12-уми май дар шаҳри Сочии Русия бо раиси ҷумҳур Владимир Путин масъалаи Украинаро баррасӣ кард ва гуфт, ҳоло “лаҳзаи муҳиме” барои Русия ва ҷудоиталабон дар шарқи Украина аст, ки созишро иҷро кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло фурсати муҳиме расидааст, ки роҳи ҳалли муноқиша пайдо карда шавад. Қарор аст Ҷон Керрӣ бо Павло Климкин, вазири умури хориҷии Украина ва Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия мулоқот кунад. Дар нишасти кишварҳои узви НАТО дар Анталия шеваҳои мубориза алайҳи гурӯҳи Давлати исломӣ низ баррасӣ мешавад.

Вазири умури хориҷии Амрико дар нахустин сафараш ба Русия баъд аз оғози бӯҳрони Украина, аз нақзи оташбас дар Украина "нигарониҳои амиқ" баён намуд ва ба "зарурати фаврӣ"-и ҳамкорӣ бо Маскав даъват кард.

Аз оғози бӯҳрони Украина ин аввалин сафари Керрӣ ба Русия буд ва ӯ аз нақзи оташбас дар Украина "нигарониҳои амиқ" баён намуд ва ба "зарурати фаврӣ"-и ҳамкорӣ бо Маскав дар баробари таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷанги давомдори байни Киев ва ҷудоихоҳони мавриди пуштибонии Русия даъват кард.

Дар ин гуфтугӯ бо мудири минтақаии барномаҳои Радиои Озодӣ Мардо Суқум талошҳои тозаи Вашингтон ба ҳалли масъалаҳои умдаи ҷаҳонӣ баррасӣ мешавад:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG