Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ ба вазирони НАТО пайваст


Ҷон Керрӣ зимни суханронӣ дар ҷаласаи вазирони НАТО
Ҷон Керрӣ зимни суханронӣ дар ҷаласаи вазирони НАТО

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, як рӯз баъд аз мулоқоташ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 13-уми май ба вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО ҳамроҳ шуд, ки дар шаҳри Анталияи Туркия ҷаласа доранд. Дар ин нишаст, идомаи бӯҳрон дар Украина ва нооромӣ дар саросари Ховари Миёна аз ҷумла Сурия ва Ироқ баррасӣ мешавад. Зимни суханронӣ дар ҷаласа, Ҷон Керрӣ гуфт, фурсати он аст, ки ҷудоиталабон дар шарқи Украина мувофиқ ба мароми созиши оташбаси имзошуда дар моҳи феврал амал кунанд. Ҷон Керрӣ рӯзи 12-уми май дар шаҳри Сочии Русия бо раиси ҷумҳур Владимир Путин масъалаи Украинаро баррасӣ кард ва гуфт, ҳоло “лаҳзаи муҳиме” барои Русия ва ҷудоиталабон дар шарқи Украина аст, ки созишро иҷро кунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло фурсати муҳиме расидааст, ки роҳи ҳалли муноқиша пайдо карда шавад. Қарор аст Ҷон Керрӣ бо Павло Климкин, вазири умури хориҷии Украина ва Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия мулоқот кунад. Дар нишасти кишварҳои узви НАТО дар Анталия шеваҳои мубориза алайҳи гурӯҳи Давлати исломӣ низ баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG