Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин мулоқоти сатҳи баланди Ирону Амрико баъди 34 сол



Мулоқоти кӯтоҳи Керри бо Ҷавод Зариф аз соли 1979, аз замони Инқилоби Исломии Эрон ба ин сӯ нахустин мулоқоти сатҳи баланд дар байни Вашингтон ва Теҳрон аст.

Гуфтугӯи ду вазир ба думболи мулоқоти Эрон бо панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттҳаид бо изофаи Олмон бар сари барномаи баҳсбарангеи ҳаставии Теҳрон сурат гирифт.

Котиби Давлатии Амрико гуфт, ин гуфтугӯҳо якҷо бо дурнамои даври баъдии музокирот дар Женева, ки ба моҳи оянда барномарезӣ шудааст, созанда буданд. “Албатта танҳо як мулоқот ва тағйири лаҳнро, ки боз ҳам хушоянд аст, наметавон ҳамчун посух ба суолҳо қабул кард. Кори бисёре дар пеш аст ва мо хелеву хеле умедворем, ки ба натиҷаҳои мушаххас мерасем ва ба суолҳои марбут ба ин барнома посух мегирем”- Гуфт Ҷон Керри

Аз сӯи дигар Ҷон Керри дар сӯҳбат бо шабакаи Телевизиони Амрико гуфт, то Эрон исбот накунад, ки барномаи тавлиди силоҳи ҳаставиро пайгирӣ намекунад, Ийолоти Муттҳаида таҳримот алаҳи ин кишварро лағв нахоҳад кард. Керри гуфт, як иқдоми мушаххас дар ин ҷода ин хоҳад буд, ки Эрон пойгоҳи ғанисозии ураниум дар Фордоро ба нозирони Созмони Милали Муттҳаид боз кунад.

Теҳрон борҳо иттиҳоми Ғарбро дар заминаи мавҷудияти барномаҳои махфии тавлиди силоҳи ҳаставӣ рад кардааст. Президенти Эрон Ҳасани Руҳонӣ ва Ҷавод Зариф, вазири хориҷии ин кишвар, ҳафтаи равон зимни иштирок дар Маҷмаъи Умумии СММ, дар Ню Йорк гуфтаанд, ки ба хотири нармиши таҳримҳои байналмилаӣ ҳукумати Эрон талош дорад дар заминаи барномаҳои ҳаставиаш бо Ғарб созиш кунад. Авоили ҳафта Ҳасан Руҳонӣ аз ҷаҳони бидуни силоҳи ҳаставӣ пуштибонӣ кард ва аз Исроил даъват намуд, ки ба Созишномаи Ҷилвгирӣ аз Паҳншавии Силоҳи Ҳаставӣ имзо гузорад.
XS
SM
MD
LG