Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Керрӣ аз Толибон: бо Кобул сулҳ кунед


Ҷон Керрӣ ва Ашраф Ғанӣ

Ҷон Керрӣ ва Ашраф Ғанӣ

Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ аз Толибон даъват кард, ки аз Гулбиддин Ҳикматёр ибрат гирифта, бо ҳукумати Афғонистон сулҳ кунанд. Зимни суханронӣ дар конфронси кӯмаки байналмилалӣ ба Афғонистон, ки дар шаҳри Брюссел рӯзи 5 октябр ҷараён гирифт, Керрӣ гуфт, барои хатми ҷанге, ки Толибон пеш мераанд, як “роҳи бошараф" вуҷуд дорад. Ӯ гуфт, бар ҷанги Афғонистон дар майдони муҳориба пирӯз наметавон шуд. Вай гуфт, созиши сулҳе, ки ҳафтаи гузашта раҳбари гурӯҳи “Ҳизби исломӣ” ва раҳбараш Гулбиддини Ҳикматёр, як шахси муҳими ҷангҳои солҳои 1990-ум бо ҳукумат бастааст, ҳамчун “намунаи шонси сулҳ хизмат карда метавонад”. Керрӣ гуфт, ки танҳо созиши сулҳ бо Толибон метавонад ҷангро хотима дода эътидолро таъмин кунад. Вай гуфт:

“Иҷозат диҳед, такрор кунам, ки хости Толибон барои хориҷ кардани нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон танҳо бо талаб ё рӯёрӯиҳои идомаёбанда ҳосил намешавад. Ин кор танҳо аз роҳи сулҳ имконпазир аст”.

Созиши сулҳ бо Ҳикматёр рӯзи 29 сентябр баста шуд

Созиши сулҳ бо Ҳикматёр рӯзи 29 сентябр баста шуд

Созише, ки ҳафтаи гузашта бо Ҳикматёр баста шуд, хатми хушунат, қатъи равобит бо ҳама гурӯҳҳои шӯришии хориҷӣ, эътирофи Қонуни асосии Афғонистон, аз ҷумла таъмини ҳуқуқи занону аққалиятҳоро дар бар мегирад. Керрӣ гуфт, баъди бозгашташ Ҳикматёр ва тарафдоронаш аз соя берун шуда, ҳамчун аъзои ҷомеа ба сар хоҳанд бурд.

Созиши мазкур афви ҷиноятҳои дар гузашта содиркардаи Ҳикматёр ва аъзои гурӯҳашро дар назар мегирад. Инчунун, қарор шуд, ки таҳримҳои байналмилалии болои Ҳикматёр эъмолшуда ҳам бардошта мешавад.

То ҳанӯз Толибон ба ин созиш вокуниш накардаанд. Рӯзи 3 октябр ҷангиёни Толибон назорати шаҳри марказии шимоли Афғонистон – Қундузро ба даст оварданд ва инчунин ду маркази вилоятиро дар ҷануби ин кишвар ҳам таҳти назорат дароварданд.

Дар конфронси Бруссел интизор меравад, ки ба Афғонистон то соли 2020 барои барномаҳои рушд дар як сол беш аз 3 миллиард доллар кӯмак ваъда мешавад. Ин, ба қавли Керрӣ, баёнгари он аст, ки ҷаҳон дар пушти ҳукумати Кобул дар муборизаи он зидди шӯришиён қарор дорад.

Рӯзи 5 октябр ҳам Толибон назорат бар Қундузро нигоҳ медоштанд

Рӯзи 5 октябр ҳам Толибон назорат бар Қундузро нигоҳ медоштанд

Керрӣ гуфт, ки шурӯъ аз соли 2001, ки ҳамчун давраи суқути ҳукумати Толибон ба шумор меравад, кӯмаки байналмилалӣ ба Афғонистон аллакай натиҷаҳои хубе ба бор овардааст.

“Аз замоне, ки мо ба нирӯҳои муштарак 15 соли пеш, ки тасаввур карданаш душвор аст, пайвастем, мизони марг ба ҳангоми таваллуди кӯдак 75 дар сад коҳиш ёфт. Синни миёнаи умр аз 42 сол то 62 сол афзоиш ёфт. Дастрасӣ ба хадамоти тиб якбора ҷаҳида, аз 9 дар сад то 67 дар сад афзоиш ёфт”.

Раҳбари сиёсати хориҷии ИМА инчунин аз муттафиқони дигари Афғонистон ва ҳамсоякишварҳояш – Русия, Чин, Покистон, Ҳинд ва Эрон даъват кард, ки барои кӯмак ба ин кишвар нақши хосе иҷро кунанд.

Дар ҳамоиши мазкур дар баробари кишварҳои шарики Афғонистон, инчунин мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам иштирок мекунанд. Рӯзи 4 октябр дар Брюссел музокироти вазирони хориҷаи ОМ ва Иттиҳодияи Аврупо баргузор шуд ва Тоҷикистонро дар ин нишаст вазири хориҷа Сироҷиддин Аслов намояндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG