Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ними гап пухт: Паймони амниятии Вошингтону Кобул ҳанӯз дар роҳ аст


Карзай ва Керрӣ дар Кобул
Карзай ва Керрӣ дар Кобул

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ ва раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай тайи ду рӯз дар музокироти худ дар Кобул ҷузъиёти паймони нави амниятӣ байни ин ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Шоми шанбе, баъди анҷоми рӯзи дувуми гуфтугӯҳо Ҷон Керрӣ ва Ҳомид Карзай эълон карданд, ки онҳо қисман даст ба тавофуқ ёфтанд, вале ихтилофи назарҳо дар бархе масоил байни Кобулу Вошингтон ҳанӯз боқӣ мемонад.

Керрӣ гуфт, як мавриди ихтилофи назари тарафҳо масъалаи масунияти сарбозони амрикоиест, ки баъд аз хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ то поёни соли 2014 бояд дар Афғонистон бимонанд. Вошингтон чун дар пойгоҳҳои дигари хориҷиаш мехоҳад, ки асокири амрикоӣ дар Афғонистон низ аз чунин масуният бархӯрдор бошанд. Кобул ба ин мухолиф аст.

Ҷон Керрӣ дар ин робита гуфт: “Мо бояд бигӯем, ки агар масъалаи юрисдиксия ҳалл нашавад, дар он сурат, созишномаи амниятии дуҷониба низ рӯи кор нахоҳад омад. Аз ин рӯ, мо умедворем, ки ин мавзӯъ ҳалл мешавад ва ҳалли ин, тавре ҳам ки мебояд, ба дасти мардуми афғон аст.”

Ҳомиди Карзай ба навбаи худ гуфт, ин мавзӯъ, ки Афғонистон бояд тавони ба масъулият кашондани шаҳрвандони амрикоии муттаҳам ба содир крадани ҷиноятҳое дар қаламравашро бояд дошта бошад, ҷои баҳс надорад: “Масъалаи юрисдиксия яке аз чунин масъалаҳост, ки дар салоҳияти давлати Афғонистон ва ин фақат ва комилан дар дасти мардуми афғон аст, ки мавзӯъро тавассути ду мехзанзим ҳаллуфасл кунад. Яке аз ин механизмҳо Лояи Ҷиргаи Афғонистон аст ва дувумӣ – тавассути механизми қонунӣ, ки парлумони Афғонистон аст.”

Давлати Карзай аз оғози музокироти паймони дуҷонибаи амниятӣ бо Амрико дар аввали соли равон пешниҳоди додани масуният ба сарбозони амрикоиро рад кард ва то ҳол бар ин мавқеъаш пойфишорӣ мекунад. Дар сурати нокомӣ дар амри тасвиби созишномаи дуҷонибаи амниятӣ Вошингтон метавонад маҷбур ба ихроҷи тамоми нирӯҳояш пас аз соли 2014 шавад.

Карзай аммо гуфт, дар ин музокирот, ки дар меҳвараш ҳимоят аз истиқлоли Афғонистон қарор доштааст, хелде аз мавридҳои дигари ихтилофи назари байни Кобулу Вошингтон ҳалл шудаанд: “Дар мавриди паймони амниятӣ мо роҷеъ ба истиқлоли миллӣ ва ҷилавгирӣ аз талафоти мардуми ғайринизомӣ ба тавофуқ расидем, мафҳуми ҳамла ё агрессияро возеҳ кардем ва тавфоуқ кардем, ки амалиёти мустақилонаи нирӯҳои хориҷӣ қатъ шавад.”

Карзай гуфт, кашида гирифтани фармондеҳи аршади Таҳрики Толибони Покистон Латиф Маҳсуд аз ҷониби нирӯҳои Амрико яке аз намунаҳоест, ки Афғонистон такрорашро намехоҳад. Ҷон Керрӣ аммо ин мавриди шикояти раҳбари Афғонистонро ба сӯъитафоҳум марбут кард.

Бино ба хабарҳо, нирӯҳои амрпикоӣ чанд ҳафта пеш Латиф Маҳсудро бо истифода аз зӯр аз як корвони нирӯҳои давлатии Афғонистон дар вилояти Лугар кашида гирифтаанд. Нашрияи амрикоии "Вошингтон пост" навишт, ин қазия замоне ба миён омад, ки Латиф Маҳсуд бо мақомоти афғон дар ҳоли музокира будааст. Ба ин далел, боздошти Латиф Маҳсуд хашми мақомҳои афғонро овард. Дар Кобул бар ин назаранд, ки чунин шеваи амали нирӯҳои Амрико истиқлоли миллии Афғонистонро ошкоро зери по мекунад.

Амрикову Афғонистон тақрибан як сол боз наметавонанд бар сари созишномаи дуҷонибаи амниятӣ ба тавофуқ бирасанд. Ин паймон бояд шароити қонунии ҳузури нирӯҳои амрикоиеро, ки қарор аст, баъди хуруҷи нирӯҳои НАТО дар Афғонистон бимонанд, муайян кунад.

Бино ба ҳисоби хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, дар ҳоли ҳозир, аз тақрибан 87 000 нирӯи эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон ҳудуди 52 ҳазорашро асокири амрикоӣ ташкил медиҳанд. Шумораи нирӯҳои эътилоф бояд алакай то моҳи феврали соли 2014 нисф карда шуда, то поёни соли 2014 тамоми ин нирӯҳои бояд тарки Афғонистон кунанд.

Ассошиэйтед Пресс менависад, ки Вошингтон мехоҳад дастикам10 000 сарбозашро баъди соли 2014 низ дар Афғонистон нигоҳ бидорад. Ин нирӯҳо асосан ба тамрини нирӯҳои амниятиву низомии Афғонистон ва таъқиби ҷангиёни боқимондаи шабакаи Ал-Қоида машғул хоҳанд шуд.Вале агар паймони амниятӣ бо Кобул имзо нашавад, Вошингтон муваззаф аст, тамоми нирӯҳояшро то 31 декабри соли 2014 аз Афғонистон берун бикашад. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар як сӯҳбаташ бо Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ки аз хуруҷи комили сарбозони амрикоӣ аз он кишвари ҷангзада ҳам чандон “хафа” нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG