Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати умури дохилаи Кения гуфт, ки нирӯҳои амниятӣ назорати маркази тиҷоратии Найробиро, ки аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи ифротӣ гаравгон гирифта шуда, то имрӯз 62 нафарро куштаанд, ба даст оварданд.

Вазорати умури дохилаи Кения гуфт, ки нирӯҳои амниятӣ назорати маркази тиҷоратии Найробиро, ки аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи ифротӣ гаравгон гирифта шуда, то имрӯз 62 нафарро куштаанд, ба даст оварданд. Дар як пайғоме тавассути шабакаи иҷтимоии Twitter вазорат навиштааст, ки ба эътимоди мақомот, ҳамаи гаравгонҳо аз маҳалли гаравгонгирии дохили маркази тиҷоратӣ озод шудаанд. Вале дар ин изҳорот тафсилоти бештар роҷеъ ба шумори гаравгонҳо ва ҳам вақту соати эҳтимолии хатми қазияи гаравгонгирӣ хабар дода нашудааст.

Тибқи иттилои хабаргузориҳо, субҳи сешанбе садои тирандозӣ аз дохили бинои маркази тиҷоратӣ ҳамоно ба гӯш мерасид ва эҳтимолан имрӯз ҳам амалиёти ҷангиён идома пайдо кунад.

Ҷангиёни гурӯҳи воқеъ дар Сомалии Ал-Шубоб, ки ба созмони террористии Ал-Қоида иртибот мегирад, рӯзи шанбе ба маркази тиҷоратии Найробӣ ҳамла карда, дасти кам 62 нафарро ба қатл расонданд. Дар миёни қурбониҳо дасти кам 18 хориҷӣ, аз ҷумла, шаш шаҳрванди Бритониё, ҳамчунин шаҳрвандони Фаронса, Канада, Ҳолланд, Австралия, Перу, Ҳинд, Ғано, Африқои Ҷанубӣ ва Чин мебошанд.

Мақомоти Кения мегӯянд, ки ҳамлагарон эҳтимолан 10-15 нафар буда, дар миёни онҳо хориҷиҳо ҳам мебошанд. Ба иттилои вазири хориҷаи Кения Амина Муҳаммад, дар миёни ҷангиён “ду ё се амрикоӣ” ва ҳам як хонуми бритониёӣ буда метавонанд. Дар як сӯҳбаташ бо телевизиони амрикоӣ, вазир гуфт, ки амрикоиҳо мардони ҷавон буда, синнашон эҳтимолан дар ҳудуди 18 то 19-сола мебошанд. Онҳо метавонанд аслан зодаи Сомалӣ ё аз давлатҳои араб бошанд, ки дар аёлати Миннесота ё дигар макони ИМА зиндагӣ мекунанд. Мақомоти амрикоӣ эҳтимоли дар ин моҷаро шомил будани шаҳрвандони амрикоиро таҳқиқ мекунанд.

Рӯзи душанбе президенти ИМА Барак Обама гуфт, ки Амрико дар муқобила бо ин хушунати ваҳшатнок дар канори ҳукумати Кения қарор дорад. “Мо ҳукумати Кенияро бо тамоми кӯмаки низомии зарурӣ таъмин мекунем ва бовар дорем, ки Кения, ба унвони як сутуни эътидоли Африқои Шарқӣ, барқарор хоҳад шуд”.

Қазияи гаравгонгирии марказти тиҷоратии Найробӣ аз мудҳиштарин ҳодисаҳои террористии ин кишвар баъди соли 1998 ба ҳисоб меравад. Дар он сол бар асари бомбаборони сафорати Амрико дар Найробӣ беш аз 200 нафар кушта шуданд. Масъулияти ин ҳодисаро шабакаи Ал-Қоида ба ӯҳда гирифт.
XS
SM
MD
LG