Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Мутаассифам, ки тарҳи «Корпуси сулҳ» дар Тоҷикистон амалӣ нашуд»


Кен Гросс зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе. 2-юми июли соли 2012.
Кен Гросс зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе. 2-юми июли соли 2012.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон аз натоиҷи фаъолияти худ изҳори қаноатмандӣ кард.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон аз натоиҷи фаъолияти худ дар ин кишвари Осиёи Миёна изҳори қаноатмандӣ кард, аммо гуфт, «аз он мутаассифам, ки тарҳи «Корпуси сулҳ» иҷрои худро наёфт.

Кен Гросс, ки рӯзи душанбеи 2 июл дар ҷамъи хабарнигорон аз натоиҷи фаъолияти чаҳорсолааш дар Тоҷикистон сӯҳбат мекард, гуфт, «албатта дар ин муддат он вазоифе, ки бар дӯши ман гузошта шуда буд, иҷро гардид, аммо мехостам, тарҳи «Корпуси сулҳ» -ро низ амалӣ кунам. Чун ин тарҳ хеле барои Тоҷикистон муҳим аст ва метавонад омили рушди инсонӣ ва иқтисодӣ барои Тоҷикистон гардад».

Сафири ИМА сабаби иҷро нашудани ин тарҳро ба мувофиқат ва ризояти ҳукумати Тоҷикистон марбут донист ва гуфт, «барои ин кор ризояти ҳукумати Тоҷикистон зарур буд, аммо то ҳол ин ризоятро дарёфт накардем».

Ин ҳам дар ҳолест, ки чунин тарҳе дар дигар кишварҳо, ба хусус кишварҳои Осиёи Миёна фаъол аст ва дар чорчӯби он, амрикоиҳо дар деҳаҳои дурдаст зиндагӣ карда, забони англисиро барои мардум меомӯзонанд ва соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоиро рушд медиҳанд.

Ба ин тартиб Тоҷикистон танҳо кишваре дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки ин тарҳ мавриди иҷро нест. Бо ин ҳам сафири ИМА ибрози умедворӣ кард, ки дар оянда ҳукумати Тоҷикистон ба иҷрои ин тарҳ мувофиқат кунад ва василаи густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвар гардад.

Кен Гросс дар маҷмӯъ ҳамкории ИМА бо Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, «пешрафтҳое дар бахше аз соҳаҳо дар чанд соли ахир ба мушоҳида мерасад».

Вай ба коҳиши мизони қочоқи инсон таъкид кард ва гуфт: «Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ тавонист ин раванди номатлубро коҳиш бидиҳад».

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи гузориши вазорати хориҷии ИМА миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ, Тоҷикистон ба гурӯҳи дуввум шомил аст. Яъне ба феҳристи кишварҳое, ки барои мубориза бо қочоқи инсон талоши зиёд ба харҷ медиҳанд.

Аммо сафири ИМА бар риояти вазъи ҳуқуқи башар, озодии баён ва фаъолияти расонаҳои электронӣ таъкид кард ва гуфт, ҳукумати Тоҷикистонро лозим аст, то мавонеъ ва маҳдудият дар ин заминаро аз байн бардорад.

Кен Гросс дар посухи суоли хабарнигорон, мабни бар ин ки «Оё бо таваҷҷӯҳ ба интихоботи президентии соли 2013, мардуми Тоҷикистон омодаи табодули ҳукумат ҳастанд», гуфт, «албатта мардуми Тоҷикистон метавонанд аз ин имконият истифода баранд, агар худ инро хоҳанд. Ин ба иродаи онҳо вобаста аст. Аммо интихобот чӣ гуна сурат мегирад, кӣ номзад пешниҳод мешавад, вақт нишон хоҳад дод».


Суоли дигаре, ки сафири ИМА ба он посух дод, ба хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ва таъмини амният дар минтақа рабт дошт. Ин мақоми амрикоӣ нақши Тоҷикистонро дар таъмини суботу амният дар Афғонистон бисёр муҳим арзёбӣ кард ва ҳамчунин кӯмаки ин кишвари ҳамсояро барои фаъолияти нерӯҳои НАТО муассир донист. Зеро ба таъкиди вай фаъолияти сафорати ИМА дар Душанбе, имкон дод, то дар интиқоли нерӯҳои эътилоф ба Афғонистон ва маводи лозима барои онҳо мушкиле пеш наояд.

Аммо дар масъалаи хуруҷи нерӯҳо ва таҷҳизоти НАТО, ки гуфта мешавад, Узбакистон маҳз ба ҳамин хотир аз СПАД берун шудааст, гуфт, «шояд Узбакистон фоидае бигирад дар ин масъала, аммо аз тасмими Тошканд барои берун шудан аз СПАД хабари дақиқ надорам ва ба ин далел онро шарҳ низ дода наметавонам».
Дар поёни нишасти матбуоти Кен Гросс ба ҳама хабарнигорони ширкаткунанда барои ҳамкорӣ изҳори ташаккур кард. Аммо сафири ИМА «кору фаъолияти радиои "Озодӣ"-ро барои Тоҷикистон хеле муҳим арзёбӣ кард» ва барои ҳамкории созанда бо сафорат изҳори сипосу ташаккур баён кард».

Кен Гросс, фаъолияти чаҳорсолаи худ дар Тоҷикистонро дар ҳоле, дар ин нишасти хабарӣ натиҷагирӣ кард, ки Сенати ИМА рӯзи ҷумъа бо иттифоқи оро аз номзадии Сюзан Эллиотро ба мақоми сафири ИМА дар Тоҷикистон пуштибонӣ намуд.

Барак Обама, ба таърихи 11 апрел номзадии Сюзан Эллиотро ба мақоми сафири ИМА дар Тоҷикистон пешниҳод карда буд.


Сюзан Эллиот — дипломати ботаҷриба буда, то ҳол муовинати раҳбарии раёсати кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказиро дар Департаменти давлатии ИМА бар ӯҳда дошт.

Зимнан, Кен Гросс, аз моҳи августи соли 2009 раҳбарии намояндагии дипломатии ИМА дар Тоҷикистонро бар дӯш дорад.То таъйин шудан ба ин мақом, дар солҳои 2002 - 2004 ба ҳайси муовини раҳбари ҳайат низ кор карда ва баъдан дар сафоратхонаҳои Амрико дар Ироқ, Ҳаитӣ, Малайзия, Непал ва Олмон ифои вазифа кардааст. Аз соли 1987 узви корпуси дипломатии вазорати умури хориҷии Амрикост. Забонҳои тоҷикӣ, олмонӣ ва фаронсавиро медонад.

Ҳамакнун ба гуфтаи Кен Гросс, вай фаъолияти худро дар департаменти давлатии ИМА идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG