Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон дар Суғд чӣ "меҷӯяд"?


Мейрамгалӣ Оринбасаров-консули Қазоқистон дар вилояти Суғд

Мейрамгалӣ Оринбасаров-консули Қазоқистон дар вилояти Суғд

Дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистон, консулгарии Ҷумҳурии Қазоқистон ба фаъолият оғоз намуд.

Мейрамгалӣ Оринбасаров-консули Қазоқистон дар вилояти Суғд зимни як мусоҳибаи кӯтоҳи ихтисосӣ ба "Озодӣ" гуфт, ин ниҳоди дипломатии кишвараш ба рушди ҳамкориҳои иқтисодии Қазоқистон бо минтақаи шимолии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард:

“Консулгарии Қазоқистон дар вилояти Суғд, ки бо тавофуқи ду давлат боз шуд, ба тақвияти ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, илму фарҳанг ва дигар соҳаҳо мусоидат хоҳад кард. Ман умедворам, консулгарии мо ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба такони наве хоҳад бахшид.”

Ба гуфтаи ҷаноби Оринбасаров, ҳоло дар вилояти Суғд ҳудуди 50 шаҳрванди Қазоқистон ба таҳсил ва фаъолияти иқтисодиву тиҷорӣ машғуланд.

Бино ба иттилои Дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Cуғд, ахиран Қоҳир Расулзода раиси вилояти Суғд консули Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷандро ба ҳузур пазируфта, боз шудани ин ниҳоди дипломатиро дар амри густариши муносибатҳои минтақавии Тоҷикистону Қазоқистон муҳим арзёбӣ кардааст. Дар ин дидор ҳамкориҳои миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои мухталифи кишвари Қазоқистон баррасӣ шудааст.

Коршиносон ва таҳлилгарони масоили иқтисодии Суғд мегӯянд, Қазоқистон тақрибан ягона кишвари собиқи шӯравӣ аст, ки солҳои охир ба гармии муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисоди минтақаи шимолии Тоҷикистон алоқамандӣ нишон медиҳад.

Соли гузашта дар Хуҷанд “Казинвестбонк”-и ин кишвар ба фаъолият шурӯъ кард.
Пеш аз ин сармоягузорони қазоқ саҳмияҳои корхонаи маъдани Адрасмонро пурра харидорӣ ва ҷиҳати насби таҷҳизот ва дастгоҳҳои замонавӣ ба хотири тавсеаи тавони тавлидотии он барои истеҳсоли хокаи нуқраву сурб ё қӯрғошим 2 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ карданд. Ҳамчунин, ду ширкати Қазоқистон узви консорсиум ё иттиҳоди ширкатҳои 4 ширкати довталаб барои сармоягузорӣ ба бузургтарин кони нуқра мавсум ба «Кони Мансур» мебошад.

Гул Шералӣ-вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон дар нишасти хабариаш гуфт, дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани "Кони Мансури Калон", ки захираи нуқраи он беш аз 60 ҳазор тонна тахмин зада мешавад, истеҳсоли нуқра дар Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.

Бобоҷони Икром-таҳлилгари масъалаҳои иқтисодии Суғд дар ишора ба аҳамияти ифтитоҳи консулгарии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Хуҷанд мегӯяд, “ҳудуди 70 дар сади орду ғалла ва як қисми маводи нафтӣ ба вилояти Суғд аз Қазоқистон ворид мешавад. Ҳамчунин, соҳибкорони тоҷик аз вилояти Суғд дар Қазоқистон дар соҳаҳои парвариши зироат ва ифтитоҳи корхонаҳои хурд маблағгузорӣ мекунанд ва нақши онҳо муассиртар мешавад. Умедворам нақши консулгарии Ҷумҳурии Қазоқистон ба наздиктар шудани соҳибкорони тоҷику қазоқ ва рушди муносибатҳои онҳо ба хотири пешрафти ҳар ду кишвар муассир хоҳад буд.”

Ҷумҳурии Қазоқистон баъд аз Русия дуюмин кишварест, ки дар вилояти Суғд консулгарии худро расман боз кард. Ҳамчунин, дар маркази вилояти Суғд намояндагии иқтисодии минтақаҳои Бодканду Ӯши Қирғизистон низ чанд сол боз фаъолият мебарад.
XS
SM
MD
LG