Пайвандҳои дастрасӣ

Универсиада ба қабули меҳмонони рӯзадор ҳам омодааст


Тамрини ифтитоҳи универсиадаи Қазон

Тамрини ифтитоҳи универсиадаи Қазон

Рӯзи шанбеи 6-уми июл дар шаҳри Қазон универсиада оғоз меёбад. Тотористон мехоҳад меҳмонони ин мусобиқаи байналмилалиро бо беҳтарин анъанаву фарҳанги мардуми тотор ошно кунад.

Эҳтимол барои президенти Русия Владимир Путин ифтитоҳи расмии универсиадаи 27-уми тобистона як тамрини муҳими бозиҳои олимпии зимистони соли 2014-уми Сочӣ бошад.

Вале барои шаҳри Қазон ин мусобиқаи байналмилалии донишҷӯён беҳтарин имкони муаррифии анъанаву фарҳанги мардуми тотор аст, ки чанд сол инҷониб шаҳри Қазонро барои пазироии ҳазорҳо варзишгару меҳмони хориҷӣ омода кардааст.

Аз моҳи апрел ба ин тараф дар пойтахти ҷумҳурии Тотористон беш аз 50 ҳазор ниҳоли гул шинонда шудааст ва даҳҳо километр роҳҳои наву кӯҳнаро бозсозиву тармим кардаанд. Ҳамчунон барои қабули беш аз 10000 донишҷӯи варзишгар ва ҳазорҳо меҳмони Қазон терминали нави фурудгоҳи ин шаҳр ба истифода супурда шуд.

Бар илова дар Қазон ба монанди баъзе шаҳрҳои пешрафтаи аврупоӣ хадамоти иҷораи велосипедҳо ба фаъолият шурӯъ намуд.

Дар ҳашт истгоҳи пойтахти Тотористон 100 дучарха мунтазири муштариён ҳастанд. Хоҳишмандон метавонанд тавассути кредит-корт ва ё телефони мобил худро сабти ном намуда, велосипед ба иҷора гиранд.

Ҳунарманди ҷавони тотор Рузал Аҳмадиев-яке аз аввалинҳо шуда, аз ин навъи хадамот истифода бурдааст. Ӯ мегӯяд:

Дучарха дар миёни ҷавонон шӯҳрати зиёд дорад, вале бисёриҳо имкони молии харидану нигаҳдошти онро надоранд. Ҳоло бубинед, ки шумо бо хонуме велосипед ба иҷора мегиреду ҳамроҳ сайр мекунед. Ин хеле ҷолиб аст.”

Дар универсиадаи Қазон, ки унвони пойтахти сеюми Русияро касб намудааст, варзишгарони 162 кишвари олам аз рӯи 27 намуд ва аз ҷумла шиноварӣ, гимнастика, гуштӣ ва ғайра сабқат хоҳанд кард.

Дар рӯзҳои универсиада барномаи муфассали фарҳангӣ низ пешкаши меҳмонон хоҳад шуд.



Театри драмавии ба номи Камол Тотор намоишномаи “Рӯймоли кабуд”-ро ба саҳна мегузорад. Раиси театр Илфир Ёқубов мегӯяд, намоишнома ба забони тоторӣ аст, вале бинандагон имкон хоҳанд дошт, ки тарҷумаи русӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва испаниявии онро бишнаванд:

“”Рӯймоли кабуд” беҳтарин намоишномаи фарҳанги мо аст. Дар он беҳтарин анъанаҳои рақсу таронаҳои тоторӣ намоиш дода мешаванд. Мо саъй мекунем, ки ба меҳмонон онро ба забони барояшон фаҳмо тақдим кунем.”

Тотористон, ки аз ҷумҳуриҳои мусулмоннишини Русия мебошад, ба истиқболи моҳи шарифи Рамазон ҳам омода аст.

Нуҳуми июл дар рӯзи сеюми универсиада Рамазон оғоз меёбад ва варзишгарону меҳмонони рӯзадор имкон хоҳанд дошт, ки дар ошхонаи деҳаи универсиада дар соатҳои зарурӣ бо ғизои ҳалол рӯзаи худро кушоянд.

Ташкилкунандагони универсиада баъди ҳушдори раҳбари ошӯбгарони исломӣ Доку Умаров дар фикри таҳкими амнияти мусобиқа шудаанд.

Рӯзи 3-уми июл раҳбари ошӯбгарони Қафқози Шимолӣ ба пайравонаш ҳидоят кард, олимпиадаи Сочӣ ва универсиадаро ҳадаф қарор диҳанд, зеро ба гуфтаи ӯ “ин амали куфр, ки арзишҳову шариати исломиро нодида мегирад, дар сарзамини мусулмонон доир мешавад.”
XS
SM
MD
LG