Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрону Қазоқистон: 50 санади ҳамкорӣ ба маблағи 1 миллиард доллар


Мулоқоти раҳбарони Қазоқистону Эрон Нурсултон Назарбоев ва Ҳасан Рӯҳонӣ
Мулоқоти раҳбарони Қазоқистону Эрон Нурсултон Назарбоев ва Ҳасан Рӯҳонӣ

Дар ҷараёни боздиди Нурсултон Назарбоев - раиси ҷумҳури Қазоқистон аз Эрон ду кишвар 50 санади ҳамкорӣ ба маблағи як миллиард доллар имзо карданд.

Рӯзи 11 апрел дар чаҳорчӯбаи боздиди раисиҷумҳури Қақоқистон Нурсултон Назарбоев аз Эрон ҳамчунин мулоқоти шӯрои бозаргонони ҳар ду кишвар баргузор шуд, ки дар он намояндагони бештар аз 200 ширкат ҳузур доштанд. Ин ҳамкориҳо бахшҳои кишоварзиву саноат, нақлиёт ва муқаррароти раводид ё визои миёни ду кишварро дар бар мегирифт.

Дар мусоҳибае аз Куанишбек Қорӣ - хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар Алмаато ва таҳлилгари умури Эрон пурсидам, оё чунин нест, ки акнун Эрон бо лағви таҳримҳои иқтисодии Ғарб имкон пайдо кардааст, то дар кишварҳои минтақа, аз ҷумла дар Қазоқистон, сармоягузориро оғоз кунад?

Қорӣ: Қазоқистон ин рӯзҳоро интизор буд, чунки таҳримҳои иқтисодии Ғарб бар зидди Эрон робитаҳои ин кишварро бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ заиф карда буд. Масалан, дар соли 2013 роҳи оҳани Туркманистону Қазоқистон ва Эрон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, вале он бо тамоми имконоташ истифода намешуд. Баъди аз миён бардоштани таҳримҳои Ғарб ин роҳи оҳанро бо Чин ҳам васл карданд.

Озодӣ: Ҳоло Эрон ба ҳисобҳои бонкиаш дар Ғарб дастрасӣ пайдо кардааст ва бо истифода аз ин имкон ва дастрасӣ ба пулҳояш дар кадом бахшҳои Қазоқистон метавонад сармоягузорӣ кунад?

Қорӣ: Эрон алоқа дорад, ки дар бахшҳои кишоварзӣ ва коркарди нафт ё полоишгоҳҳо бештар сармоягузорӣ кунад. Албатта, корхонаҳои дигар ҳам дар назар аст. Дар бахши коркарди нафт ва бахши кимё тарҳҳои муштаракро сармоягузорӣ мекунад. Байни Эрон ва Қазоқистон “Эйр Астана” парвозҳои иловагӣ анҷом медиҳад ва ба ин тартиб, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рафту омади соҳибкоронро бештар хоҳад кард. Дар бахши воридот ва содироти фаровардаҳои кишоварзӣ тавофуқот ба даст омадааст. Доду гирифти гандум ва гӯшт дар назар дошта шудааст. Эрон ба Қазоқистон имкон хоҳад дод, ки долонҳои нави нақлиётӣ боз кунад, то Қазоқистон ба обҳои Халиҷи Форс роҳ ёбад. Дар ҷавоб Қазоқистон ҳам имкон медиҳад, ки Эрон тавассути қаламраваш ба бозорҳои Осиёи Марказӣ ва Русия роҳ пайло кунад.

Ҳоло Қазоқистон се корхонаи коркарди нафту химия дорад, ки барои ин кишвар кофӣ нест. Ба ҳамин далел Қазоқистон мехоҳад дар ғарби ин кишвар як корхонаи дигар бисозад.

Озодӣ: Ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки муқаррароти раводиди миёни ду кишварро сабуктар кунанд. Оё он барои рафту омади доираҳои бозаргонӣ ва рушди ҳамкориҳо замина мегузорад?

Қорӣ: Мардумони ҳар ду кишвар ҳам мехоҳанд, ки рафту омади бидуни раводид дошта бошанд. Аз нуқтаи назари сиёсӣ ин кор иҷро шуданӣ нест. Вале сабукиҳо дар ин бахш ба нафъи ҳар ду кишвар аст, чунки соҳибкорони Эрон дар Қазоқистон зиёданд. Масалан, дар Қазоқистон 106 ширкати муштараки Қазоқистон-Эрон фаъолият мекунанд. Дар Эрон ҳам намояндагони ширкатҳои гуногуни Қазоқистон ҳастанд. Гузашта аз ин, дар Эрон қазоқҳои зиндагӣ мекунанд ва онҳо мехоҳанд, ки бо Қазоқистон рафту омади наздик дошта бошанд.

Озодӣ: Ҳамкориҳои ин ду кишвар дар минтақаи Осиёи Марказӣ чӣ нақше метавонад дошта бошад?

Қорӣ: Қазоқистон хеле алоқа дошт, кимушкили барномаҳои ҳастаии Эрон зудтар ҳал шавад. Қазоқистон дар Осиёи Миёна ва Эрон дар Ховари Миёна кишварҳои муҳим ҳастанд. Онҳо дар рушди ҳамкориҳои ин ду минтақа метавонанд нақш дошта бошанд ва онҳоро наздик кунанд. Масъалаи дигар ин аст, ки имсол дар Остона-пойтахти Қазоқистон мулоқоти раҳбарони кишварҳои ҳошияи Баҳри Хазар баргузор мешавад. Чунин ба назр мерасад, ки Қазоқистон ва Эрон дар мавриди баргузории ин мулоқот мавзеъгириҳои худро ҳамоҳанг ва наздиктар сохтаанд. Вале то ҳол масъалаи тақсими захираҳои Баҳри Хазар бидуни ҳал боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG