Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки байнулмилалии уран дар Қазоқистон таъсис меёбад


Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, ниҳоди СММ, созишномаеро бо Қазоқистон ба имзо расонд, ки бино бар он ин кишвар ба мизбони бонки байнулмилалии уран табдил меёбад.

Қарор аст, бонки байнулмилалии уран дар ду соли оянда дари худро барои мушатариёнаш дар Қазоқистон боз кунад. Созмони Милал ризоият ва миллиардери амрикоӣ Уоррен Баффет як қисми сармояи онро омода намуд.

Бонки байнулмилалии уран дар ҳолатҳое зарур хоҳад шуд, ки додуситади тиҷоратии сӯхти ҳастаӣ бо ин ё он сабаб қатъ гардад. Далели дигари тарафдорони тарҳ ин аст, ки зарур нест, ҳар кишвари дорои нерӯгоҳи ҳастаӣ ҳамчунин корхораҳои ғарисозии уран созад ва мисли Эрон зери шубҳаи ҳадафи таслиҳотӣ доштани барномаҳояш шавад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ бар ин аст, ки мавҷудияти чунин корхонаҳо имконияти дастёфти кишварҳоро ба силоҳи ҳастаӣ фароҳам меорад. Ба ин далел Ғарб ва Эрон солҳост, сари мавзӯъ баҳс мекунанд.

Дар ҳоле ки Теҳрон мегӯяд, барои таъмини нерӯҳои ҳастаии худ ниёз ба сӯхт, яъне урани ғанисозишуда дорад, Ғарб бар ин аст, ки Эрон бо ин баҳона мехоҳад, бомби атомӣ созад. Бонки байнулмилалии уран дар оянда имкон медиҳад, чунин кишварҳо бидуни он ки худ ғанигардонии уранро ба роҳ монанд, аз ин бонк сӯхти заруриро бигиранд ва ҳам партови онро ба бонк баргардонанд.

Ҳамраиси созмони ғайридавлатии Nuclear Threat Initiative (NTI) дар Вашингтон, Сэм Нан мегӯяд, “агар даҳҳо кишвар ба энержии ҳастаӣ таваҷҷӯҳ дошта бошанд ва барои ин даст ба ғанисозии уран зананд, хатари густариши силоҳи ҳастаӣ ва маводи хатарноки ҳастаӣ ба маротиб бештар хоҳад шуд.

Ҳарчанд бонки сӯхти ҳастаӣ дар қаламрави Қазоқистон сохта мешавад, он зери назорати як кишвари муайян нахоҳад буд. Он аслан як анборе дар корхонаи металлургӣ дар шимолушарқи Қазоқистон хоҳад буд, ки дар маҳфузгоҳҳои худ наздик ба 90 тонна урани ғанисозишудаи сатҳи пастро нигоҳдолдрӣ хоҳад кард. Ин миқдор уран барои чархондани як реактори “сабукоб”-и 1000 мегаваттӣ кофист.

Бино бар гузориши Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, дар саросари ҷаҳон 438 реактори амалкунанда мавҷуд буда, 350 адади онҳо бо “оби сабук” кор мекунанд. Нерӯи ҳамзамони онҳо барои таъмини сесолаи як шаҳри бузург бо нерӯи барқ кофист. Кишварҳое, ки ризоияти Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаиро ба даст овардаанд, метавонанд, аз бонки нави сӯхти ҳастаӣ бо нархи бозор сӯзишворӣ харанд.

Миллиардери амрикоӣ Уоррен Баффет барои таъсиси ин анбор 50 миллион доллар хайр кард ва 100 миллиион доллари дигар аз Иттиҳоди Аврупо, Қазоқистон, Кувайт, Норвегие, Имороти Муттаҳидаи Арба ва Иёлоти Муттаҳида хоҳанд омад. Қазоқистолн ягона кишваре буд, ки довалабона мизбонии ин анборро ба зимма гирифт ва нахустин ёддоштро дар ин бора бо Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ дар соли 2010 ба имзо расонд.

Уране, ки то наздики 5 дарсад ғани гардонида шудааст, урани сатҳи паст шумурда мешавад ва ғанисозии он то наздики 90 дарсад ин маъниро хоҳад дошт, ки сӯхт барои сохтани силоҳи ҳастаӣ пешбинӣ шудааст.

Кишварҳои узви Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ҳақ доранд, сӯзишвории ҳастаии худро дар корхонаҳои хеш ғанӣ гардонанд.

Эрон, ки гумонҳои Ғарбро ба бунёди силоҳи ҳастаӣ рад мекунад, мегӯяд, як сабаби барномаи ғанигардонияш дар ин аст, ки намехоҳад, пойбанди сӯзишвории воридотӣ бошад ва дар сурати қатъ шудани он нерӯгоҳи ҳастаияшро аз кор афтад. Гуфтушуниди Теҳрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ барои ҳалли ин масъала ва лағви таҳримҳои зидди Эрон идома дорад.

XS
SM
MD
LG