Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзуи олимпӣ қонуни зидди ҳамҷинсгароиро “ғарқ кард”


Қазоқистон баррасии тарҳи нави зидди таблиғи ҳамҷинсгароиро ба таъхир гузошт, зеро он ба орзуи мизбонии Бозиҳои Олимпӣ халал мерасонад.

Пешнависи қонуни зидди таблиғи ҳамҷинсгароӣ дар Қазоқистон дар ҳоле ақиб андохта мешавад, ки он аз баррасии ҳарду палатаи порлумони ин кишвар гузаштааст ва танҳо интизори хулосаи ҳайати конститутсионист, ки бояд мутобиқати онро бо Қонуни асосии ин кишвар озмояд.

Ин қонун аз қонуни ҳамсони Русия “нусхабардорӣ” шудааст ва ҳадафаш, тавре гуфта мешуд, пешгирӣ аз таблиғу густариши ҳамҷинсгароӣ дар Қазоқистон аст.

Шӯрои конститутсионӣ рӯзи 26-уми май эълон кард, ки тарҳи навро бино бар “амр ва истилоҳоти дорои маънои васеъ ва духӯра”-аш рад кардааст. Чунин ҳолат, ки шӯрои мазкур қонунеро баъд аз тасвиб шуданаш дар ду палатаи порлумон рад карда бошад, дар Қазоқистон солҳои охир рӯй надодааст. Ин ҳолат ба бархе аз коршиносон далел додааст, ки рад шудани онро ба талошҳои Қазоқистон барои дарёфти мизбонии Бозиҳои Олимпии зимистонаи соли 2022 бастагӣ диҳанд. Қабул шудани қонун пеш аз ҳалли масъалаи Бозиҳои Олимпӣ метавонад, ба симои байнулмилалии Қазоқистон таъсир манфӣ гузорад. Ҳамчунин рӯшан нест, тарҳ комилан рад шудааст ё баъд аз баррасии масъалаи Олимпиада барои такмил ба порлумон бозгардонда мешавад.

Вақте ки тарҳ бори аввал дар моҳи августи соли гузашта ба палатаи поёнии порлумон пешниҳод шуд, зери шииоре пуштибонӣ пайдо кард, ки “бояд кӯдакон аз таблиғоти ҳамҷинсгароӣ дар байни хурдсолон эмин бошанд”. Баъд аз тасвиб дар маҷлиси поёнӣ палатаи болоӣ онро дар моҳи феврал пазируфт. Аммо дар даврае, ки Қазоқистон эълон кард, барои мизбонии Бозиҳои Олимпии зимистонаи соли 2022 мубориза хоҳад бурд, ин тарҳ таваҷҷӯҳи манфиро ба бор овард.

Дар ҳамон рӯзе ки Шӯрои қонуни асосӣ тарҳро рад намуд, Қазоқистон ба гуфтаи худаш, миллионҳо нафарро ба кӯчаҳои шаҳрҳои асосии худ баровард, то аз “Рӯзи Олимпӣ” ҷашн гирад. Ин ҷашнро ҳукумат сармоягузорӣ кард ва ҳадафаш нишон додани пуштибонии ом аз “орзуи олимпӣ”-и ҳукумат буд. Ин дар ҳолест, ки ягона рақиби Қазоқистон дар ин сабқат Пекини Чин аст ва бисёриҳо бар инанд, ки Пекин пирӯз хоҳад гашт.

Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Human Rights Watch ва Amnesty International тарҳи қонуни Қазоқистонро шадидан танқид кардаанд. Аввали моҳи май гурӯҳе аз варзишгарони пешини олимпӣ, параолимпӣ ва дигарон дар номае ба унвони раиси Кумитаи Байнулмилалии Олимпӣ Томас Бах нигарониҳои худро аз тарҳи нави Қазоқистон баён доштанд.

Ин номаро “Ҳампаймонҳои варзишгарон”, як созмони дифоъ аз ҳуқуқи варзишгарони ҳамҷинсгаро созмон дода, онро теннисбози маҳшур Мартина Нарватилова, устоди ҳоккей Шон Аверӣ, футболбозон Меган Рапино, Роббӣ Роҷерс ва дигар чеҳраҳои саршиноси ҷаҳони вазиш имзо кардаанд.

“Дар ҳоле ки Қазоқистон мехоҳад мизбони Бозиҳои Олимпии зимистонаи соли 2022 бошад ва ҳамзамон қонунеро барои манъи “таблиғи тамоюли ҷинсии ғайрианъанавӣ” омода мекунад, мо аз Кумитаи Байнулмилалии Олимпӣ мехоҳем, изҳор дорад, ки мавзеъгирии табъизомези мақомоти Қазоқистон нисбати тамоюлҳои ҷинсӣ бо арзишҳои ҷунбиши олимпӣ ҳамнаво нест,” гуфта мешавад дар нома.

Бино бар эъломияи рӯзи 26 майи Шӯрои конститутсионӣ, тарҳро рӯзи 18 май, чанд рӯз баъд аз нашр шудани ин нома рад намудааст.

Ҳарчанд Қазоқистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ дар ибтидои солҳои 1990 ҳамҷинсгароиро аз қонунҳои кайфарӣ берун карданд, хусумати зидди ҳамҷинсгароён дар ин кишварҳо боқӣ монда, дар бархе аз онҳо мазҳабӣ шудани ҷомеа фишор ба чунин одамонро бештар кардааст.

Аммо пайдо шудани тарҳи қонун дар Қазоқистон бештар ба қонуни ҳамсони Русия бастагӣ дорад, ки дар соли 2013 қабул шуд ва Олимпиадаи соли 2014-и Сочиро зери соя гузошт.

Ҳамчунин порлумони Қирғизистон ҳам як чунин тарҳреро баррасӣ мекунад.

Кумитаи Байнулмилалии Олимпӣ қарор аст, натиҷаҳои сабқатро барои мизбонии Бозиҳои Олимпии зимистонаи соли 2022 рӯзи 31-уми июл дар Куала-Лумпур эълон хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG