Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон муҳоҷиронро андоз баст


Бозори "Барахолка"-и Алма-Ато - як макаони асосии кори муҳоҷирон
Бозори "Барахолка"-и Алма-Ато - як макаони асосии кори муҳоҷирон

Муҳоҷирони корӣ дар Қазоқистон муваззаф шудаанд, ки ҳар моҳ ба маблағи 3704 танга, муодили 24 доллари амрикоӣ хироҷи давлатӣ бисупоранд.

Айдин Белгибоев, муовини раисии идораи пулиси муҳоҷират дар департаменти умури дохилаи шаҳри Алма-Ато ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки ин тақозо бар пояи тайғироти ахир ба қонунҳои муҳоҷирати Қазоқистон аст, ки рӯзи 10 декабр аз сӯи раиси ин ҷумҳурӣ Нурсултон Нузарбоев ба имзо расид ва 3704 танга баробари ду маоши ҳадди ақал дар ин кишвари Осиёи Марказист: “Ҳоло таҳияи механизми ин кор идома дорад. Аз 1 феврал ба сабти номи муҳоҷироне, ки мехоҳанд дар Қазоқистон кор кунанд, шурӯъ мекунем. Ин қонун тартиби хеле соддаи гирифтани иҷозатномаи кор барои муҳоҷиронро пешбинӣ мекунад ва ба қонунӣ сохтани кору иқомати ин тоифа мусоидат хоҳад кард. Ба ин тартиб, коргарони хориҷӣ аз бахши пасипардагии иқтисод берун оварда мешаванд.”

Қонуни нав ба як шахси физикӣ дар Қазоқистон ҷалби танҳо то 5 корманди хориҷиро иҷозат медиҳад. Онҳое ки аз пардохти боҷи давлатӣ барои ҷалби нирӯи кори хориҷӣ сарпечӣ мекунанд, ба гуфтаи Белгибоев, ба маблағи аз 30 то 50 маоши ҳадди ақал, яъне аз 50 000 танга то 85 000 танга, ё аз 3300 доллар то 5500 доллар ҷарима баста хоҳанд шуд.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ин боҷ як навъ хироҷи расмӣ барои ҷалби нирӯи кории хориҷист ва ин шонаи муҳоҷирро аз масъулияти пардохти андозҳои дигар холӣ намекунад. Аммо пулиси муҳоҷирати Алма-Ато гуфт, ин масъала низ ҳадди аксар сода гардонда шуда, коргарони хориҷӣ бояд танҳо барои андоз аз фоида (подоходный налог) пешпардохт кунанд. Ба хориҷиёне, ки аз манбаъи даромадашон дар Қазоқистон андоз намесупоранд, дар чунин сурат аз сӯи шӯъбаҳои маҳаллии молиёт ИИН (индивидуальный идентификационный номер) дода хоҳад шуд. Ин имтиёз аз ҷумла ба муҳоҷирони корие дахл дорад, ки ба ҳайси коргари кироя ҷалб мешаванд.

Қазоқистон баъди Русия дувумин кишвари муҳоҷирпазир дар паҳнои Шӯравии собиқ ба шумор меравад. Ҷамъи муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Қазоқистон дар соли 2013 174 000 нафар баршумурда шудаааст, ки 128 000 нафари онҳо аз кишварҳои пасошӯравӣ ва асосан аз Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистону ... Русия будаанд.

Муҳоҷирони боздоштшуда дар назди дари додгоҳи Алма-Ато. Акс аз соли 2011
Муҳоҷирони боздоштшуда дар назди дари додгоҳи Алма-Ато. Акс аз соли 2011
Қазоқистон, ин кишвари саршор аз манобеъи нафту газ ва маъданҳои дигар, ки бозери 6 триллион танга, ё тақрибан 37 милллиард доллар маҷмӯъи маҳсулоти дохилиаш бузургтарин иқтисоди Осиёи Марказист, барои муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикисистон баъди Русия дувумин бозори бузурги кор ба шумор меравад.

Дар соли 2012 теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон ҳудуди 100 000 нафар гуфта мешуд, ки 70 дарсадаш дар бахши тиҷорату соҳибкории хурд, аз ҷумла дар тиҷорати меваи хушк дар бозорҳои яклухту чаканаи ин кишвар, фаъолият доштанд. Як бахши аъзами муҳоҷирони тоҷик дар бозори "барахолка"-и Алма-Ато - яке аз бузургтарин бозорҳо дар Осиёи Марказӣ - кор мекарданд. Аммо Қазоқистон дар соли 2013 фаъолияти хориҷиён дар бахши тиҷорат ва соҳибкории хурдро маҳдудтар кард ва ба ин далел, як бахши муҳоҷирони тоҷик низ ин кишварро ба қасди Русия тарк гуфтанд.
XS
SM
MD
LG