Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исми Қазоқистон ба Қазақ елӣ табдил мешавад?


Эҳтимоли табдили ном кардани исми кишвари Қазоқистон ба “Қазақ елӣ” ё “Мулки қазоқ” қазоқистониҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба ду тақсим кардааст.

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бораи эҳтимоли тағйири ном кардани кишвараш лаб кушод. Ин ташаббус, ки мегӯянд, муддатҳо пеш дар фазои кишвар мечархид, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба андеша водор кард ва аз ҳоло мегӯянд, ки шумори тарафдорону мухолифони ин ақида дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси доғеро доман задаанд.


Нурсултон Назарбоев таваҷҷӯҳашро ба мавзӯи табдил кардани номи кишвараш ҳангоми боздид аз як мактаб дар шаҳри Атирау ва мулоқоташ бо намояндагони ҷомеа баён кард. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур назари президентро дар ин мавзӯъ чунин бозгӯ кард:


- Дар исми кишвари мо, мисли кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ пасванди “стан” (талаффузи русии “истон”) вуҷуд дорад. Айни замон, хориҷиҳо ба Монголия (шакли русии Муғулистон) таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, ки ҳамагӣ 2 миллион аҳолӣ дошта, дар исмаш пасванди “стан” мавҷуд нест. Шояд бо гузашти вақт исми кишварро дигар карда ба “Қазақ елӣ” табдил диҳем? Вале пеш аз ин бояд ҳатман назари мардумро бифаҳмем, - гуфтааст президент Нурсултон Назарбоев.


Суханронии президент шоми 6 феврал пахш шуд ва базудӣ ба меҳвари баррасиҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоии Твиттер табдил шуд. Дар Фейсбук зуд гурӯҳи наве бо номи “Мо тарафдори Қазақ елӣ” арзи ҳастӣ кард.
Маълум шуд, ки ин андеша чандон нав нест. Мурат Абенов, собиқ вазири маорифи ин кишвар базудӣ дар як навиштаҷоташ ба ҷонибдории ин ақида гуфт, ки “андешаи табдили исми кишвар ба Қазақ елӣ сохтаи идеологҳо нест, балки як орзуи деринаи наслҳост, ки аз андешаҳои хештандорӣ маншаъ мегирад”.

Корбари дигар бо исми Мурат Балабай дар шарҳаш гуфтааст, ки табдили исми кишвар пеш аз ҳама “ба хотирӣ дурӣ ҷустан аз ҳамоҳангии исми кишвар бо номҳои давлатҳои ҳамсояи минтақа мисли Афғонистону Покистон аст”.
Мунаққидон, ки шуморашон ҳамчунин кам нест, бо киноя дар Твиттер менависанд, ки “дар ин давлат аллакай ҳама мушкилот ҳал шудааст, ки зарурат ба табдили номи кишвар пеш омад” (корбар Ануар Нурпеисов). Адил Ҷалилов бошад, мегӯяд, “аз он ки викингҳо исми кишварро Гренландия гузоштанд, ин кишвар сарсабзу шукуфон нашуд”.


Аз сӯи дигар, таҳлилгарони сиёсӣ мегӯянд, ташаббусе барои табдили ном кардани кишвар идомаи талошҳои сиёсии ҳукумати Назарбоев барои фосилагирӣ аз ҳамсоягии ноилоҷаш бо кишварҳои нисбатан нодору ниёзмандаш дар минтақа, ки бо ҳамаи онҳо исми монанде дорад, талоши бузург кардани мақоми фарҳанги миллии қазоқҳо ва ҳам таъкид ба авлоди Чингизсхон будани ин миллат аст. Аз сӯи дигар, эҳтимолан, бо табдили ном кардани кишвар мақомот мехоҳанд қадами дигаре барои фосила ҷустан аз мероси шӯравиву нуфузи Маскав гузоранд.


Ба ҳар сурат, тавре таъкид мешавад, баҳс тоза шурӯъ шуд ва ҳанӯз маълум нест, ки назари мардуми Қазоқистон ба кадом шакл пурсида мешавад.
XS
SM
MD
LG