Пайвандҳои дастрасӣ

Ду кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон ва Қирғизистон мехоҳанд, аз пасванди форсии “истон” дар номи худ даст кашанд, вале, ба навиштаи “Foreign Policy” ин, зоҳиран, кори осон ё судманде нахоҳад буд.

Ҳамон гуна ки одамон гоҳо аз номи худ розӣ нестанд, кишварҳо низ орзуи номи беҳтар мекунанд. Маҷаллаи амрикоии “Foreign Policy” ин ҳолро “мушкили имиҷ” меномад ва мегӯяд, “истон”-дорҳои Осиёи Марказӣ бо ин масъала рӯбарӯянд. Вале талоши ислоҳ, ба ақидаи маҷалла, танҳо дар ду кишвар -- Қазоқистон ва Қирғизистон ба назар расидааст.

Аввали соли равон раисиҷумҳури Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, ба эҳтимоли табдили номи ин кишвар ба “Қазақ Елӣ” ишора кард ва чанд ҳафта пеш сарвари яке аз ҳизбҳои сиёсии Қирғизистон, Феликс Қулов, пешниҳод кард, ки кишвараш “Қирғиз Ел Республика” ном гирад. Назарбоев иллати пешниҳоди худро шарҳ надод, вале Қулов гуфт, пасванди "стан" ба обрӯи кишвараш латма мезанад.

Тед Троутман, шореҳи “Foreign Policy”, мегӯяд, далелҳои ин ду кишвар барои табдили ном хеле бештаранд. Аз хушунат дар Афғонистону Покистон гирифта, то ҳокимони дарозумри мустабиде мисли раҳбари Туркманистон, душвории талаффузи ин номҳо аз тарафи сиёсатмадорони ғарбӣ, мояи ҳаҷву танз қарор гирифтани “стан” ё “истон” дар филму китобу мазҳакаҳо ва пайванди он ба давраи шӯравӣ дар қатори ин омилҳо номбар шудаанд.

Академик Раҳим Масов

Академик Раҳим Масов

Таърихнигорон воқеан номи кишварҳое чун Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Туркманистонро ба даврони шӯравӣ рабт медиҳанд. Раиси Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи Академияи улуми Тоҷикистон, академик Раҳим Масов мегӯяд, ин номҳо дар солҳои 1920-30 баъд аз марзбандии миллии Осиёи Марказӣ таҳти таъсири урфи ҷойномсозии минтақа ва дар вазни “Туркистон”, ки русҳо бар пояи пажӯҳиши шарқшиносони худ сохта буданд, ба миён омадаанд. Пеш аз ин марзбандӣ дар минтақа танҳо Афғонистон чунин пасванд дошт ва давлатҳо аз аморати Бухоро, хонигариҳои Хева ва Хуқанд иборат буданд.

Дар наздик ба 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар санадҳои русӣ одатан “Казахская ССР” ё “Узбекская ССР” навишта мешуд, аммо коршинос Қаноат Одил мегӯяд, дар гуфтор ҳама аз номҳое чун “Қазоқистон” ё “Ӯзбекистон” истифода мекард, ҳарчанд ба забонҳои миллӣ “РСС Ӯзбекистон” ё “РСС Тоҷикистон” навишта мешуд. “Танҳо дар ду маврид истисно дар миён буд. Яке ин ки “Қазақ ССР” ва “Қирғиз ССР”, гоҳе "Киргизия" менавиштанд, вале ба русӣ, замоне ки шӯравӣ аз байн рафт, ҳамаи ин кишварҳо дар конститутсияҳои худ номи кишварро бо “стан” навиштанд ва қонунӣ карданд.”

“Пасванди “стан” ("истон") асли форсӣ дорад ва калимаи “Қирғизистон” дар солҳои шӯравӣ сохта шудааст,” – гуфт раиси ҳизби “Ор-Номус” Феликс Қулов 12-уми сентябр дар Бишкек. Вай афзуд, ин пасванд аз кишвари ӯ симои ғалатеро ба ҷаҳониён нишон медиҳад. Биноан, пешниҳод намуд Қулов, бояд “стан”-ро партофта, ба ҷои он “ел”-и туркиро гузошт, ки маънои халқро дорад.

Тарафдорони ин пешниҳод мегӯянд, дар хориҷа гоҳо номи кишвари онҳоро бо Курдистон ба ҳам омехта мекунанд. Аввалин хатои лафзии Ҷон Керрӣ дар мақоми вазири умури хориҷии Амрико ба Қирғизистон пайванд дорад. Моҳи феврали соли 2013 вай ин кишварро “Кирзакстан” ё “Кирзигстан” (ҳар кас ҳар хел шунидааст) ба забон овард. Аммо ба навиштаи “Foreign Policy”, номҳои пешниҳодии “Киргиз Йерӣ” ё “Қирғиз Ел Республика” ин мушкилро осон кунанд ва дувумӣ барои амрикоиҳо як номи шикастаи испаниро ба ёд хоҳад овард.

Феликс Қулов

Феликс Қулов

Фаротар аз масъалаҳои забоншиносӣ, Тед Троутман, ба он рӯ овардааст, ки ҳамаи кишварҳои “истон”-дори Осиёи Марказӣ аҳолии омехта доранд ва номҳое мисли “Замини қирғизҳо” ё “Мулки қазоқ” метавонад, дар байни қавмҳои ғайри қирғиз ё қазоқ ноқаноатмандиҳоеро ба миён орад. Дар Қирғизистон ақаллиятҳое монанди ӯзбакҳо, русҳо, тоҷикҳо, тоторҳо ва дигарон 35 дарсадро ташкил медиҳанд. Ё “Сарзамини қазоқҳо” ба ғайриқазоқҳо, ки қариби ними аҳли ин кишваранд, хуш нахоҳад омад. Ин дар ҳолест, ки “истон” метавонад на маънои моликияти комил ба қаламрав, балки макони зиёду фарвон будани исмеро дошта бошад, ки ба ин пасванд часпидааст.

Пешниҳоди табдили номи Қазоқистон аз ин пеш дар соли 2010 аз тарафи миллатгароёни қазоқ таҳти сарварии Ҳасан Кожахмет дар анҷумани нерӯҳои натсионал-патриоти ин кишвар садо дода буд. Вай гуфта буд, “Қазоқистон” бояд ба “Давлати Қазоқ” табдил дода шавад ва кишвар аз зери султаи Русия барояд. Тақрибан дар ҳамин давра тундгарои рус Николай Левашов дар чанд мусоҳибааш эълом дошт, ки миллати “қазоқ”-ро болшевикҳо ихтироъ карданд ва номи “Казахстан” аз “Казачий Стан” ё ситоди казакҳо пайдо шудааст. Дар ҳамин давра дар Русия филми мустанаде нашр шуд, ки бино бар он Қазоқистон то соли 1936 дар санадҳои давлатӣ ва ҳизбӣ “Казакская ССР” навишта мешуд.

Таърихнигор Раҳим Масов низ мегӯяд, дар давраи марзбандии миллии Осиёи Марказӣ дар нимаи дувуми солҳои 1920 мушкиле пеш омада буд, ки қазоқҳо “қирғиз” шумурда ва қирғизҳо бо номи “қарақирғиз” ёд мешуданд. Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин моҳи сентябри соли равон қонунмандии ҳастии Қазоқистонро зери суол бурд. Вай гуфт, ки Назарбоев “дар як қаламраве давлат сохт, ки пештар ҳеч гуна давлатдорӣ надошт. Қазоқҳо ҳаргиз давлати худро надоштанд. Вай онро сохт. Аз ин лиҳоз, вай дар фазои пасошӯравӣ як шахси беназир аст.”

Аммо дар ҳоли ҳозир ишораи раисиҷумҳури Қазоқистон ба эҳтимоли табдили номи ин кишвар ба “Қазақ Елӣ” ва пешниҳоди ҳамсони Феликс Қулов дар Қирғизистон ҳимояти густарда пайдо накардаанд, ҳарчанд баҳси сари онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва форумҳо ба авҷ мерасад. Мақомоти давлатӣ ҳушдор медиҳанд, ки чунин ислоҳот тағйири тамоми ҳуҷҷатҳои давлатӣ, шиносномаҳо, пули миллӣ ва харитаҳо, яъне харҷи бузургеро талаб мекунад, дар ҳоле ки мақсад аз тағйири ном сохтани симои наву беҳтар барои ҷалби сармояи хориҷист.

Тағйири ном дар таърихи ҷаҳон падидаи нав нест. Кишвари африқоии Буркина Фасо то моҳи августи соли 1984 Волтаи Боло, Миёнмар то соли 1989 Бирма, Бангладеш то 1971 Покистони Шарқӣ, Вануату Гебридҳои Нав, Замбия то соли 1932 Родезияи Шимолӣ буданд. Гоҳе тағйири ном ба рушди кишварҳо мусоадат карда бошад, дар аксари мавридҳо пешрафт ба ислоҳоти амиқтар аз ин бастагӣ доштааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG