Пайвандҳои дастрасӣ

Русия бо вуҷуди талошҳои зиёд муваффақ нашуд, ки шариконаш дар Иттиҳоди АвроОсиё - Беларус вва Қазоқистонро ҳам ба "ҷанги тиҷорӣ" алайҳи Украина ҷалб кунад ва ҳоло маҷбур аст, дар ин "ҷабҳа" тани танҳо "биҷангад."

Як нашрияи беларусӣ мегӯяд, Русия бо вуҷуди талошҳои зиёд натавонист шариконаш дар Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё – Беларус ва Қазоқистонро ба ҷабҳаи “ҷанги тиҷорӣ” алайҳи Украина бикашонад. Таҳлилгари берус Явҳений Прейҳерман дар матлабе бо номи “Шикоф дар Иттиҳоди АвроОсиё: Беларус пайвастан ба ҷанги тиҷории Русия бо Украинаро рад кард”, ки рӯзи 7 июл дар нашрияи “Belarus digest” нашр шуд, менависад, тайи муддате ки Украина барои имзои паймони мушорикат бо Иттиҳодияи Аврупо омодагӣ мегирифт, Русия талош дошт, то Беларусу Қазоқистон низ мисли Маскав дар роҳи содироти молҳои Украина мониаҳое эҷод кунанд. Аммо зоҳиран Маскав натавонистааст ин шарикони худ дар Иттиҳоди АвроОсиёро мутақоид бисозад, ки наздик шудани Украина бо Аврупо метавонад ба иқтисодҳои Беларусу Қазоқистон хатар эҷод кунад. Ин аст ки Маскав “маҷбур шуд бо афзоиши боҷу хироҷи гумрукии молҳои Украина якҷониба иқдом кунад.”

Чунин иқдоми якҷонибаи Маскав, ба ақидаи муаллиф, он таъсиреро ки дар сурати ҷалби Беларусу Қазоқистон метавонад дошта бошад, надорад.

Русия ҳанӯз қабл аз эътирозҳои Евро-Майдон дар Киев Украинаро ҳушдор медод, ки дар сурати қаробаташ бо Аврупо чашмабароҳи ташдиди сиёсатҳои иқтисодии Маскав ва лағви имтиёзҳои мавҷуда дар тиҷорати ҳарду кишвар бошад. Прейҳерман менависад, ғолибан ҳамин ҳушдорҳо боис шуд, ки раисиҷумҳури вақти Украина Виктор Янукович дар моҳи ноябр паймони мушорикат бо Иттиҳодияи Аврупоро дар Вилнюс имзо накунад.

Путин ва Порошенко

Путин ва Порошенко

Баъди онки раисиҷумҳури ҷадиди Украина Петро Порошенко билофосила баъди адои савгандаш ваъда дод, ки ин паймонро бо Аврупо имзо мекунад, масъала дигарбора дар меҳвари таваҷҷӯҳи Кремл қарор гирифт. Муаллиф мегӯяд, мақомоти Русия дар нишасти кумиссиюни иқтисодии АвроОсиё дар Сочи, ки рӯзи 23 июн сурат гирифт, ба мақомоти Беларусу Қазоқистон пойфишорона пешниҳод кардаанд, то ин созмон ба тасмими бо Аврупо пайвастани Украина муштаракан посух диҳад. Онҳо далел овардаанд, ки паймони мушорикати Украина бо Аврупо ба маҳсулоти сохтаи ин тройкаи АвроОсиё таҳдид мекунад.

Созишномаи тиҷорати озод бо Аврупо даар назар дорад, ки Киев боҷҳои гумрукиашро аз воридоти молҳои сохти кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бардорад. Аммо Украина ҳамзамон узви минтақаи тиҷорати озоди СНГ – Иттиҳодияи кишварҳои муштаракулманофеъ ҳам ҳаст. Ва Русия метарсад, ки молҳои арзони Аврупо дар ҷомаи молҳои гӯё Украина ба бозори Иттиҳоди АвроОсиё рехта, тавлидкунандаҳои ин минтақаро варшикаста хоҳанд кард.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин низ ҳар боре ки аз қарори Киев барои қаробат бо Брюссел интиқод мекунад, ин тасмимро алайҳи Маскав номида, ҳамин далелро меорад, ки гӯё баъди ин Украина ба як дарвозаи бесоҳибе табдлил хоҳад ёфт, ки тавассути он сели маҳсулоти Аврупо бо як шароити пуримтиёз ба бозори кишварҳои пасошӯравӣ рехта, ҷои маҳсулоти Русияву кишварҳои шарикашро танг хоҳад кард. Путин мегуфт, ки Русия дигар маҷбур аст, алайҳи Украина чораҳои ҷавобӣ андешад ва пеши роҳи ин селро ба хотири ҳимоят аз маҳсулоти дохилиаш бигирад.

Сярҳий Румас

Сярҳий Румас

Аммо ин далел зоҳиран, ба навиштаи Явҳений Прейҳерман натавонистааст ёрони Маскав дар Иттиҳоди АвроОсиёро мутақоид бисозад. Сярҳий Румас, намояндаи Беларус дар Шӯрои кумиссиюни иқтисодии АвроОсиё гуфтааст, ки Беларусу Қазоқистон пешниҳоди Русия ҷиҳати таҳияи посухи муштарак ба Украинаро “шадидан” рад кардаанд. Ба гуфтаи Румас, паёмадҳои наздик шудани Украина бо Аврупо ҳанӯз рӯшан нест ва бояд аз тарафи кумиссиюни АвроОсиё омӯхта шавад. Дар ҳоли ҳозир, афзудааст Румас, Беларус “зарурати оҷиле барои гирифтани чунин тасмимро намебинад.”

Тиҷорати хориҷии Украина дар соли 2013 140 миллиард долларро ташкил додааст, ки 63 миллиардаш содироти молҳои украинаӣ ва 77 миллиардаш аз ҳисоби воридот будаастБино ба омори расмӣ, тақрибан нисфи тиҷорати хориҷии Украина бо кишварҳои узви Иттиҳодияи АвроОсиёст. Аз ҷумла содироту воридоти Украина бо Русия дар сол 55 миллиард доллар, бо Беларус 8,4 ва бо Қазоқистон 5,3 миллиардро ташкил медиҳад.

Русия ҳарчанд шарики асосии тиҷории Украина ба шумор меравад, дар сурати ҷалби Беларусу Қазоқистон метавонист таъсири “ҷанги тиҷорӣ-апш ба манзури муҷозоти азми Киев ба Аврупоро хеле бузургтар кунад. Аммо азбаски ин муяссараш нашуд, Русия дар ин “ҷанг” танҳо мондаву маҷбур аст, таҳримҳояш ба зидди молҳои Украинаро ба сурати якҷониба эълон кунад.

Равобити Русияву Украина аз моҳи феврал, дар пайи суқути ҳукумати рӯ ба Маскав Виктор Янукович дар натиҷаи эътирозҳои тарафдорони Аврупо ба сардӣ гароид. Маскав дар моҳи март вилояти Қрими Украинаро ишғол карда ва бо баргузории як раъйпурсӣ ба қаламрави худ ҳамроҳ кард. Ба дунбол ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилоятҳои низ аксаран русзабони Донетску Луҳанск дар шарқи Украина алайҳи Киев исёни мусаллаҳона бардоштанд, ки то ҳол идома дорад.

Мақомоти Украина ва Ғарб бар ин назаранд, ки ҷунбишҳои ҷудоиталабии русзабонҳо дар Украинаро Маскав таъмини пулу силоҳ ва ҳам аз нигоҳи иттилоотиву сиёсӣ ҳимоят мекунад. Маскав инро рад мекунад, вале мегӯяд, аз ҳуқуқи русзабонҳо пуштибонӣ хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG