Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои Тоҷикистон бо Туркманистону Афғонистонро қазоқҳо доварӣ мекунанд


Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистонро муқобили тимҳои миллии Туркманистон ва Афғонистон, ки рӯзҳои 9-ум ва 13-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд, ҳакамон аз Қазоқистон доварӣ мекунанд.

Денис Измайлов ва Александр Алиев бо навбат ба ҳайси сардовар ва довари эҳтиётии ин бозиҳо таъин шудаанд. Ба онҳо Санҷар Исҳоқов ва Самат Тергеусизов ба ҳайси доварони марзи майдон кӯмак мекунанд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 моҳи ноябр бо тимҳои миллии Афғонистон ва Туркманистон ду бозии дӯстона хоҳад кард. Ҳарду бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони тоҷик рӯзи 9-уми ноябр бо мунтахаби Туркманистон, ки дар ҳамин ҳол дар раддабандии ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) дар ҷойи 116-ум қарор дорад, рақобат мекунад. Ин бозӣ соати 17:00 шуруъ мешавад.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 13 ноябр соати 16:00 оғоз меёбад. Дар айни ҳол тими миллии Афғонистон дар раддабандии ФИФА нисбат ба мунтахаби Тоҷикистон панҷ зина поин ҷойгир шуда, мақоми 149-умро касб кардааст.

Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби Туркманистон ва Афғонистон ба мисли мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019, ки моҳи марти соли оянда шуруъ мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон

9 ноябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

Тоҷикистон – Туркманистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

13 ноябр (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

Тоҷикистон – Афғонистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG