Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати лижаронҳои тоҷик дар бозиҳои осиёӣ дар Ҷопон


Имрӯз, 19 феврал дар варзишгоҳи “Саппоро - Доум” – и Ҷопон VIII – умин Бозиҳои зимистонаи осиёӣ оғоз ёфт. Дар бозиҳо ҳудуди 2000 нафар варзишгарону мураббиён ва шахсони расмӣ аз 32 дастаҳои мунтахаби кишварҳои қораи Осиё иштирок менамоянд. Шасту чор мусобиқа аз рӯи 11 намуди варзиш аз ҷумла биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, сноуборд, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей бо шайба, шорт-трек дар шаҳрҳои Саппоро ва Обиҳиро баргузор хоҳанд шуд.

Кумитаи варзиш ва саёҳӣ бо ирсоли баёнияе ба расонаҳо хабар дод, ки ҳайати дастаи Тоҷикистон иборат аз Соҳибназари Турсунмурод, Баракатулло Зокиров, Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов аз намудҳои лижаронии кӯҳӣ дар ин бозиҳо иштирок менамоянд. Варзишгарони тоҷик таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон имкони иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузро пайдо намуданд.

Бозиҳои VIII – умин зимистонаи осиёӣ яке аз аввалин имкониятҳои иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмиллалӣ барои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он барои сайқал додани малакаҳои ҳар як узви дастаи мунтахаб муҳим арзёбӣ мегардад. Роҳбарияти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо истифода аз таҷрибаи байналмиллалӣ сатҳ ва сифати ин нави варзишро дар кишвар боло бардорад.

XS
SM
MD
LG