Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз Литва шикаст хӯрд


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи XXIX байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи муовини аввали раиси ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин дар бозӣ барои ҷойҳои 13-16-ум аз дастаи Литва аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 4-5 шикаст хӯрд.

Замони асосии ин бозӣ, ки имрӯз, 17-уми январ, дар Маҷмааи варзишию консертии шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, бо ҳисоби 0:0 ба поён расид. Дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ кори футболбозони Литва омад кард ва онҳо бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуданд.

Тоҷикистон – Литва – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 4:5

Тоҷикистон: Далер Азизов, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров, Ҳувайдо Малиев, Кароматулло Саидов, Эҳсони Панҷшанбе, Далер Ёдгоров (Саидмухтор Азимов, 67), Зиёвуддин Фузайлов (Султоншо Мирзоев, 81), Шериддин Бобоев, Нуриддин Ҳамроқулов (Умарҷон Шарифов, 67), Шаҳром Самиев.

Огоҳонида шуданд: Кароматулло Саидов, Манучеҳр Сафаров (Тоҷикистон), Виткус Домантас, Уткус Эдгарас, Пауликас Тадас (Литва).

Сардовар: Евгений Мамойко (Русия).

17 январ. Санкт-Петербург. МВК «Петербургский». 300 тамошобин.

Ҳамакнун футболбозони ҷавони тоҷик барои ҷойҳои 15-16-ум рӯзи ҷумъаи 20-уми январ бо дастаи мағлуби бозии Ҳиндустон – Эрон рақобат мекунанд.

Ғолиби ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ рӯзи 21-уми январ дар бозии ниҳоӣ маълум хоҳад шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар таҳти раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко аз ҳисоби бозигарони соли таваллудашон 1999 ва аз он хурдтар таркиб ёфтааст.

Бар асоси дастури мусобиқа, дар марҳилаи аввал 16 даста ба чор гурӯҳ тақсим шуда буд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои якум ва дувумро ишғол карданд, ҷуфтҳои чорякниҳоиро ташкил доданд ва барои ҷойҳои аз 1-ум то 8-ум мубориза мебаранд.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои севум ва чорумро гирифтанд, барои ҷойҳои аз 9-ум то 16-ум талош доранд. Дар марҳилаи дувуми мусобиқа бозиҳо аз рӯи системи плей-офф то комилан тақсимшавии ҷойҳо сурат мегирад.

Мусобиқаи ёдбуди Валентин Гранаткин

Тақвими бозиҳои плей-офф

14 январ (шанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 9-16-ум

Тоҷикистон – Беларус – 0:0 (аз рӯи пеналтӣ – 6:7)
Ҳиндустон – Эстония - 1:2

15 январ (якшанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 9-16-ум
Литва – Молдова – 2:2 (аз рӯи пеналтӣ – 3:4)
Эрон – Озарбойҷон – 0:1

Бозиҳои чорякниҳоӣ
Юнон– Латвия – 0:0 (аз рӯи пеналтӣ – 8:7)
Русия – Булғористон – 3:0

16 январ (душанбе)

Бозиҳои чорякниҳоӣ
Қазоқистон – Словения - 2:0
Санкт-Петербург – Словакия - 1:1 (замони изофӣ – 3:2)

17 январ (сешанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 13-16-ум
Тоҷикистон – Литва – 0:0 (аз рӯи пеналтӣ – 4:5)
16:15 - Ҳиндустон – Эрон

Бозиҳо барои ҷойҳои 9-12-ум
18:30 – Беларус – Молдова
21:00 —Эстония – Озарбойҷон

18 январ (чоршанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 5-8-ум

14:00 – Латвия – Словения

16:15 – Булғористон – Словакия

Бозиҳои ниманиҳоӣ

18:30 – Юнон – Қазоқистон

21:00 – Русия – Санкт-Петербург

20 январ (ҷумъа)

Бозиҳо барои ҷойҳои 15-16-ум

14:00 – Тоҷикистон – Мағлуби Ҳиндустон - Эрон

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе

XS
SM
MD
LG