Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба дунболи ҳамла ба шаҳри Оқтеппа Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфт, ки аз талош барои табаддулоти давлатӣ ҷилавгирӣ кардааст ва ин табадуллотро гӯё тоҷири маъруф ва раиси ширкати "Шимкентпиво" Тохтар Тулешов сарварӣ мекард. Ба иттилои хабаргузории "Интерфакс", мақомоти амниятӣ чанд мансабдори воломақом ва ҳампаймонҳои эҳтимолии Тулешовро боздошт кардаанд.

Дар Кумитаи амнияти миллӣ гуфтанд, ки Тулешов нақша дошт, баъди ноором кардани авзоъ ва ташкили эътирозҳову бетартибиҳои оммавӣ ба таъсиси ҳукумати алтернативӣ муваффақ шавад. Худи Тохтар Тулешов аз охири моҳи январ ба ин сӯ бо иттиҳоми нигаҳ доштани маводи мухаддир ва сармоягузории гурӯҳи ҷиноӣ дар маҳбас аст.

Рӯзи 6 июн мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки кормандони пулиси шаҳри Оқтеппа дар идомаи амалиёти вижаи зиддитеррористӣ боз панҷ тан аз афроди ҷиноятпешаро кушта ва ду нафари дигарро дастгир карданд.

Як рӯз пеш аз он Вазорати умури дохилии Қазоқистон гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои мусаллаҳона ба як қисми низомии Гвардияи миллии Қазоқистон ва чанд мағозаи аслиҳафурӯшӣ дар шаҳри Оқтеппа дар ғарби ин кишвар, чандин нафар кушта шудаанд. Баъди ин ҳодиса дар шаҳр амалиёти зиддитеррористӣ эълон карданд ва ба сокинон тавсия додаанд, ки аз хонаҳояшон берун наоянд.

Хабарнигори Озодӣ дар шаҳри Атирау наздик ба Оқтеппа ҳам мегӯяд, ки дар инҷо ҳам тадобири амниятӣ тақвият дода шудааст. Дар воҳидҳои низомии кишвар ҳам баъди тирандозӣ ҳолати омодабош эълон кардаанд.

Оқтеппа шаҳрест, ки бори аввал дар таърихи Қазоқистон шоҳиди ҳамлаи террористӣ шудааст. 17 маи соли 2011 Раҳимҷон Махатов, як сокини 25-солаи ин шаҳр худро дар назди қароргоҳи вилоятии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон тарконд ва дар натиҷа худаш кушта шуд ва се тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Баъди ин дар шаҳрҳои Оқтеппа, Атирау, Остона, Алмаато, Тароз низ ҳамлаҳои мусаллаҳона ба вуқӯъ пайвастанд ва мақомот дар ин ҳамла гурӯҳи ношиноси тундраве бо номи «Сарбозони Хилофат»-ро гунаҳкор карданд. Аъзои ин гурӯҳ чанд сол пеш бо нашри видео ба давлати Қазоқистон таҳдид карда буданд.

Соли 2012 ҳукумат амалиёти васеъмиқёси зиддитеррористӣ эълон кард ва гуфт, ки дар натиҷаи ин амалиёт аксари "террористон"-ро куштаву нобуд карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG