Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дасти ҳуқуқшиноси қазоқ ба гиребони Жириновский


Ҳуқуқшинос Аскар Каймаков (аз чап) ва сиёсатмадор Владимир Жириновский (аз рост)
Ҳуқуқшинос Аскар Каймаков (аз чап) ва сиёсатмадор Владимир Жириновский (аз рост)

Раиси ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский барои иддаоҳои моҷаробарангезаш зидди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Думаи давлатии Русия муҳокима хоҳад шуд.

Тани танҳо дар баробари девонсолории мақомоти Русия як ҳуқуқшиноси қазоқ Аскар Каймаков тавонист, Думаи давлатии ин кишварро ба баррасии баёнияҳои моҷароҷӯёнаи Владимир Жириновский водор намояд. Кумитаи ахлоқи маҷлиси Русия рӯзи 8-уми январ эълом дошт, ки барои як изҳороташ зидди Қазоқистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ раиси Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновскийро муҳокима хоҳад кард.

Дар гуфтугӯи телефонӣ бо Радиои Озодӣ ҳуқуқшиноси қазоқ Аскар Каймаков гуфт, изҳороти Жириновский, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд ба яке аз ҳавзаҳои федеролии Русия табдил дода шаванд, зиддиқонунист ва бар пояи созишномаи ҳуқуқии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ҳар шаҳрванди ин қаламрав ҳақ дорад, ӯро ба додгоҳ кашонад.

Аскар Каймаковро ҳамчунин изҳороти дигари Жириновский водор ба амал карда, ки гуфта буд, дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ танҳо миллати рус қаҳрамонӣ нишон дод ва намояндагони миллатҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ дар ақибгоҳ машғул буданд. Каймаков меафзояд: «Ҳама медонанд, ки ин як тӯҳмат аст. Ду бобои ман дар ин ҷанг аз аввал то охир ширкат карда, яке аз онҳо аз захмҳои сангини ҷанг ба ҳалокат расидааст. Дувумӣ корманди Акедмияи улуми Қазоқистон буд ва «брони сталинӣ» дошту метавонист, ба ҷанг наравад. Аммо довталабона ба ҷанг рафт ва аз муҳорибаи Маскав то озодкунии Берлин ширкат дошт. Ҳамин гуна намяондагони ҳамаи миллатҳо, чӣ украину озарбойҷонӣ, тоҷику қирғиз, ӯзбаку курд дар ин ҷанг қаҳрамониҳо кардаанд.»

Аризаи аввалини Каймаков ба унвони додситонии кулли Русия дар моҳи марти соли 2014 фиристода шудааст. Додситонӣ аризаро ба Кумитаи тафтишоти Русия фиристод, ки қарор кард, дар амалкарди Жириновсикй ҷиноят дида намешавад. Вале Каймаков мегӯяд, изҳороти аввали ӯ агар даъват ба ҷанг бошад, баёнияи дигараш ангехтани хусумати байнимиллист. Аммо Кумитаи тафтишоти Русия барои мушаххас кардани таркиби ҷиноят ташхиси забоншиносии додгоҳӣ нагузарондааст ва маълум нест, дар асоси кадом таҳқиқ ба чунин натиҷа расидааст.

Ҳоло шикояти навбатии Аскар Каймаков кумитаи Думаи давлатиро водор кардааст, ки ба қазия расидагӣ кунад. Ҳуқуқшинос мегӯяд: «Агар мақомоти Русия Жириновскийро беҷазо гузоранд, пас рӯшан мешавад, худ тарафдори чунин баёнияҳои ӯянд. Вале агар худро як давлати ҳуқуқбунёд медонанд, вай бояд ҳатман ба ҷазо кашонда шавад.»

Каймаков эътироф мекунад, ки Жириновский аз оғози роҳи сиёсияш бо баёнияҳои ғалатияш шӯҳрат ёфтааст ва бисёриҳо ӯро ҳамчун як «масхарабози Кремл» ҷиддӣ намегиранд. Пас чаро Камаков сарсахтона кори худро давом медиҳад? Вай дар посух мегӯяд: «Агар Жириновский як шаҳрванди қатории Русия мебуд, ман бо ӯ кордор намешудам. Ҳар қавму миллат афроди ҳарзагӯе дорад, ки дар кӯчаҳо чизе аз даҳонашон ояд мегӯянд. Аммо Жириновский шахси расмист. Вай муовини раиси Думаи давлатӣ буд. Вай раҳбари як ташаккули сиёсист ва ба камияш аз номи ин созмон, ба бешаш аз номи Дума, аз номи мардум ва аз номи Русия ҳарф мезанад. Вай шахси расмии давлатист. Ва ҳадафи ман ҳам аз шикоят рӯшан кардани ин аст, ки оё суханони ӯ мавзеъгирии расмии Русияро нишон медиҳанд ё як бефаросатии як вакил аст, ки барои ин бояд ҷавоб диҳад. Ё мақомоти расмии Русия баёнияи ӯро рад кунанд.»

То ҳол кам иттифоқ афтодааст, ки вазорати умури хориҷӣ ё Думаи давлатии Русия роҷеъ ба ин ё он изҳороти Жириновский паёми қавие дода бошад. Пас аз изҳороти ӯ зидди истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон порлумонҳои Қазоқистон ва Қирғизистон ӯро аз ҳаққи сафар ба кишварҳои худ маҳрум карданд, аммо се давлати дигар сукут варзианд. Ин изҳорот дар пасманзари рӯйдодҳои Украина ва ишғол шудани Қрим аз тарафи Русия садо дода буд.

Сайёфи Мизроб
Сайёфи Мизроб

Журналисти тоҷик Сайёфи Мирзоб ёдовар мешавад, ки ҳанӯз солҳо пеш аз ин воқеа Жириновский ҳамеша шиор мезад, ки Қрим моли Русия аст: «Ман фикр мекунам, ин ҷаноб на масхарабози дарбори Кремл, балки «баландгӯяк»-и он аст. Чизе, ки Путин дар сар дорад, Жириновский ба забон меорад ва чизеро, ки Жириновский мегӯяд, баъдан Путин ба иҷро мерасонад. Осеби баёнияҳои ӯ хеле бузург аст. Вай хусумату душманиро ба мағзи русҳо ҷой мекунад ва вақте ки ҷавонони рус муҳоҷири тоҷикро сар мебуранд, бояд Жириновский ва сиёсатмадорони шабеҳи ӯ барои ин ҷавоб диҳанд. Сукут варзидани порлумон, ҳукумат, аҳзоби сиёсӣ ва ҳуқуқшиносони мо дар баробари баёнияҳои ӯ дуруст нест ва аз ҳама гуна эътироз ба ӯ ман, шахсан, истиқбол мекунам. Зеро ин эътироз ё ҳақталошӣ аз баёния ва амалҳои тунди баъдӣ пешгирӣ мекунад.»

Тоҷикистон дар гузашта ба камияш як дафъа ба изҳороти Жириновский эътироз кардааст. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2013 он изҳороти Жириновскийро маҳкум карда буд, ки мегуфт: "Исломгароёни толиб Тоҷикистонро зери по хоҳанд кард ва Эмомалӣ Раҳмонро дар маркази Душанбе мисли Наҷибуллоҳ ба дор хоҳанд кашид." Изҳороти баъдии Жириновский зидди истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар моҳи феврали соли 2014 низ порлумони Тоҷикистонро ба хашм овард, аммо ин бор вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Кремл нота нафиристод.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон Абулфайз Атоев мегӯяд: «Мавқеи мо ин аст, ки ба ҳар баёнияи чунин афрод, ки аз лиҳози равонӣ солим будани онҳо зери суол аст, посух надиҳем. Мо баёнияҳои ӯро ҷиддӣ намегирем.»

XS
SM
MD
LG