Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия: Беш аз 70 нафар дар ҳамлаҳои ҳавоӣ кушта шуданд


Рӯзи якшанбе беш аз 70 нафар дар ҳамлаҳои ҳавоии вилояти Идлиб, воқеъ дар шимоли Сурия, ки таҳти назорати мухолифини мусаллаҳ қарор дорад, қурбон шуданд. Биноба гуфтаи гурӯҳи нозирони нақзи ҳуқуқи башари Сурия, мақари он дар Лондон, 38 нафар дар шаҳри Маарат ал-Нӯъмон кушта шуданд.

Ҳамлаҳои ҳавоиро ба Идлиб ҳам нерӯҳои ҳавоии ҳукумати Сурия ва ҳам ҳавопаймоҳои Русия анҷом медиҳанд.

Ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматӣ ва шарикони он ба қисмтаи шарқии шаҳри таҳти назорати мухолифини мусаллаҳ- Ҳалаб идома дорад. Дар ҷараёни рӯзи якшанбе ва ҳамчунин шаби душанбе нерӯҳои Башор Асад дар ин минтақа якчанд ноҳияро ишғол карданд. Биноба маълумотҳо аз оғози ҳамла ба Ҳалаб, миёнаҳои моҳи нобяр, артиши Сурия аз се ду ҳиссаи қаламрави Ҳалабро, ки қаблан таҳти назорати мухолифин қарор доштанд, бозпас гирифтааст. Теъдоди аҳолии мулкӣ, ки аз манотиқи ҷангзада фирор кардаанд, 50 ҳазор гуфта мешавад. Даҳҳо ҳазори дигар дар муҳосира қарор доранд. Созмонҳои ҳуқуқи башар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардаанд, ки ба шарқи Ҳалаб кӯмак ва ба хатми даргириҳо дар ин минтақа мусоидат кунанд.

XS
SM
MD
LG