Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми додгоҳ барои даъвати ба Русия ҳамроҳ кардани Қазоқистон


Дар интизории ҳукми додгоҳ дар Алмато.

Дар интизории ҳукми додгоҳ дар Алмато.

Додгоҳ дар Қазоқистон як зани рустабори ин кишварро барои даъваташ, ки Қазоқистон бахше аз Русия шавад, ба ангехтани нафрати қавмӣ айбдор кард.

Додгоҳи Алмато шаҳрванди Қазоқистон Татяна Шевтсова-Валоваро ба ангехтани бадбинии қавмӣ айбдор ва ба 4 соли шартии зиндон маҳкум кард.

Муфаттишон мегӯянд, Шевтсова-Валова дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook қазоқҳоро “чурки” номида, гуфтааст, ки Қазоқистон низ мисли Қрим бояд бахше аз Русия шавад. Вожаи тавҳиномези “чурка” ё “кунда” аз тарафи русҳо асосан нисбати намояндагони қавмҳои ғайриславянии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз истифода мешавад ва Русия соли гузашта Қримро, ки қаламрави Украина буд, ба марзи худ ҳамроҳ кард. Ишғоли Қрим норозигии Украина ва зиёда аз 100 кишвари ҷаҳонро ба миён овард.

Ин амалкарди Маскав ва ҳимояти он аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина, ки ҷанг ва ҳалокати 6000 нафар кашонд, бисёре аз ҳамсоягони Русияро нигарон кард. Ба вижа онҳоеро, ки дар қаламравашон рустаборон ё шаҳрвандони Русия зиёданд.

Қазоқистон яке аз чунин кишварҳост. 25 дарсади 17 миллион нафар аҳолии онро рустаборон ташкил медиҳанд. Марзи минтақаҳои шимолии он дар давраи подшоҳии Русия ва замони Шӯравӣ борҳо тағйир дода шудаанд. Ҳоло Қазоқистон аз ҳампаймонҳои наздики Русия аст ва аз талоши президенти Русия Владимир Путин ба бунёди як СССР-и кӯчак бо номи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё пуштибонӣ мекунад. Марзи Қазоқистон бо Русия дарозтарин сарҳад дар Авруосиё буда, 7 ҳазор километр аст ва чандин бахши он расман таъину аломатгузорӣ нашудаанд.

Дар поёни солҳои 1980 ва аввали 1990, дар ҳоле ки Иттиҳоди Шӯравӣ ба фурӯпошӣ наздик омада буд, гурӯҳҳои қавмгарои рус ҳам дар Қазоқистон ва ҳам дар Русия борҳо талаб кардаанд, ки барои ба Русия ҳамроҳ кардани бархе аз қаламравҳои Қазоқистон референдум баргузор гардад.

Ҳамроҳ бо низои Украина ва шиорҳои ватанхоҳии Путин дар Қазоқистон ҳароси он бештар мешавад, ки шояд Маскав нисбати қаламравҳои шимолии он нақшае дошта бошад.

Путин дар як ҳамоиши ҷавонон дар моҳи августи соли гузашта гуфта буд, ки Қазоқистон ҳамчун давлат вуҷуд надошт ва президенти он Нурсултон Назарбоев ин давлатро сохт. Моҳи декабри соли гузашта Назарбоев дар паёмаи табрикияш ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Қазоқистон гуфт, озодии кишвараш натиҷаи талоши ниёкон, хуну арақи ҷабини онҳост ва “ҳар як қазоқ бояд то охирин қатраи хунаш аз Қазоқистон дифоъ кунад.” Вай афзуд, кишвараш дар соли 2015 550-солагии хонигарии қазоқ – гурӯҳи қабилаҳои муғулӣ ва туркиро, ки аз тарафи ду хони қазоқ муттаҳид шуданд ва давлат сохтанд, ҷашн хоҳад гирифт.

Баррасии парвандаи Татяна Шевтсова-Валова дар чуин пасманзар ба вуқӯъ пайваст. Ҳамчунин рӯзи 15-уми декабр дар Остона як шаҳрванди Қазоқистон Евгений Вдовенко барои ҳамроҳ шуданаш ба ҷудоихоҳони шарқи Украина ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд. Ҳукм дар рӯзҳое бароварда шуд, ки сарвазири Русия, Дмитрий Медведев барои ширкат дар ҷаласаи сарони кишварҳои узв дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Остона омада буд.

Нурсултон Назарбоев аз замони сарварияш ба Ҳизби коммунисти Қазоқистон дар соли 1989 ба ин сӯ раҳбари Қазоқистон аст ва моҳи гузашта эълон кард, ки дар интихоботи президентӣ ширкат хоҳад кард. Ин интихобот мебоист соли 2016 баргузор мешуд, вале бо пешниҳоди ӯ ва ҳимояти порлумони Қазоқистон ба 26-уми апрел таъин гашт.

XS
SM
MD
LG