Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каюмарси Ато журналисти сол шуд


Каюмарси Ато.
Каюмарси Ато.

Ҳафтаномаи “Нигоҳ” дар як пурсиш cармуҳаррири пешини хабаргузории "Озодагон" ва муҳаррири феълии сомонаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Каюмарси Аторо “Журналисти сол” эълон кард.

Муҳаррири сомонаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ва собиқ сармуҳаррири хабаргузории "Озодагон" Каюмарси Ато аз сӯи ҳафтаномаи мустақили "Нигоҳ" “Журналисти сол” эълом шуд. Ин назарпурсӣ аз сӯи ин нашрия ҳамасола дар остонаи ҷашни Наврӯз гузаронда мешавад.

Фаридуни Раҳнавард, муҳаррири ҳафтаномаи “Нигоҳ” рӯзи 18 март ба Радиои Озодӣ гуфт, бар пояи назарпурсӣ миёни 15 тан аз сармуҳаррирони расонаҳои мустақил ва давлатӣ, аксарият ба пуштибонӣ аз Каюмарси Ато ҳамчун "Журналисти сол" раъй доданд. Фаридуни Раҳнавард афзуд, шакли пурраи ин пурсиш дар саҳифаи ин ҳафтанома нашр шудааст. Каюмарси Ато 30 сол дошта, қаблан дар нашрияҳои "Нерӯи сухан", "Рӯзи нав", "Ҷавонони Тоҷикистон" ва "Пайки олимпӣ" кор кардааст.

Бар асоси ин назарпурсии "Нигоҳ", зиндаёд Суҳроб Шарифов, вакили собиқи Маҷлиси намояндагон ва раҳбари пешини Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон “Сиёсатмадори сол”, Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси маҳкумшудаи тоҷик “Адвокати сол”, Ҳасан Асадуллозода - “Бонкдори сол”, Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, рӯҳонии маъруфи тоҷик - “Рӯҳонии сол”, Гулрухсори Сафӣ, шоираи маъруфи тоҷик - “Адиби сол”, Дилшод Назаров - “Варзишгари сол”, Ҷӯрабек Муродов - “Сарояндаи сол”, Санавбар Абдуллоева - “Соҳибкори сол”, Аловуддин Абдуллоев - “Ҳунарманди сол”, Носир Саидов - “Коргардони сол” ва Шералишоҳ Кабиров - “Менеҷери сол” эълон шудаанд.

Тибқи ин назарсанҷӣ раиси тозатаъйини Оҷонсии мубориза бо фасод - Рустами Эмомалӣ "Мансабдори сол" ва раҳбари гурӯҳи мамнӯи "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватов, ки авоили моҳи ҷорӣ дар Истанбул кушта шуд, "Оппозитсионери сол" эълон шудаанд.

XS
SM
MD
LG