Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико интиқоли қудрат ба афғонҳоро суръат мебахшад


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон (чап) бо ҳамроҳии Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико (рост)

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон (чап) бо ҳамроҳии Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико (рост)

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, мегӯяд, нерӯҳои амрикоӣ интиқоли масъулиятҳои амниятӣ ба артиши афғонро суръат мебахшанд.

Шоми ҷумъа, 11-уми январ, дар поёни музокирот бо президенти Афғонистон Ҳомид Карзай дар шаҳри Вашингтон президент Обама гуфт, интиқоли масъулиятҳои амниятӣ ба артиши афғон тезонида мешавад ва чанд моҳ пеш аз нақша, яъне дар баҳори соли равон ба вуқӯъ хоҳад пайваст:

Обама гуфт, “он чизе, ки баҳори соли равон ба амал хоҳад омад, ин аст, ки афғонҳо дар саросари кишвар ба нерӯи пешбаранда табдил меёбанд. Ин маънии онро надорад, ки аз ин ба баъд нерӯҳои амрикоӣ ва эътилоф дар ҷангҳо ширкат намеварзанд. Онҳо ҳамроҳ бо нерӯҳои афғон хоҳанд буд. Яъне, нерӯҳои афғон нақши асосиро бар дӯш мегиранд. Табиати ҳузури мо тағйир меёбад. Мо нақши тамриндиҳанда, кӯмакрасон ва мушовирро бар дӯш мегирем.”

Қаблан низомиёни Амрико барнома доштанд, ки интиқоли қудрат ба артиши афғонро дар тобистони соли равон оғоз намоянд. Нерӯҳои байналмилалӣ то охири соли 2014 аз Афғонистон берун хоҳанд шуд, вале гуфта мешавад, баъд аз он ҳам Амрико шуморе аз сарбозонашро дар Афғонистон нигаҳ хоҳад дошт. Президенти Амрико дар бораи шумораи сарбозоне, ки баъд аз соли 2014 дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд, чизе нагуфта, ҳамин қадар ишора кард, ки дар музокирот эҳтимоли ҳузури сарбозони амрикоӣ баъди соли 2014 баҳс шуд.

Тибқи баъзе гузоришҳо аз Вашингтон, маъмурияти президент Обама имкони нигаҳдории аз 6 то 15 ҳазор сарбози амрикоӣ дар Афғонистонро баррасӣ мекунад, ки баъди соли 2014 онҳо бо тамрин ва кумак ба артиши афғон машғул хоҳанд буд. Дар ҳамин ҳол баъзе мансабдорони амрикоӣ пешниҳод доранд, ки то охири соли 2014 тамоми сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон берун шаванд.

Дар нишасти муштарак президенти Афғонистон Ҳомид Карзай изҳор намуд, ки ду раҳбар интихоботи ояндаи президенти Афғонистонро, ки соли 2014 доир хоҳад шуд ва ҳамчунон раванди сулҳ бо Толибонро арзёбӣ кардаанд. Президенти Афғонистон гуфт: “Мо мувофиқат кардем, ки ба ифтитоҳи идораи Толибон дар шаҳри Доҳаи Қатар иҷозат диҳем, то Толибон имкон дошта бошанд, бо Шӯрои олии сулҳи афғон мустақиман тамос гиранд. Мо аз кишварҳои ҳамсоя ва аз ҷумла Покистон кӯмак интизор хоҳем дошт.”

Ба қавли Карзай президенти Амрико ризоият дод, ки назорати маҳбасҳои Афғонистонро ба нерӯҳои афғон таслим намояд. Президент Карзай изҳор намуд, дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2014 ширкат намеварзад ва имкон медиҳад, ки дар Афғонистон президенти нав интихоб шавад.
Коршиносон мегӯянд, эҳтимол ин муҳимтарин сафари Ҳомид Карзай ба Вашингтон дар давоми беш аз даҳ соли раёсатҷумҳурии ӯ бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG