Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афғонистон: баҳсҳо перомуни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ


Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон, изҳор намуд, ки то интихоботи нави раёсати ҷумҳурӣ дар мақомаш боқӣ хоҳад монд.

Раҳбари Афғонистон дар як суҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Кобул гуфт, ки ӯ тасмими Кумисиюни интихобот барои 20-уми августи соли ҷорӣ баргузор шудани ин маъракаи сиёсиро қабул дорад. Ҳамзамон Ҳомид Карзай ба он нукта ишора кард, ки, агар мақомоти интихоботии Афғонистон, тибқи Қонуни асосии кишвар, ин маъракаро 30 ва ё 60 рӯз қабл аз хатми муҳлати ваколати раисҷумҳури амалкунанда доир кунанд, ӯ мухолифате нахоҳад кард.

Муҳлати раёсати Ҳомиди Карзай бар Афғонистон 21-уми май поён меёбад. Ҳомиди Карзай таъкид намуд: “Ман ҳардуро қабул дорам – ҳам тасмим тибқи Қонуни асосӣ ва ҳам тасмим дар пояи ризояти миллиро. Ва ба мустақилияти Кумисиюни интихобот ҳам арҷ мегузорам, ки акнун аз сӯи бархе аз номзадҳо низ чун кумисиюни интихоботии мустақил эътироф шудааст ва ин барои мо хабари хуш аст”.

Ҳамзамон Ҳомид Карзай изҳор намуд, ки то интихоботи нави раёсати ҷумҳурӣ дар мақомаш боқӣ хоҳад монд. Ӯ талаби рақибони сиёсии худ барои тарки маснад баъд аз поёни ваколаташ дар моҳи май ва дар ихтиёри ҳукумати интиқолӣ гузоштани раёсати кишвар дар давраи аз моҳи май то моҳи август, яъне то интихоботи нави президентиро рад кард. Ҳ. Карзай инчунин гуфт, ки музокирот ва машваратҳо дар мавриди то куҷо қонунӣ будани раёсаташ дар давраи аз моҳи май то моҳи августро идома хоҳад дод.

Санаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон моҳҳои гузашта мавриди баҳсҳои шадиди сиёсӣ гардид. Кумисиюни интихоботӣ бо ишора ба мушкилоти амниятӣ ва вазъи обу ҳаво тасмим гирифт, ки ин маъракаро моҳи август баргузор кунад. Аммо, дар ҳамин ҳол, мухолифини ҳукумат ин санаро қабул накарданд ва гуфтанд, ки Карзайро баъд аз хатми ваколаташ дар моҳи май ҳамчун раисҷумҳури Афғонистон қабул нахоҳанд дошт.

Ҳафтаи гузашта Ҳ. Карзай ба Кумисиюни интихобот пешниҳод кард, ки интихоботро моҳи апрел, яъне қабл аз хатми муҳлати ваколати раисҷумҳурии феълӣ доир намояд. Дар ин ҳолат, ба гуфтаи ӯ, ягон меъёри Қонуни асосӣ поймол намешавад. Вале ин пешниҳод ба вокуниши шадиди дигар номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раисҷумҳур рӯбарӯ гардид: онҳо иддаъо намуданд, ки барои баргузории маъракаи қабл аз интихоботӣ вақти кофӣ нахоҳанд дошт.

Бисёриҳо дар Афғонистон баргузории интихобот дар моҳи апрелро ғайри қобили қабул мехонанд, зеро дар ин давра кӯҳистони кишвар ҳанӯз сербарф аст ва ин дар роҳи тақсими баргаҳои раъй ва доир кардани маъракаи таблиғотии номзадҳо мониъа эҷод мекунад. Аз нигоҳи Кумисиюни интихоботӣ, баргузории интихобот дар моҳи август – ахири тобистон – ба артиши Афғонистон ва нерӯҳои байнулмилалӣ имкон медиҳад, ки ошӯби мусаллаҳони «Толибон»-ро саркӯб намоянд ва барои раъйдиҳӣ шароити беҳтари амниятӣ фароҳам оваранд.
XS
SM
MD
LG