Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай гуфт, соли оянда аз мақомаш истеъфо медиҳад


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон дар ҷараёни сафараш ба Амрико

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон дар ҷараёни сафараш ба Амрико

Ҳомид Карзай дар ҷараёни сафараш ба Амрико гуфт, соли оянда аз мақомаш истеъфо дода, роҳро барои нафари дигар боз хоҳад кард.

Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомиди Карзай, изҳор намуд, ки соли 2014, дар поёни давраи дуюми раёсатҷумҳуриаш, ба истеъфо рафта, имкон медиҳад, дар Афғонистон президенти нав интихоб шавад.

Рӯзи ҷумъа дар нишасти матбуотии муштарак бо президенти Амрико Барак Обама дар шаҳри Вашингтон, Ҳомид Карзай гуфт, бузургтарин дастоварди ӯ ташкили интихоботи хубу бидуни дахолат хоҳад буд, ки дар он мардуми афғон президенти нави ин кишварро интихоб кунанд.

Ҳомид Карзай дар соли 2002, баъд аз фурӯпошии ҳукумати Толибон, сари қудрат омада, беш аз даҳ сол инҷониб бо пуштибонии Иёлоти Муттаҳида Афғонистонро сарварӣ мекунад. Ӯ дар интихоботи президентии соли 2004 ва 2009 дастболо шудааст. Дар интихоботи соли 2009 айбномаҳои тақаллуб хеле зиёд буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG