Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: "Афғонҳо дар ҷанге кушта шуданд, ки аз онҳо набуд"


Раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки афғонҳо дар ҷанге кушта шудаанд, ки аз онҳо набуд.

Ҳомид Карзай дар мусоҳибае, ки рӯзи якшанбе дар рӯзномаи "Wаshington Post" нашр шуд, гуфтааст, ҷанг дар Афғонистон бо дарназар доштани манфиатҳои ин кишвар сурат нагирифта ва ӯ мутмаин аст, ин ҷанги беш аз 12-сола, ки тӯлонитарин ҷанги таърихи Амрико ба шумор меояд ва баъд аз ҳамлаҳои 11-и сентябри соли 2001 оғоз шуд, ба хотири амнияти Амрико ва манфиатҳои Вошингтон будааст.

Ба навиштаи хабаргузории "Ройтерз", худдории Карзай аз имзои созишномаи амниятӣ ва дифоӣ бо Амрико, ки ба нерӯҳои хориҷӣ иҷозаи ҳузур дар Афғонистон пас аз соли 2014-ро медиҳад, Қасри Сафедро ноумед кардааст. Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико ба вазорати дифои он кишвар дастур додааст, то барномаи хуруҷи нерӯҳои он кишвар аз Афғонистон бо эҳтимоли он ки баъд аз соли 2014 ҳеҷ аскари амрикоӣ дар он кишвар боқӣ намонадро омода кунанд.

Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико ин мавзӯъро рӯзи шанбеи гузашта дар як тамоси телефонӣ бо Ҳомид Карзай матраҳ кардааст. Ин нахустин сӯҳбати телефонии Барак Обама аз моҳи июни соли гузашта то кунун бо Ҳомид Карзай будааст. Қасри Сафед бо дарёфти мавқифи нави Кобул дар мавриди созишномаи амниятӣ ва дифоӣ бо Афғонистон гуфтааст, ки имкони имзои ин тавофуқномаро то авохии соли ҷорӣ боз мегузорад.

Ҳомид Карзай дар сӯҳбат бо рӯзномаи Вошингтон пост гуфтааст, "барои онҳо хуб хоҳад буд, агар ин тавофуқномаро бо ҷонишини ман имзо кунанд."
Дар ин мусоҳиба Ҳомид Карзай таъкид кардааст, ки қабл аз он ки ӯ тавофуқномаро имзо кунад, Амрико бояд музокироти сулҳо бо Толибонро оғоз кунад ва ҳамлаҳо ва ҷустуҷӯи хонаҳои афғонҳоро хотима диҳад.

Дар мусоҳиба оқои Карзай ҳамчунон дар мавриди қурбониёни ҷанг бо ранҷиш гуфтааст, ба ҷои деҳаҳои Афғонистон, Амрико бояд паноҳгоҳҳои Толибон дар Покиистонро ҳадаф қарор бидиҳад.

Карзай гуфтааст, интиқод аз Амрико ва муттаҳидонаш ягона роҳест, ки ӯ метавонад таваҷҷӯҳи Вошингтонро ба нигарониҳояш ҷалб кунад ва замоне, ки мусоҳибакунанда Ҳомид Карзайро гусел мекард, гуфтааст: "Маротиби супосгузорӣ ва таманниёти неки маро барои мардум Амрико ва хашму ғазаби шадидамро барои ҳукумати Амрико бирасонед."
XS
SM
MD
LG