Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: "Интихобот дар мӯҳлати муайяншуда баргузор мешавад"


Раҳбари Афғонистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ширкати навбатии ӯ дар интихобот "ғайришаръӣ" хоҳад буд.

Президенти Афғонистон, Ҳомиди Карзай, мегӯяд, интихоботи президентии ин кишвар тибқи барнома дар соли 2014-ум доир хоҳад шуд. Рӯзи чоршанбе, 3-юми октябр, дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Кобул Карзай гуфт, интихобот ҳатман доир мешавад ва тамдиди даври раёсатҷумҳурии ӯ амали ғайришаръӣ хоҳад шуд.

Раисиҷумҳури Афғонистон ҳар гуна овоза дар бораи кӯшиши дароз кардани муҳлати раёсатҷумҳуриаш тавассути вуруди тағйиру илова ба Қонуни асосии Афғонистонро бепоя хонд.

Карзай гуфт, ки интихоботи президентӣ дар мӯҳлати муайяншуда баргузор мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00
XS
SM
MD
LG