Пайвандҳои дастрасӣ

Бародари Карзай дар саҳнаи сиёсат. Хидмат ё ҳифзи оила?


Ҳомид Карзай бо падар ва бародаронаш

Ҳомид Карзай бо падар ва бародаронаш

Бародари раисиҷумҳури Афғонистон аз шаҳрвандии Амрико даст кашида, мехоҳад ба сиёсати бузург ворид шавад.

Маҳмуд Карзай, бародари раисиҷумҳури кунунии Афғонистон Ҳомид Карзай, рӯзи паншҷанбе (24-уми январ) ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ аз шаҳрвандии Амрико даст кашидааст, то дар сиёсати Афғонистон фаъол бошад. Ӯ гуфт, даъвои президентӣ надорад, вале мехоҳад, ки дар ҳукумат кор кунад.

Маҳмуд Карзайи 57-сола қабл аз бозгашт ба Афғонистон солҳои тӯлонӣ дар Иёлоти Муттаҳида соҳиби ресторан ё тарабхона будааст. Бо анҷоми даври ҳукмронии президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай, аъзои хонаводаи ӯ саъй доранд, мақому қудрат ва сарватеро, ки дар давоми беш аз даҳ соли раҳбарии ӯ касб кардаанд, аз даст надиҳанд. Ибтидои моҳи январ дар Вашингтон Ҳомиди Карзай гуфт, соли 2014 дар танзими интихоботи президентии Афғонистон саҳм мегирад, вале барои курсии президентӣ талош нахоҳад варзид.


Тахмину овозаҳо дар бораи талошҳои бародарони президент Карзай барои ишғоли курсии раёсатҷумҳурии Афғонистон чандин сол инҷониб идома доранд. Солҳои пеш Аҳмад Валӣ Карзай, ки корномаашро аз пешхидмати яке аз тарабхонаҳои шаҳри Чикаго шурӯъ намуда, то раиси Шӯрои вилоятии Қандаҳор ва сарвари қабилаи Попалзай расида буд, ҳамчун номзади асосӣ барои ишғоли курсии Карзай номида мешуд. Вале Аҳмад Валӣ Карзай, ки баъзан бо даст доштан дар фасод ва қочоқи маводи мухаддир муттаҳам буд, моҳи июни соли 2011 ба қатл расид. Баъд аз ин куштор Ҳомид Карзай бародари дигараш Шоҳ Валӣ Карзайро раҳбари қабилаи Попалзай таъин намуд.

Қайюм Карзай

Қайюм Карзай

Тобистони гузашта рӯзномаи Ню-Йорк Таймс иброз дошт, ки яке аз бародарони Ҳомид Карзай - Қайюм Карзай сайъ хоҳад кард, пас аз истеъфои бародараш курсии ӯро ишғол кунад. Ин рӯзнома ҳамчунон таъкид кард, ки ду бародари дигари президент Шоҳ Валӣ ва Маҳмуд якдигарро бо рабудани пули ширкат муттаҳам мекунанд. Аммо тобистони соли гузашта дар сӯҳбат бо телевизиони афғонии "Тулӯъ" Маҳмуд Карзай айбномаро беасос номид ва гуфт: "Ҷузъиёт аз ин қарор аст, ки байни оилаи мо қатъан муноқишаи шадид вуҷуд надорад. Чизе байни ману Шоҳ Валӣ бар сари мудирияти лоиҳа буд, ҳал шудааст ва ин мавзӯъ пушти сари мост."

Номи Маҳмуд Карзай дар робита бо несту нобудшавии наздик ба 900 миллион доллар аз ҳисобҳои Кобул банк ёд шудааст. Маҳмуд Карзай тибқи гузоришҳо 7 дарсади саҳмияҳои ин бонкро дар ихтиёр дошт. Аммо Маҳмуд Карзай ҳар гуна иттиҳоми шустушӯи пулро рад мекунад. Коршиносон тахмин мекунанд, ки ин пулҳо тавассути додугирифтҳои дохилӣ ба ҳисобҳои пинҳонӣ дар хориҷа интиқол ёфтаанд. Соли 2010 додгоҳи Ню-Йорк имкони саркашӣ аз супурдани андоз ва пулситонии Маҳмуд Карзайро, ки он замон шаҳрванди Амрико буд, шурӯъ намуд, вале то ҳол расман кадом айбномае матраҳ накардааст.

Дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ устоди улуми сиёсии донишгоҳи Кобул Форуқ Башор дар ин бора ки оё имкон дорад, президент Карзай ҳукуматро ба ворисаш супораду райъдиҳандагон онро бипазиранд, гуфт, "то замоне ки ба мардум иртибот мегирад ва тақаллубу хилофкорӣ набошад, на худи Карзай ва на кадоме аз наздиконаш имкон нахоҳанд дошт, ки баъд аз соли 2014 сари қудрат боқӣ монанд."

Аҳмад Валӣ Карзай

Аҳмад Валӣ Карзай

Радиои Озодӣ: Аммо дар интихоботи гузашта ҳам шикоят аз тақаллуб зиёд буд, вале ба натиҷаи интихобот таъсире нагузошту Ҳомид Карзай пирӯз эълон шуд...

Форуқ Башор: “Шумо шояд шунида бошед, ки НАТО интихоби дубораи Карзай ба курсии раёсатҷумҳуриро аз хатоҳои худ мешуморад. Вале, ба ҳар ҳол, агар таъсири нерӯҳои хориҷӣ ҳамоно боқӣ монад, имконе ҳаст, ки онҳо аз ҳамин гуна номзад пуштибонӣ кунанд, вале мардуми афғон фикр намекунам, ки аз ӯ дастгирӣ кунад.”

Раиси маркази бӯҳроншиносии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе Раҳматулло Абдуллоев ҳам мегӯяд, сарфи назар аз эътирози шадиди гурӯҳҳои сиёсии мухолифи ҳукумати президент Карзай, ба хусус гурӯҳҳои ғайрипаштун, раҳбари афғон метавонад бо кумаки кишварҳои ғарбӣ кадоме аз наздиконашро сари қудрат орад. Ба қавли шореҳи тоҷик чунин табодули қудрат натиҷаи хуб нахоҳад дод, зеро ҳаводиси кишварҳои Ховари Миёна маъруф бо номи “Баҳори Араб” нишон медиҳанд, ки ҳукуматдории сулолавӣ дар саросари дунё пуштибонии зиёд надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG