Пайвандҳои дастрасӣ

Рақси Ислом Каримов дар ҷашни Истиқлолият


Президенти Узбакистон Ислом Каримов дар ҷашни истиқлолияти кишвараш иштирок кард ва бо рақси худ ҳамаи гумонҳоро дар бораи маризу солманд буданаш аз байн бурд.

Шоми 31 август дар боғи миллии ба номи Алишери Навоии шаҳри Тошканд ҷашни Истиқлолияти Ӯзбакистон баргузор шуд ва дар он президент ин кишвар Ислом Каримов иштирок кард. Ин навбат низ раҳбари Узбакистон хеле рақсид ва меҳмонони дигарро низ ба рақс даъват кард.

24-умин солгарди Истиқлолияти Ӯзбакистон дар Тошканд рӯзи 31 август дар шароити тадбирҳои шадиди амниятӣ таҷлил шуд. Дар базмгоҳ – боғи милии шаҳри Тошканд ба номи Алишери Навоӣ тамоми раҳбарони ҷумҳурӣ, меҳмонони хориҷӣ ва фаъолони ҷамъиятӣ ширкат карданд. Дар ниҳояти ҷашн зери оҳанги маъруфи хоразмии “Қарагӯз” дар иҷрои бародарон Ғафур ва Ғулом Эшҷоновҳо президент Каримов дигар мунтазир нашуда, аз ҷояш баланд шуд ва ба рақс даромад. Ӯ баъдан ба нишастгоҳҳои қатори аввал фаромада меҳмононро бо ид табрик кард ва ва ба майдони рақс хонд.

Президент Каримов, ки 77 сол дорад, тавре нозирони бетараф мегӯянд, бо рақсҳои шоду масрураш, инчунин ба дигарон паём медиҳад, ки бардаму саломат ва сариҳол аст. Рақси Каримовро дар мазҳари ом аз ин пеш дар таҷлили ҷашни Наврӯзи соли 2014 дар ҳамин боғи милии Алишери Навоӣ намоиш дода буданд. Рӯзи 19 марти он сол дар ғояти хурсандӣ Каримов аз ҷояш баланд шуд, як зани миёнасолро оғӯш кашида, бӯсид ва хеле рақсид.

Ин хурсандии президентро он вақт бисёриҳо ҳамчун паёме аз саломативу ҳолу ҳавои президент қабул карданд, ки барои муддате аз мазҳари ом дур шуда буд. Ин нопадидшавии ӯ аз телевизиону маъракаҳои расмиву ҷамъиятӣ боиси пайдоиши овозаҳое дар бораи бад шудани саломатии ӯ гардид ва дубора баҳсҳоеро дар бораи нафари эҳтимолии ҷойгузини ӯ дар тахти президентӣ ба бор овард. Ӯзбакистон, ки дар аҳди Каримов ба як кишвари худкомаи яккаҳукмрон табдил шудааст, ҳамеша мавриди интиқоди фаъолони ҳуқуқи башар аст, ки мегӯянд, чунин вазъ дар сурати аз по афтодани раҳбараш ояндаи ин ҷумҳуриро норӯшан мекунад.

Вале худи президент бо суханронии имсолааш нишон дод, ки ин кишвар "имрӯзу фардои" хубе дорад. Вай гуфт, дар 24 соли истиқлолияти Ӯзбакистон некӯаҳволии мардум хеле беҳтар шуда, ба эътимоди ӯ, ин кишвар "дар миёни кишварҳои босуръат тараққикунанда ҷои 5-умро ишғол мекунад". Вай гуфт, ки бо вуҷуди бӯҳрони идомаёбандаи иқтисодӣ дар нуқоти дигари ҷаҳон, афзоиши суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 8 %-ро ташкил медиҳад.

Каримов ҳамчунин дар бораи мавқеи сиёсии кишвараш дар робита бо таҳаввулоти сиёии ҷаҳон сӯҳбат кард ва гуфт, ки Ӯзбакистон ҳеҷ гоҳ ба ягон ташаккули сиёсиву низомӣ ҳамроҳ намешавад ва иҷозат намедиҳад, ки дар қаламраваш кадом пойгоҳи низомии давлати хориҷӣ ҷои пой ёбад. Айни замон ӯ нагуфт, ки мақоми низомиёни олмонӣ дар қаламрави Ӯзбакистон, ки баъди шурӯи амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон дар соли 2001 вориди ин кишвар шудаанд, чист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG