Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳаракати Исломии Узбакистон худро масъули ҳамлаи Карочӣ донист


Ҳаракати исломии Узбакистон иддао кардааст, ки ҳамла ба фурудгоҳи байналмилалии Карочии Покистон дар чанд рӯзи пешро ин гурӯҳ анҷом додааст.

Ҳаракати исломии Узбакистон бо интишори як баёния масъулияти ҳамла ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Карочиро ба гардан гирифтааст. Ин гурӯҳ гуфтааст, ки ҳамаи даҳ ҳамлавар узви ин гурӯҳ будаанд. Агар ин изҳороти ҲИУ ҳақиқат дошта бошад, ҳамла ба фурудгоҳи Карочӣ бузургтарин амалиёти ин ҷунбиши ситезаҷӯ дар Покистон ба шумор хоҳад рафт.

Ин дар ҳолест, ки эҳтимол меравад, дар ҳамлаи мазкур чанд гурӯҳи ситезаҷӯён, ки байни худ эътилоф доранд, ширкат кардаанд, зеро қаблан масъулияти ин ҳамларо Ҳаракати Толибони Покистон бар дӯш гирифта буд.

Амалиёти низомӣ зидди ситезаҷӯён, ки ба пуриздиҳомтарин фурудгоҳи ин кишвар дар Карочӣ ҳуҷум бурданд, сапедадами 9-уми июн анҷом ёфт ва дастикам 26 нафарро кушта бар ҷой гузошта буд.

Ҷангиёни мусаллаҳ шаби 8-уми июн ба таври ҷудогона аз ду тараф ба фурудгоҳ ворид шуданд ва ҳамзамон ҳамлаеро оғоз карданд. Мақомоти нерӯҳои низомии Покистон он замон гуфта буданд, ки баъзе аз ҳамлагарҳо ба узбак монанд буданд. Сухангӯи артиши Покистон генерал Азим Баҷва гуфт, ки ин ҳамларо 10 нафар анҷом дод ва ҳамагӣ дар ҷараёни амалиёт кушта шуданд.

Ҳаракати исломии Узбакистон дар ҳоле, масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст, ки аз ин қабл, як масълули Ҳаракати Толибони Покистон дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигорони радиои "Машъал" -- бахши Покистонии радиои "Озодӣ" масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт ва гуфт, ки ин ҳамла посух ба марги раҳбари онҳо Ҳикматулло Меҳсуд аст, ки дар пайи ҳуҷуми ҳавопаймои бесарниши амрикоӣ кушта шуд.

Ҳуҷум ба фурудгоҳ дар ҳоле шурӯъ шуд, ки ҷангиён ба терминали қадимии фурдгоҳи Карочӣ ҳамла бурданд ва ба сӯи посбонҳои фурудгоҳ оташ кушоданд. Ин терминал, ки асосан барои интиқоли бор ва сафари мақомоти баландпоя истифода мешавад, дар лаҳзаҳои ҳуҷум тақрибан холӣ буд.

Аммо шӯълаи таркиши норинҷакҳо дар терминал дар торикии шаб аз дур намоён буд. Асим Баҷва иттилои хабаргузориҳоро, ки мегӯянд ҷангиён ду ҳавопаймои реактивиро дар фурудгоҳ аз кор баровардаанд, такзиб кард ва гуфт эҳтимолан онҳо шӯълаи оташсӯзиро дидаанд. Баъзе ҳавопаймоҳҳои ҳомили мусофирон муваққатан ба замин нишастанд, аммо мақомот мегӯянд, ки ҳеҷ кадоми онҳо ҳадафи ҳамла қарор нагирифта ва осебе надидааст.


Саид Саим Ризвӣ, як мусофири ҳавопаймои хатсайри Имороти Муттаҳидаи Араб, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ иҷборан ба фурудгоҳ баргашт, дар саҳифаи Твиттери худ навишт, ки нерӯҳои вежаи Покистон вориди ҳавопаймо шуданд. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле, ки садои таркишҳо ва тиру туфанг аз наздик ба гӯш мерасид, мусофирони дохили ҳавопаймо ваҳшатзада буданд.

Мақомот баъдтар гуфтанд, ҳамлаварон камарбанди маргталабӣ доштанд ва ҳар гоҳ ки амниятиҳо ба сӯи онҳо тир мекушоданд ин камрабандҳо мунфаҷир мешуданд. Ҳоло маълум нест, ки оё дар байни ин ҳуҷум ва ҳуҷуми маргталабонаи дигар дар ҷанубу ғарби Покистон, ки дастикам 23 мусалмони шиамазҳабро кушта бар ҷой гузоштааст, пайванде вуҷуд дорад ё хайр. Инҳо зоироне буданд, ки баъди зиёрат дар дар Машҳади Эрон ба ватан бармегаштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG