Пайвандҳои дастрасӣ

Сарнавишти корхонаҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон чӣ мешавад?


Бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Э.Раҳмон

Бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Э.Раҳмон

Хабари боздошти миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки даҳҳо миллион доллараш дар Тоҷикистон мечархид, ин суолро ба миён овардааст, ки сарнавишти дороӣ ва бизнесҳои ӯ дар Тоҷикистон чӣ хоҳад шуд?

Терминали марказии Душанбе ё автовокзали собиқ,ки ҳамеша пуродам буд, рӯзи 2-юми январ биёбони сокитеро мемонд ва дар ҳеҷ куҷои он нишоне аз автобус ё таксиҳои Asian Express дида намешуд. Ин марказро миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ сохта ва моҳи марти соли 2013 дар ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз карда буд.

Майдони сохтмони ҳипермаркет ё бузургтарин фурӯшгоҳ дар маҳаллаи Текстили Душанбе низ сокит аст ва техникаи бинокорӣ дар ин ҷо бекор истодааст. Посбони ин сохтмон номи Занҷониро нашунидааст ва гуфт, коргарон дар истироҳатанд. Таассуроти умумӣ ин аст, ки хабари ҳабси Занҷонӣ дар Эрон ба оташи пурҷӯшу хурӯши иншооти ӯ дар Душанбе оби сард рехтааст.



Аммо Далери Абдулло, сухангӯи «Конт-групп Тоҷикистон», яке аз ширкатҳои марбут ба Занҷонӣ, овозаҳои қатъи фаъолияти Asian Express Terminal - ро рад кард. Вай гуфт, таксиҳо ва автобусҳое, ки дар ихтиёри ин терминал ҳастанд, 15 рӯз қабл барои насби баллонҳои нави зимистона ба корхонаи таъмиру таҷдид дар Душанбе интиқол ёфтаанд, то ба шароити зимистон мутобиқ карда шаванд.

Дафтари Kont Bank дар Душанбе

Дафтари Kont Bank дар Душанбе

Далери Абдулло дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Бобаки Занҷонӣ яке аз асосгузорони «Kont Investment bank» буд, аммо бо тақозои иқтисоди бозорӣ тайи як соли ахир ҳайати саҳҳомони ширкат тағйир хӯрдаанд ва ҳоло миллиардери эронӣ дар сафи онҳо нест.

Сухангӯи «Конт-групп Тоҷикистон», афзуд, ҳоло боз як зерсохтори нави «Конт – групп Тоҷикистон» ба номи Asian Express Transport ташкил шуд, ки аз терминал ҷудо буда, фаъолияти таксиву автобусҳоро танзим хоҳад кард. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, терминалҳо ҳаққи интиқоли мусофиронро надоранд. Ва аз ин ба баъд Asian Express Terminal ба ҷуз автобусу таксиҳои Asian Express Transport ба мошинҳои дигар ширкатҳои нақлиётӣ ҳам хизмат хоҳад расонд.

Бино ба иттилоъи «Конт – групп Тоҷикистон», аз 200 сабукрави «КИА», ки қаблан аз оварданашон иттилоъ пахш шуда буд, 100 адад ва ҳам 40 сабукрави навъи «Тoйота» - и ҷадид вориди Тоҷикистон шуда, рӯзҳои наздик дар кӯчаҳои Душанбе ба ҳаракат хоҳанд даромад.

Бо он вуҷуд ки Бобаки Занҷонӣ аз сармоягузорони матраҳи Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва ҳам бо иттифоқи роҳбарияти олии ин кишвар дар ифтитоҳи чанд тарҳаш ширкат дошт, дар сӯҳбат бо «Озодӣ» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол, ҳамчунин вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шарҳи боздошти ӯ худдорӣ карданд. Далели онҳо ин буд, ки мунтазири ҳукми додгоҳи Эрон ва дигар додгоҳҳои байналмилалӣ хоҳанд нишаст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров хомӯшии мақомоти Тоҷикистонро «ғайримантиқӣ» арзёбӣ карда, мегӯяд, фаъолияти Занҷонӣ дар Тоҷикистон хилофи манофеи ин кишвар набуд: «Аммо дар умум ӯ як нақши пуртаззоде дошт. Аз як ҷониб, ӯ бо сохтани парки таксиву терминалу дигар корҳояш ба манфиати мардуми Тоҷикистон кор кард. Хабар доштам, ки бонкаш мехост бо фоизҳои паст қарз диҳад. Аз ҷониби дигар, бар инам, ки ӯро на Эрон, балки Амрико боздошт кард. Таври маълум, маҳз Амрико дунболи ӯву ширкатҳояш мегашт. Аммо ҳукумати Тоҷикистон, Бонки миллӣ бояд ба фаъолиятҳои ӯ баҳои воқеӣ диҳанд. Ӯ дуздӣ накард, сохт. Мардум кори ӯро диданд.»

Бобаки Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, рӯзи 30 декабр аз сӯи мақомоти амниятии Эрон бо гумони даст доштан дар сирқати 2 миллиард евро пули фурӯши нафти Эрон боздошт шуд. Вакилони парлумони Эрон қаблан гуфта буданд, ки Занҷонӣ 2 миллиарду 60 миллион доллари вазорати нафтро пардохт накарда, санади ҷаълиеро нишон додааст, ки гӯё аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дода шуда, пардохт шудани ин пул ба вазорати нафти Эронро тасдиқ мекунад. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 30 декабр ироаи чунин санадеро ба Бобаки Занҷонӣ рад кард ва гуфт, гувоҳиномаи бонк зоҳиран сохта аст.

Бобаки Занҷонӣ тайи 10 соли ахир ба яке аз сармоягузорони матраҳ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ӯро аз саҳҳомони аввалини «Конт- групп Тоҷикистон», ҳолдинги гуногунҷанбае меҳисобанд, ки ширкатҳои алоҳида, назири "Asian Express Terminal", «Конт – Таъминот», «Конт - Турист», "Asian Express Airline" ва «Конт – сохтмон» - ро муттаҳид мекунад.

Asian Express Airline ва «Kont Investment bank» дар рӯйхати ширкатҳое қарор доранд, ки аз сӯи Амрикову Аврупо таҳрим шудаанд. Бонки миллии Тоҷикистон аммо мегӯяд, ҳоло соҳибмулки ин бонк як шаҳрванди Туркия аст, на Занҷонӣ.

Бо ин вуҷуд, бино ба маълумони «Конт – групп Тоҷикистон», ин ҳолдинг то сентябри соли 2013 ҳудуди 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ, беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон сармоя гузошта, танҳо аз ҳисоби таъмиру таҷдиди терминали марказӣ 24 миллион сомонӣ андозу молиёт пардохт кардааст.

Бино ба иттилоъи ин манбаъ, танҳо барои таҷдиди терминали Душанбе 200 миллион сомонӣ харҷ шудааст ва «Конт – групп Тоҷикистон» бузургтарин ҳипермаркет дар Осиёи Марказиро ба маблағи беш аз 200 миллион сомонӣ дар Душанбе сохта истодааст, ки мебоист ҳудуди 3 ҳазор нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин кунад.

Аммо ин сохтмон ва ҳамчунин дар терминали автобусҳои Душанбе - яке дигар аз тарҳҳои пуриддаои Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон - баъди боздошти ӯ дар Эрон аз ҷӯш мондаанд ва зоҳиран чун мақомоти давлатии Тоҷикистон низ дида ба сӯи зиндони Эвини Теҳрон дӯхтаанд, ки сарнавишти ин миллиардерито ҳамагӣ як ҳафтаи пеш рақакми аввали Эронро ба куҷо хоҳад кашонд?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG