Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқимондаҳои Искандари Мақдунӣ дар ҳамсоягии мо?


Духтаре аз қавми калаш
Духтаре аз қавми калаш

Дар оғӯши силсилакӯҳҳои Ҳиндукуш, дар қисмати шимолуғарбии Покистон, қабилаи кӯчаке бо номи калаш ба сар мебарад, ки тoли садсолаҳо фарҳанги атиқии пеш аз исломиашро ҳифз кардааст.

Ин қавм бо пӯсти рангпарида аз мардуми дигари минтақа фарқ мекунад. Ривоятҳое вуҷуд доранд, ки ин қавмро боқимондаи аскарони юнониву македонӣ мехонананд. Аксароне, ки 2 ҳазор сол пеш таҳти парчами Александри бузург ё Искандари мақдунӣ дар ин сарзаминҳо қадам задаанд.

Сафар ба дарае, ки қавми калаш онро хонаи худ медонад, кори мардуми сустирода нест.

Агар шумо дар фасли баҳор ба ин дара сафар кунед, 10 соат аз роҳҳои яхбастаи пурхатар ҳаракат хоҳед кард. Сафар дар зимистон ғайриимкон аст. Дар тӯли ҳазорсолаҳо кӯҳҳои сарбафалак калашҳоро аз фарҳанги исломии Покистон дур нигаҳ доштанд.

Қавми калаш ҷашни солонаи баҳорро таҷлил мекунад.

Онҳо саҷда ба нерӯи табиат меоранд, эътиқод ба обу хоку офтоб доранд ва шаробсозҳои чирадаст ҳастанд. Рақсу таронаҳои онҳо ба аҷдодони гузаштаашон бахшида мешаванд. Онҳо рақс мекунанд, тарона месароянд ва ин ҳамаро ба аҷдодҳои гузаштаи хуб мебахшанд.

Аммо ин қавми атиқӣ дар тӯли асрҳо коҳиш ёфтааст. Ҳоло дар ин дараи касногузари кӯҳӣ дар Читрали Покистон танҳо 5 ҳазор намояндаи ин қавм боқӣ мондааст. Баъзе олимону таърихшинос ба ин боваранд, ки Калашҳо аз авлоди аскарони Искандари Мақдунианд, ки ҳазорсолаҳо пеш ба фатҳи минтақа омада буданд. Баъзеи дигар фарҳанги калашҳоро қадимитар аз замони Искандар медонанд.

Аломатҳои ин фарҳанги беназирро метавон дар қабристони онҳо мушоҳида кард: тобутҳои берун аз хок ва устухонҳое, ки ба табиат тақдим шудаанд. Бар пояи фарҳанги калашҳо, мурдаро бо ҳамаи дороиҳояш берун аз гӯр мемонданд.

Калашҳо аз дигаргунӣ эмин нестанд. Бисёре аз онҳо дини исломро пазируфтанд, бархеро ҳам бебизоатӣ аз кӯҳҳо ба водиҳо тела дод. Муноқишаи Покистон бо Толибон мушкилоти иқтисодиро густардатар кард.

Кӯҳҳои сарбафалаки Ҳиндукуш буданд, ки фарҳанги атиқии калашҳоро то имрӯз ҳифз карданд Таърихи пайдоиши ин қавм дар жарфнои асрҳо гум ва оядаи ин қавм номаълум аст.

Ҷашни баҳор ҳамроҳ бо қабилаи бостонии Калаш дар оғӯши Ҳиндукуш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00

XS
SM
MD
LG