Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоии ҷонибдорони шаҳрдори Ӯш


Рӯзи ҷумъа беш аз 2000 эътирозгар ба нишони пуштибонӣ аз шаҳрдори Ӯш Мелис Мирзоаҳмадов раҳпаймоӣ карда, ба вазири кори Қирғизистон, ки барои ором кардани ин издиҳом эъзом шудааст, ҳамла оварданд. Эътирозҳо дар Ӯш дар пайи бурузи сарусадоҳо дар мавриди барканор шудани Мирзоаҳмадов рӯзи дуввум аст, ки идома дорад.

Издиҳом рӯзи ҷумъа бозгашти ин мунаққиди ошкори ҳукумати марказиро бо нидои “Урра!” истиқбол гирифт. Мирзоаҳмадов дар баробари тазоҳургарон гуфт, ки мақомоти Бишкек бо талаби истеъфо аз мақоми шаҳрдорӣ ӯро барои 3 рӯз боздошт карданд, вале ӯ дар мақомаш хоҳад монд.

Эътирозгарон нимаи рӯз пароканда шуданд. Тибқи хабарҳои расида, дар ҷараёни гирдиҳамоӣ садҳо бошандагони ноҳияҳои Аравон ва Қаросӯи ин вилоят ба тарафдории Мелис Мирзоаҳмадов дар назди бинои шаҳрдорӣ ба эътирозгарон пайвастаанд.

Тазоҳуротгарон: Шаҳрдор набояд барканор шавад

Яке аз ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ мегӯяд, “Мирзоаҳмадов барои ободонии шаҳри Ӯш корҳои зиёд анҷом додааст ва ҳукумати муваққати Роза Отунбоева ҳақ надорад, ки ин гуна шаҳрдорро ба истеъфо фиристад».


Гулнора Қодиралиева, як сокини ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯш, мегӯяд, агар Мелис Мирзоаҳмадов ҷурме дошта бошад, президент Отунбоева бояд ҷурми ӯро дар назди мардуми кишвараш эълон кунад. Аммо, меафзояд ӯ, ҳукумат бо истеъфои Мирзоаҳмадов авзоъро ба ташаннуҷ рӯбарӯ карданист.

Аммо Фарид Ниёзов, раиси дафтари матбуоти дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон, иброз дошт, ки президент Роза Отунбоева барои барканор кардани Мелис Мирзоаҳмадов амре содир накардааст.

Мелис Мирзоаҳмадов 40 сол дошта, дар замони президентии Қурмонбек Боқиев аз ҳизби «Ақ жол» вакили парлумон интихоб шуд. Дертар ӯ раиси шаҳри Ӯш таъин гардид. Вай яке аз мухолифони вуруди мушовирони пулиси САҲА ба Қирғизистон мебошад.

Мелис Мирзоаҳмадов рӯзи панҷшанбе ба манзури мулоқот бо мақомоти ин созмони байналмилалӣ ба Бишкек омад, вале нерӯҳои махсуси зудамали вазорати дохила пеши роҳи ӯро гирифтанд. Баъди талоши муҳофизонаш шаҳрдори Ӯш аз ҳалқаи нерӯҳои интизомӣ берун рафт.

Мелис Мирзоаҳмадов, шаҳрдори Ӯш, гуфтааст, ҳукумати Роза Отунбаеваро эътироф намекунад
Шаҳрдори Ӯш ба нашрияи русии «Коммерсантъ» гуфтааст, ки ҳукумати муваққатии Роза Отунбоеваро эътироф намекунад ва амрҳои содиркардаи президенти кишвараш ягон пояи ҳуқуқиро соҳиб нестанд.

Ба навиштаи ин нашрия, Мирзоаҳмадов ҳамчунин узбактаборони Ӯшро дар таҷовуз ба истиқлолияти Қирғизистон муттаҳам кардааст. Ба таъкиди ӯ, баъди талошҳои зиёди шаҳрдорӣ барои қирғизҳову узбакҳои Ӯш дубора фазои ваҳдату ҳамгароӣ фароҳам оварда шуд.

Мелис Мирзоаҳмадов нимаи рӯзи ҷумъа баъди бозгашт аз Бишкек дар назди тарафдоронаш суханронӣ кард. Ӯро ноиби нахуствазир Азимбек Бекназаров ҳамроҳӣ дошт. Ба гуфти шаҳрдори Ӯш, дар Бишкек курсии чанд вазоратро барояш ваъда кардаанд, вале вай ба ин ваъдаҳо розӣ нашудааст. Вай афзуд, ки мақомоти кишвараш ба ҷои ҳалли мушкилот талош доранд, ки афроди барояшон номатлубро аз мақомҳояшон барканор кунанд.

Иддае аз намояндагони доираҳои сиёсии қирғиз ба истеъфо рафтани шаҳрдори Ӯш Мелис Мирзоаҳмадовро омили асосии барқарории субот дар вилояти Ӯш арзёбӣ кардаанд. Аз ҷумла Эдил Байсалов, раиси ҳизби «Айкӯл эл», гуфтааст, ки ба ҳукумати марказӣ итоат накардани шаҳрдори Ӯш ба якпорчагии Қирғизистон таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи Байсалов президент Отунбоева мебоист Мелис Мирзоаҳмадовро фавран аз мақомаш барканор мекард. Ба таъкиди раиси ҳизби «Айкӯл эл» агар перзидент баъди пахши изҳороти Мирзоаҳмадов низ вайро ба истеъфо нафиристад, эътимоди мардум ба ин ҳукумат зери суол қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG