Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул: "Покистон ба аксуламали низомӣ рӯбарӯ хоҳад шуд"


Вазорати умури хориҷии Афғонистон ҳушдор додааст, ки агар Покистон ба ҳамлаҳои мушакии худ дар минтақаҳои марзии вилояти Кунар поён надиҳад, дар ниҳоят ба аксуламали низомии Кобул рӯбарӯ хоҳад шуд.

Масъулони ин вазорат мегӯянд, дар ҳамин робита ёддоштҳое аз нигаронии ҳукумати Афғонистон дар хусуси идомаи ҳамлаҳои Покистон ба хоки Афғонистон ба сафорати Покистон ва Амрико ирсол гардидааст.

Шикеб Мустағнӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфтааст, дар яке аз ин ёддоштҳо аз Покистон тазоқо шудааст, то ҳар чӣ зудтар ҳамлаҳояш ба Афғонистонро мутаваққиф намояд: "Муносибтарин гузинаи барои посух гуфтан ба ин мушкил, талошҳо аз роҳи дипломатӣ аст, аммо гузинаҳои дигаре ҳам матраҳ аст ва омодагӣ ба посухи муносиб ба ҳамлаҳо, ки сурат мегирад, аз ҷониби давлати Афғонистон гирифта мешавад. Паҳлӯҳои ин масъала аз матраҳ кардани он дар сатҳи байналмилалӣ гирифта то посух ба таври муносиб аз тариқи сиёсӣ ва дипломатӣ ва иқтисодӣ ва дар ниҳоят посухи низомӣ аст."

Оқои Мустағнӣ гуфт, аз Амрико, ки паймони стратегӣ бо Афғонистон дорад, низ дархост шудааст то мавқифи худро дар мавриди ин ҳамлаҳо рӯшан намояд. Оқои Мустағнӣ афзуд, ба ҳамин далел, ҳафтаи гузашта вазорати умури хориҷии Афғонистон сафири Покистон дар Кобулро эҳзор кард ва нигаронии кишварашро ба ӯ расонид.

Ин нигарониҳо дар ҳоле матраҳ мешавад, ки дар оғози ҳамин ҳафта ду чархболи низомии Покистон минтақаҳои наздимарзии вулусволии Донгоми вилояти Кунар дар шарқи Афғонистонро бомбаборон карданд.Дар ин рӯйдод чаҳор тан кушта ва наздик ба бист тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳамлаҳои ахири Покистон ба Афғонистон аксуламали тунди аъзои парлумон ва мардуми он кишварро барангехтааст. Онҳо ингуна ҳамлаҳоро нақзи ҳокимияти миллӣ ва истиқлоли кишварашон дониста ва аз ҳукумати Афғонистон, Амрико ва Шӯрои амнияти СММ хостаанд то пеши ин мушакпартоиҳои Покистонро бигиранд.

Зубайр Шафиқӣ, коршиноси афғон дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, агар Амрико аксуламале дар робита ба ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавоии Покистон ба хоки Афғонистон нишон надиҳад, доштани паймони стратегӣ бо ин кишвар бемаъно хоҳад буд.

Бо он, ки Кобул ҳамвораи талош кардааст, ки аз роҳҳои дипломатӣ ба ҳамлаҳои мушакии Покистон ба хоки Афғонистон хотима диҳад, аммо мардум ва коршиносони афғон мегӯянд, ки ҳукумат дар ин кор муваффақ нашудааст ва ниёз ба таҷдиди назар дар амалкарди ояндааш дар ин хусус дорад. Онҳо таъкид доранд, то вақте ки афғонҳо дар баробари Покистон муттаҳидона қарор нагиранд, ин кишвар ба ҳамлаҳо ва мудохилаҳои худ дар умури Афғонистон идома хоҳад дод.
Тазоҳурот дар Кобул алайҳи ҳамлаҳои Покистон ба Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00
XS
SM
MD
LG