Пайвандҳои дастрасӣ

Кобул ба изҳороти Николай Бордюжа, ки гуфта буд, дар сурати зарурӣ кишварҳои узви СПАД нерӯҳояшонро дар се рӯз то марзи Тоҷикистону Афғонистон хоҳанд расонд, вокуниш нишон додааст.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, агар эҳсос шавад ба Тоҷикистон ҳамлае аз хоки онҳо сурат мегирад, аз ду ҷониб дастбакор хоҳанд шуд. Шафиқ Фазлӣ, фармондеҳи нерӯҳои сарҳадии вазорати умури дохилии Афғонистон, рӯзи 15 март ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо тафоҳум дорем, ки душмани шарики мо, душмани мост".

Ин вокуниши ҷониби Афғонистон ба изҳороти Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастҷамъист, ки рӯзи ҷумъа дар Душанбе гуфт, дар сурати зарурӣ нерӯҳои кишварҳои узви ин созмон то се рӯз ба марзи Тоҷикистону Афғонистон хоҳанд расид.

Нерӯҳои марзбонии вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯянд, ҳушдори СПАД дар робита ба амнияти сарҳад миёни ин кишвар ва Тоҷикистон, барои онҳо нигаронкунанда нест. Ба қавли онҳо, роҳандозии амалиёти панҷрӯзаи нерӯҳои амниятии афғон дар минтақаи Имом Соҳиб ва Даштии Арчии вилояти Қундуз то ҳоло муваффақ будааст ва мухолифони мусаллаҳро дар ин минтақа ба шикаст рӯбарӯ сохтааст.

Вале ба қавли Шафиқ Фазлӣ, ақте дар сарҳадот зарурат эҳсос шавад, дар он сурат мо мутобиқи барнома амалиёте, ки аз як ҷо раҳнамоӣ ва идора шавад, барномаҳо эҷод намуда ва амалиётро роҳандозӣ мекунем. Мухолифоне, ки дар он тарафи марз ҳастанд, он мутааллиқ ба онҳо аст. Агар мухолифон дар сарҳади мо бошанд ва онҳо ҳамла кунанд (манзур Тоҷикистон), дар он сурат қабл аз ҳамоҳангӣ, онҳо ҳамла карда наметавонанд."

Ин фармондеҳ илова кард, дар ҳоли ҳозир дар марзи миёни Афғонистон ва Тоҷикистон ҳеч мушкил вуҷуд надорад.

Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ шуд, ки Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД рӯзи ҷумъаи гузашта дар шаҳри Душанбе ҳушдор дод, агар даргириҳо дар минтақаи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон оғоз шавад, нерӯҳои низомии ин созмон метавонанд дар се рӯз дар ин минтақа ҳузур ёбанд. Вай дар нишасти хабарии 13 март дар Душанбе гуфт, нерӯҳои кишварҳои СПАД барои баргардонидани ҳама гуна ҳамлаҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон омодаанд.

Ӯ гуфт, Русия қасди таъсиси фронти 2-юм дар Тоҷикистонро надорад, аммо набояд гузошт, то суботу амният дар кишварҳои узви СПАД зери суол равад. Бордюжа бо таваҷҷӯҳ ба вазъ дар Афғонистон таъмини суботу амният дар кишварҳои узви СПАД-ро зарур хонд ва таъкид кард, ин созмон собит кардааст, таҷрибаи лозим барои муқобила бо ҳар гуна нооромиро дорад. Ба ҷузъ Тоҷикистон, Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви СПАД мебошанд.

Аз ин қабл, мақомоти дигари рус низ аз таҳдиди гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна ҳушдор дода буданд. Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия рӯзи 5-уми март зимни нишасти хабарӣ дар Маскав гуфта буд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон ҳузури фаъол дорад ва ба амнияти Тоҷикистон таҳдид мекунад. Пеш аз ин ҳам бархе аз мақомҳои тоҷик, афғон ва рус гуфта буданд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон ҷойгоҳ пайдо кардааст.

Дар моҳи декабри соли 2014 Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфта буд, ки ҷангиён гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз бархе вилоятҳои шимолии Афғонистон, Осиёи Марказиро таҳдид мекунад ва онҳо якҷо бо бархе аз гурӯҳҳои террористии номаълум талош доранд,ба Осиёи Миёна роҳ ёбанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам борҳо аз ҳузури ҷангиёни тоҷик дар сафҳои "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия ва ҳамчунин дар сафҳои Толибони Афғонистон хабар дода буданд. Тибқи иттилои мақомоти амниятии Тоҷикистон, беш аз 300 шаҳрвандони ин кишвар дар сафи ин гурӯҳ дар Сурия ва Ироқ меҷанганд. Ҳамчунин шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафҳои Ал-Қоида ва Толибон дар Афғонистон меҷанганд, аз сӯи нерӯҳои афғон боздошт шудаанд.

Вазорати дифои Тоҷикистон ҳам ахиран бо эълони “Ҷанги эҳтимолӣ” дар навоҳии марзӣ бо Афғонистон ва дар тамоми навоҳии вилояти Хатлон, як размоишро барои омодагии ниҳодҳои қудратӣ ва сокинони осоиштаи минтақа, ки ҷамъан 50 ҳазор нафарро дар бар гирифт, баргузор кард.

Аммо ҳоло вазорати умури дохилии Афғонистон итминон додааст, ки мухолифони мусаллаҳ дар аксар минтақаҳо аз сӯи нерӯҳои амниятии афғон шикаст хӯрдаанд ва тавони рӯёрӯи бо онҳоро надоранд. Дар ҳамин ҳол коршиносони минтақавӣ мегӯянд, то вақте Афғонистон барои анҷоми амалиётҳои низомӣ дар марз бо Тоҷикистон мувофиқат накунад, Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ наметавонад амалиётеро дар хоки Афғонистон бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ роҳандозӣ намояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG